Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳисоботи фаъолияти нуҳмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2026

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар асоси қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, нуқтаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва таҷлили бошукӯҳи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.

Бо Қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №190 аз 13.04.2015 Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуд. 

 Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Нӯмон Неъматов” ҳамчун муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ, “Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” ҳамчун муассисаи фарҳангӣ – фароғатӣ ва мавзеи таърихии хусусияти ҷумҳуриявидоштаи “Қалъаи Хуҷанд” буда, барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд. 

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои сомонаи алоҳида, ки дар шабака бо суроғаи www.qalai-khujand.tj Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фаъолият менамояд. 

Дар давраи ҳисоботӣ 6 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2026, сенарияи вохӯрӣ ва конференсияи илмӣ барои нимсолаи якум муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори умумии 257 адад ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ, ҳуҷҷатҳо, маводҳои замони муосир ҷамъоварӣ карда шуданд. Аз миқдори умумии ашё 35 адад ба маблағи 38690 сомонӣ харидори шуда, 67 адад ба фонди асосӣ ва 190 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд. 

Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Инъикоси санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалии миллати тоҷик дар толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд”, “Аз таърихи қолинбофии халқҳои Осиёи Миёна”, “Инъикоси созҳои мусиқии миллӣ дар толори намоишии Қалъаи Хуҷанд”, Муаррифии нусхаи хатти девони Оҷизии Хуҷандӣ”, Тамаддун ва фарҳанги давраи Сосониён”, “Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ ва табии Тоҷикистон дар мусаввараҳои толори Санъати тасвирии Қалъаи Хуҷанд”, “Рушди меъмории давлати Темуриён ва инъикоси он дар осорхона”, “Из истории музызыкальной культуры Таджикистана”, Инъикоси саҳифаи таърихии имрӯзаи Тоҷикистон аз нигоҳи кундали Иномҷон Ахмедов” (дар толори Санъати тасвирии Қалъаи Хуҷанд), “Камарбанд ва аҳамияти он дар фарҳанги моддӣ”, “Рушди фаъолияти китоб ва китобдорӣ дар замони Истиқлол” таҳия карда шуданд.     

Тибқи нақшаи тасдиқгардида бахшида ба ҷашни 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китоб бо номи “Сад барги заррин” фарогирии мақолаҳо доир ба фаъолияти якасраи осорхона ба табъ расонида шуд.

 Тибқи нақшаи кории Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи навбатии китоби “Ахбори илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” №8 ба нашр расид. 

 Аз тарафи ходимони илмии шуъбаи маъхаз нақшаи пуррагардонии фонди осорхона барои соли 2026 омода карда шуда, экспонатҳои асосии соли 2025 қабул шуда, ба китоби воридотии асосӣ сабт гардид. 

Миқдори умумии нигораҳои фонди осорхона 23563 адад буда, аз миқдори умумии экспонатҳо 17666 адад фонди асосӣ ва 5897 адад фонди ёрирасонро дарбар мегирад. 

Дар асоси накша – чорабинии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба як қатор экспонатҳои толори намоишӣ ва ҳавлиҳои ҳунармандони Қалъаи Хуҷанд QR – код насб карда шуд.  

Дар давраи ҳисоботӣ 2-маротиба вохӯрӣ, 3-маротиба конфронси илмӣ, 8-маротиба намоиш дар муассиса ташкил карда шуд. 

Дар ин давра теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 69992 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 17799 нафар тамошобинон аз осорхонаҳо ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 14555 нафар тамошобинон 1642 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 55434 нафар буда, 8518 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳбарони маркази илм ва фарҳанги Руссия дар Тоҷикистон ва шаҳри Хуҷанд Петрушев А.В. ва Степанова Татьяна Игорьевна, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соҳибкорони вилояти Хатлон, ҳайъати намояндагони вилояти Воронежи Федератсияи Руссия бо роҳбарии Кустов Данил Александрович, ҳайъати намояндагии ходимони Асотсиатсияи байналмиллалии “Ягонагӣ” (Единство) дар назди Созмони Миллали Муттаҳид – ЮНЕСКО бо роҳбарии Александр Кошурко, ҳайъати гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронаса ва Осиёи марказӣ бо роҳбарии ҷаноби Эрве Море ва Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонума Элза Пинёл, Сафири Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорьев С.В., ҳайъати намояндагони Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд бо сарварии Ноиби Президенти бонк Марк Боуман, ҳайъати расми бо роҳбарии Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Аббос Алиободӣ, намояндагони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус. ҳайъати намояндагони форуми байналмилалӣ, Кумитаи дӯстии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии Ҳабибов З., Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия бо роҳбарии Сорокин Е.Г. ва Галич И.А. ва дигарон ташриф оварданд.       

Тибқи Қарори Раиси вилояти Суғд рӯзномаҳои вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Суғд ҳақиқати”, “Тирози ҷаҳон” рӯзномаи ҷумҳуриявии “Фарҳанги Тоҷикистон” бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маводҳои ҷолибе, ки аз ҷониби кормандони илмии осорхона пешниҳод гардид, таҳия ва пахш намуданд. 

Барномаҳои алоҳида бахшида ба 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз ҷониби ТВ-Суғд ва СМ-1 таҳия шуда пешкаши омма гардид. 

Кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ, пешбурди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, пурракунии экспозитсияҳои намоишӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, толорҳои намоиширо бо нигораҳои нав қабулшуда муҷаҳҳаз гардониданд.  

Китобхонаи илмии маҷмаа фаъолияти пурсамар дошта, бо ҳамкории шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар ташкил ва баргузории вохӯриҳо ва созмон додани гӯшаҳои намоишии ҷашнвораҳо саҳм гузоштанд. Масъулини маркази иттилоотии муассиса фаъолияти пурсамар бурда, ба рӯзномаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ 65 адад мақола, ба сомонаи маҷмаа 81 адад видеоролик, 292 адад мақолаҳои илмӣ ва хабарҳои тозаи фарҳангӣ-таърихиро ворид намуданд. 

Боиси зикр аст, ки дар раванди ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии вилоят шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, филиали МД “Донишкадаи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, МД Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд баста шуда, филиали кафедраҳои донишгоҳҳо ташкил карда шуд. 

Дар асоси нақша - чорабиниҳо масъулони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баҳри ободонӣ ва тоза нигоҳ доштани ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ доими корбарӣ намуда истодаанд.

Дар ин давра дар мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 490 660 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ, гулҳои Садбарг 1100 адад, гулҳои Герань 1746 адад, 50 адад дарахти Сафедор, 70 адад дарахтони ороишӣ, 4 бех Кипарис, 18 адад Каштан, 10 адад Туя, 10 бех Павлония, 6 бех Маҷнунбед, 20 адад дарахтони мевадор аз қабили анор, бодом, шафтолу, гелос ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуданд. Дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуданд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳо масъулони маҷмаа барои тоза нигоҳ доштани ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ доимӣ корбарӣ намуда, дар ин давра таъмири шифти даромадгоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ, шифти мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, тасполакҳо ва бардюрҳои роҳравҳои ҳудуди маҷмаа таъмир карда шуданд.

Дар Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ дарахтҳои хушкшуда тоза карда шуда, роҳравҳо, майдончаҳои ҳамешасабз ва майдонҳои Хона – музей аз алафҳои бегона тоза карда шуданд. Айвонҳои ҳудуди Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва партовҷой ба тартиб дароварда шуданд. 

Кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои ба зимаашон гузошташуда корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд. Дар баробари ин муассиса барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба 100 - солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва ташкилӣ баргузор намуда, корҳои вобаста ба онро ҳамаҷониба ба анҷом расониданд. Кормандони муассиса бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ фароҳам овардани шароити мусоид ва муносиб барои қабули сайёҳон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангии хизматрасонӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Ҳамзамон, ба меҳмонон оид ба таъриху фарҳанг, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва аҳамияти таърихии Қалъаи Хуҷанд маълумоти зарурӣ пешниҳод намуда, барои дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги шаҳри Хуҷанд чораҳои зарурӣ меандешанд.

Ёдовар бояд шуд, ки МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” баҳри иҷрои нақшаи “Обуна - 2027” низ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, тибқи супориши роҳбарияти муассиса ба 17 адад номгӯйи маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ обуна гардида, боз обунашавӣ идома дорад. Ин иқдом барои баланд бардоштани маърифати кормандон, дастрасии онҳо ба ахбори тоза, иттилоотии соҳавӣ ва рӯйдодҳои муҳими сиёсиву фарҳангии кишвар мусоидат менамояд.

Нодира Олимова - ҷонишини Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд оид ба корҳои илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲисоботи фаъолияти нуҳмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2026
Scroll to Top