Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чанг — асбоби мусиқии миллии тоҷикон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
"Барои гузаштагони мо мусиқиву санъат ҳунари воло ба шумор рафта, орзую омол ва андешаи мардум дар онҳо ба таври васеъ ифода меёбанд".
Эмомалӣ Раҳмон
  Чанг аз ҷумлаи созҳои мусиқиест, ки таърихи бисёр қадима дорад. Мувофиқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, шаклҳои қадимии он ҳанӯз дар тамаддуни Шумерҳо, дар ҳазорсолаҳои IV–III пеш аз милод, маълум будаанд. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик низ номи чанг борҳо ёдрас гардидааст. Дар асрҳои IX–X чанг дар муҳити фарҳангии мардуми эронитабор аз созҳои маҳбуб ба ҳисоб мерафт. Онро баъзан «арӯси сухан» низ меномиданд ва шоирону ҳофизон бо ҳамовозии он суруд мехонданд. Чанги анъанавӣ одатан танаи ҳамвори чӯбини трапетсияшакл дорад. Дар рӯйи тахтаи садодиҳанда сӯрохиҳои махсус барои баландтар ва равшантар паҳн шудани садо ҷойгир шудаанд. Торҳои металлӣ дар самти тулонӣ кашида шуда, ба мехҳои махсус васл мегарданд.
Дар намунаҳои анъанавӣ шумораи торҳо метавонад гуногун бошад. Манбаъҳои мусиқишиносӣ барои чанги тоҷикӣ 72 тор ва 72 гӯшак-ро низ зикр мекунанд. Бо рушди созсозӣ сохтори чанг такмил ёфта, навъҳои гуногуни он, аз ҷумла прима, тенор ва бас, ба вуҷуд омадаанд. Садои чанг тавассути зарбаҳои чӯбчаҳои махсус ба торҳо ҳосил мешавад. Овози он равшан, ҷарангосзан ва нисбатан тӯлонӣ буда, барои иҷрои оҳангҳои суннатӣ ва ансамблӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Чанг танҳо як асбоби мусиқӣ нест, балки яке аз намунаҳои ҳунари созтарошӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон мебошад. Дар Тоҷикистон он дар қатори дигар созҳои миллӣ — рубоб, дутор, танбур, сетор, ғижжак, най, сурнай, доира ва даф — дар ташаккули фарҳанги мусиқии миллӣ нақши муҳим доштааст.
Дар замони муосир низ чанг дар ансамблҳо ва оркестрҳои созҳои халқӣ истифода мешавад. Созсозони тоҷик дар асоси таҷрибаи анъанавӣ шаклҳои такмилёфтаи онро офарида, имкониятҳои садодиҳии ин асбобро васеъ намудаанд.
Имрӯз дар толори созҳои мусиқии Қалъаи таърихии Хуҷанд намунаҳои гуногуни созҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Дар ин толор зиёда аз 30 намуди асбобҳои мусиқӣ муаррифӣ мегарданд, ки яке аз онҳо ин чанг мебошад ва он яке аз намунаҳои муҳими фарҳанги мусиқии миллӣ ҷойгоҳи худро дорад.
Мавҷудияти чунин асбобҳо дар осорхона ба меҳмонон имкон медиҳад, ки на танҳо таърихи мусиқии тоҷикро омӯзанд, балки бо маҳорати созтарошӣ, истифодаи чӯб ва металл, усулҳои суннатии сохтани созҳо ва завқи эстетикии ҳунармандони гузашта шинос шаванд.
Ин андешаҳои фарҳангиву таърихӣ аҳамияти омӯзиш ва ҳифзи созҳои миллиро боз ҳам равшантар месозад.
 
Монат Баротова - роҳбалади МД МФТ
“Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЧанг — асбоби мусиқии миллии тоҷикон
Scroll to Top