Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Забон мероси гузашта ва амонати оянда (Бахшида 5-октябр Рӯзи забони давлатии ҶТ)

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Забон яке аз муқаддастарин ва арзишмандтарин неъматҳои ҳар як миллат ба шумор меравад. Миллатеро, ки забони худро ҳифз менамояд, таърих, фарҳанг ва ҳастии миллии худро низ ҳифз мекунад. Забон танҳо воситаи муоширати байни одамон нест, балки оинаи таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, андеша ва маънавиёти халқ мебошад.
Аз ин рӯ, эҳтиром ба забон ва ғамхорӣ барои рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар аст. Бале,барои мардуми тоҷик забон арзиши хос дорад, зеро ки забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо ҳамчун забони илму адаб, фарҳанг ва маърифат ташаккул ёфта, осори бузурги адабию илмии ниёгони моро то имрӯз ба наслҳои оянда расонидааст. Нобиғаҳое чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав,Умари Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ,Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар бузургони адабу илми форсу тоҷик бо осори гаронбаҳои худ барои рушди забони тоҷикӣ саҳми бузург гузоштаанд.
Имрӯз забони тоҷикӣ забони давлатии ҶумҳурииТоҷикистон мебошад. Моддаи 2 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Аз соли 2009 инҷониб 5- октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана барои аҷргузорӣ ба забони давлатӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва таҳкими мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа аҳамияти хос дорад.Забон барои ҳар миллат муқаддастарин арзиши маънавӣ ва яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии он мебошад. Забон таърихи миллатро ҳифз мекунад, фарҳангу адабиётро аз насл ба насл мерасонад ва дар таҳким худшиносии миллӣ нақши бузург мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому ҷойгоҳи забон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кардаанд: “Забон хишти аввалини коҳи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахуст унсури тафаккури миллӣ мебошад” Ин суханон моҳияти бузурги забонро дар ҳаёти миллат ба таври равшан ифода мекунанд. Воқеан, забон танҳо воситаи гуфтугӯ нест, балки оинаи таърих, фарҳанг ва тафаккури мардум аст. Имрӯз забони тоҷикӣ мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар мекунад, ки забони давлатии кишвар забони тоҷикӣ буда, давлат истифода, ҳимоя ва рушди онро таъмин менамояд. Ин сана моро водор месозад, ки ба таърихи забони худ назар андозем, ҷойгоҳи онро дар ҷомеаи муосир дарк намоем ва барои покизагӣ, рушд ва густариши он масъулияти бештар эҳсос кунем. Ҳар як миллат пеш аз ҳама бо забонаш шинохта мешавад. Забон пайванди наслҳо буда, хотираи таърихии халқро нигоҳ медорад. Тавассути забон дониш, таҷриба, анъана, урфу одат ва арзишҳои маънавӣ аз як насл ба насли дигар мегузаранд. Яъне,забони тоҷикӣ таърихи бисёр қадима дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба забон бояд танҳо ба як рӯзи тақвимӣ маҳдуд нашавад, балки ба як фарҳанги ҳамешагии зиндагии ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Ҳамзамон метавон гуфт, ки нақши ҷавонон дар ҳифзу рушди забони давлатӣ махсусан муҳим мебошад, зеро ки насли ҷавон бояд забони модариро хуб омӯзад, дуруст нависад ва бо риояи меъёрҳои адабии он сухан гӯяд. Инчунин истифодаи дурусти забон дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити корӣ яке аз роҳҳои баланд бардоштани забондонӣ мебошад.
Ҳамзамон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон ва ҷомеаи муосир зарур аст, аммо ин набояд боиси коста гардидани эҳтиром ба забони модарӣ шавад. Баръакс шахсе, ки забони худро хуб медонад ва қадр мекунад метавонад дигар забонҳоро низ бо осонӣ ва фарҳанги баланд омӯзад. Ҳифзи забони давлатӣ масъулияти танҳо омӯзгорон, рӯзноманигорон ё аҳли адаб нест, балки ин вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки ҳар сухани дуруст, ҳар ҷумлаи босаводона ва ҳар асари арзишманди ба забони тоҷикӣ эҷодшуда қадаме дар роҳи таҳкими забони миллӣ мебошад.
Албатта, Рӯзи забони давлатӣ моро ба андешаи муҳим водор мекунад,ин забони мероси гузаштагон ва амонати ояндагон аст. Мо бояд ин мероси гаронбаҳоро бо эҳтиром нигоҳ дорем, ғанӣ гардонем ва ба наслҳои оянда солиму покиза ба мерос гузорем. Ин забон дар тӯли садсолаҳо роҳи пурпечитоби таърихро тай намуда бо вуҷуди ҳама душвориҳои асолат ва неруи созандаи худро нигоҳ доштааст.
Чунон ки аҳли адаб ба маънои баланд таъкид мекунанд:
Забон гарчи садо бошад ба гуфтор,
Ба маънӣ ҳаст дар он руҳи миллат.
Имрӯз дар назди мо вазифаи бузург қарор дорад, забони тоҷикиро на танҳо нигоҳ дорем, балки онро ба насли ҷавон ҳамчун мероси гаронбаҳо ва сарвати маънавӣ ба таври шоиста омӯзонем.
Метавон гуфт, ки забон мисли дарахти сермева аст,решааш дар умқи таърих қарор дорад ва шохаҳои он ба сӯи оянда майл мекунанд. Агар мо ин дарахтро бо меҳру муҳаббат парвариш кунем он барои наслҳои оянда самараи фаровон хоҳад дод. Бояд ҳар яки мо забонро чун мероси муқаддаси гузаштагон эҳтиёт намоем ва барои рушди он саҳгузор бошем. Забони худро дӯст доштан, эҳтиром кардан ва дуруст истифода бурдан, эҳтиром ба миллат, таърих ва фарҳанги хеш мебошад.
Пас, арҷ гузоштан ба забони давлатӣ танҳо эҳтиром ба як забон нест, балки эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат мебошад. Ҳифзи забони давлатӣ бояд вазифаи ҳар як соҳибдилу соҳибфарҳанг бошад, зеро забон пояи худшиносии миллӣ мебошад.
Пас, забони тоҷикӣ ин як василаи гуфтор набуда, он руҳи миллат,оинаи таърих ва кафили пайванди наслҳо мебошад. Мо забонро аз гузашта ба мерос гирифтаем ва вазифадорем онро ба ояндагон бо ҳамон ғановат, покизагӣ ва шаҳомате, ки аз ниёгон ба мо расидааст, бисупорем.
Бигзор ҳар як сухани тоҷикӣ бо эҳсоси ифтихор садо диҳад, ҳар як қалам барои рушди он хидмат кунад ва ҳар як насли нав дарк намояд, ки ҳифзи забон ин ҳифзи ҳастии миллат аст.
Бигзор забони тоҷикӣ ҳамеша чун чароғи равшани маърифату худшиносӣ фурӯзон бошад ва садои ширини он аз насл ба насл аз имрӯз ба фардо расад!
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЗабон мероси гузашта ва амонати оянда (Бахшида 5-октябр Рӯзи забони давлатии ҶТ)
Scroll to Top