Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Садои умр дар оҳангҳо

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар асл, Қалъаи таърихии Хуҷанд ҳамчун яке аз рамзҳои таъриху фарҳанги бостонии шаҳри Хуҷанд имрӯз на танҳо ёдгории нодири таърихӣ, балки макони муаррифии арзишҳои маънавӣ ва чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги тоҷик ба шумор меравад. Долони намоишии “Ҳунармандони машҳур”, ки дар он симои фарзандони маъруфи кишвар гирд оварда шудааст, барои шинохти саҳми онҳо дар рушди санъату ҳунар аҳамияти хос дорад. Дар қатори дигар ҳунармандони номвар дар ин долон акси оҳангсозу дирижёри маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Одилҷон Назаров низ ҷой гирифтааст.
Воқеан, шаҳри Хуҷанди бостонӣ, шаҳри таърих, фарҳанг ва ҳунар мебошад, ки зеро ин шаҳри қадима дар тӯли садсолаҳо чеҳраҳои зиёди маъруфи илму адаб, мусиқӣ. театр ва санъатро ба камол расонида, номи онҳоро дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги тоҷик абадӣ сабт кардааст. Имрӯз низ барои гиромидошти ин мероси гаронбаҳо дар Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гӯшаҳои фарҳангие ташкил шудаанд, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти фарзандони барӯманди кишвар бахшида шудаанд.
Яке аз чунин ҷойҳои ҷолиб долони намоишии “Ҳунармандони машҳур” мебошад. Дар ин долони мазкур дар қатори дигар чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу санъат акси яке аз фарзандони шинохтаи Хуҷанд , оҳангсоз ва дирижёри маъруф Одилҷон Назаров ба намоиш гузошта шудааст. Ин иқдом пеш аз ҳама, эҳтиром ба хотираи ҳунарманд ва арҷгузорӣ ба хизматҳои ӯ дар рушди мусиқӣ ва фарҳанги касбии тоҷик мебошад. Устод. Одилҷон Назаров , аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки умри худро ба мусиқӣ ва тарбияи аҳли ҳунар бахшидааст. Ӯ соли 1929 ба дунё омада, фаъолияти эҷодии худро дар муҳити фарҳангии Тоҷикистон идома додааст. Номи ӯ дар манбаъҳои фарҳангии кишвар ҳамчун дирижёр ва оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ёдоварӣ мешавад. Хизматҳои Одилҷон Назаров танҳо бо фаъолияти саҳнавӣ маҳдуд намешаванд, балки ӯ дар рушди санъати мусиқӣ, роҳбарии дастаҳои ҳунарӣ ва тарбияи насли нави мутрибону мусиқишиносон саҳми назаррас гузоштааст. Аз ҷумла, дар бораи муносибати устодона ва фаъолияти омӯзгории ӯ низ маълумотҳо мавҷуд мебошанд. Яке аз шогирдони ӯ Кенҷабой Норматов буда, дар манбаъҳои расмӣ зикр мешаванд, ки Одилҷон Назаров ӯро ба шогирдӣ қабул карда, дар роҳи касбии мусиқӣ ба ӯ роҳнамоӣ кардааст.
Соли 1960 ба устод, Одилҷон Назаров унвони Артисти халқии РСС Тоҷикистон дода шудааст. Ин унвон дар он давраи шӯравӣ барои шахсиятҳои барҷастаи соҳаи театр ва мусиқӣ, аз ҷумла оҳангсозон, дирижёрон, мутрибон ва дигар намояндагони санъат барои хизматҳои арзанда дар рушди фарҳанг дода мешуд.Лек, бо гузашти солҳо номи Одилҷон Назаров аз саҳнаҳои ҳунар дур нашуд. Баръакс он ба як қисми таърихи фарҳангии Хуҷанд ва Тоҷикистон табдил ёфт. Имрӯз дар маркази шаҳри Хуҷанд театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи устоди ҳунар Одилҷон Назаров гузошта шудааст. Ин номгузорӣ худ нишонаи эҳтиром ба шахсияти ӯ ва саҳмаш дар рушди санъати мусиқӣ ва театрии кишвар мебошад.
Аз ин ҷиҳат, дар долони намоишии “Ҳунармандони машҳур” ҷой гирифтани акси Одилҷон Назаров низ аҳамияти хос дорад. Акс дар чунин як фазои фарҳангӣ танҳо як тасвири чеҳраи таърихӣ нест, балки он метавонад барои насли имрӯз ҳамчун як равзана ба таърихи ҳунари миллӣ хизмат кунад. Ҳар бинандае, ки аз назди ин гӯшаи таърихӣ мегузарад, бо чеҳраи ҳунарманде рӯ ба рӯ мешавад, ки як умр барои рушди мусиқӣ ва фарҳанги касбии тоҷик заҳмат кашидааст. Зеро шиносоӣ бо зиндагӣ ва фаъолияти шахсиятҳои маъруф метавонад дар дили насли наврас эҳсоси эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба вуҷуд оварад.
Ҳамзамон, Қалъаи таърихии Хуҷанд бошад, барои чунин як намоишгоҳ муҳити муносиберо фароҳам меорад, ки худ як ёдгории муҳими таърихии шаҳри бостонӣ буда, пайванди гузашта ва имрӯзро таҷассум мекунад. Дар чунин муҳит чеҳраҳои маъруфи фарҳангӣ дубора ба хотири ҷомеа оварда мешаванд ва таърихи ҳунар аз насл ба насл интиқол меёбад. Дар радифи дигар ҳунармандони машҳур, ҷой гирифтани акси Одилҷон Назаров дар ин долони намоишӣ бозгӯи он аст, ки номи ӯ ҳанӯз ҳам дар хотири аҳли фарҳанг ва мардуми шаҳри Хуҷанд зинда аст.Ҳунарманде, ки садои умр дар оҳангҳоро ба забони эҳсосу маънавият табдил дода буд, имрӯз тавассути осор, шогирдон, муассисаҳои фарҳангӣ ва чунин гӯшаҳои ёдбуд ба зиндагии маънавии ҷомеа пайвандӣ дорад. Ва ҳар гоҳе ки чеҳраи ӯ дар миёни дигар ҳунармандони маъруф ба чашм мерасад, ба таври рамзӣ як паёмро ба насли имрӯз мерасонад, ки ҳунари ҳақиқӣ аз байн намеравад, балки аз насл ба насл мегузарад ва дар хотираи мардум ҳамеша ҷовидон мемонад.
 
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСадои умр дар оҳангҳо
Scroll to Top