Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шиносоии меҳмонони Минск бо таъриху фарҳанги Хуҷанд

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, мероси ниёгон ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон меҳмонон Виталий ва Диана Курило аз шаҳри Минск Ҷумҳурии Белорус аз Қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлии ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи маҷмааи таърихию фарҳангӣ Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов самимона хайру мақдам гуфта, онҳоро бо таърихи пурғановати қалъаи бостонии Хуҷанд ва нақши он дар таъриху тамаддуни мардуми тоҷик ошно намуд.
Сипас, меҳмонон бо роҳбаладии Шаҳноза Комилова аз толорҳои намоишии қалъа гузар ва боздид намуданд. Роҳбалад зимни сайри меҳмонон ба ҳар як толор маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба ашёи таърихӣ, намунаҳои фарҳанги моддӣ, осори нодир ва маводи ба намоиш гузошташуда маълумоти ҷолиб дод. Дар ҷараёни боздид меҳмонон ба толорҳои асбобҳои мусиқии миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд. Дар ин толор намунаҳои гуногуни созҳои мусиқии мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо аз таърихи чандинсола ва фарҳанги ғании мусиқии миллати тоҷик дарак медиҳанд. Меҳмонон бо шавқу завқи зиёд ба созҳои миллӣ назар намуда аз хусусиятҳои онҳо ва ҷойгоҳи мусиқии суннатӣ дар ҳаёти мардум маълумот гирифтанд.
Баъд аз боздид аз толорҳои намоишӣ меҳмонон ба ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ ташриф оварданд. Маҳз ҳамин бахши боздид барои меҳмонон яке аз ҷолибтарин лаҳзаҳо гардид. Онҳо бо фаъолияти ҳунармандони мардумӣ, аз ҷумла наққошон ва сангтарошон аз наздик ошно шуда, ба маҳорати эҷодӣ ва заҳмати устоҳои тоҷик баҳои баланд доданд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон барои хотираи нек дар саҳнаи Қалъаи таърихии Хуҷанд акс гирифта, таассуроти хуби худро аз ин сафари фарҳангӣ баён намуданд.
Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesШиносоии меҳмонони Минск бо таъриху фарҳанги Хуҷанд
Scroll to Top