Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Меҳмонони Форуми дуюми сулҳи Фарғона ва Боткент дар қалби таърих

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаи 29 сентябри соли 2026 дар доираи Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони “Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ”, ки ба солгарди имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷумҳурии Қирғистон ва Ҷумҳурии Узбекистон бахшида шудааст, ҳайати намояндагон ва меҳмонону иштирокдорони форум аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва ҳавлии ҳунармандони мардумии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуыанд” боздид ба амал оварданд. Ҳайати гуруҳи меҳмононро шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуданд.
Дар даромадгоҳи Қалъаи таърихии Хуҷанд меҳмононро Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов самимона истиқбол намуда хайрамақдам гуфт. Зимни мулоқоти самимӣ таъкид гардид, ки қалъаи таърихӣ ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд дар муаррифии таъриху тамаддун, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосе дорад.
Сипас, роҳбаладони муассиса роҳнамоӣ намуда меҳмонон ва иштирокдорони форумро бо экспонатҳои ба толорҳои намоишии ҷойгиршудаи қалъаи таърихӣ , оид ба таърихи ташаккул ва рушди он, бозёфтҳои бостошиносӣ, маводҳои нодир, мероси моддӣ ва маънавии ниёгон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Баъдан меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ боздид ба амал оварданд. Дар ин ҷо бо тарзи зиндагии суннатии гузаштагон, урфу одат, фарҳанги рӯзгордорӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ошно гардиданд. Дар ҳавлии тоҷир бо тарзи зиндагии гузаштагон намунаҳои осори суннатӣ ва дигар ёдгориҳои фарҳангӣ ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд. Зеро шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, ҳамчун таҳкими эҳтироми якдигар, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ на танҳо як барномаи маърифатӣ, балки ифодагари эҳтиром ба мероси гаронбаҳои ниёгон ва саҳми фарҳанг дар таҳкими дӯстии миёни мардумон ба шумор меравад.
Дар фарҷоми боздид иштирокчиёни форум бо руҳияи баланди дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ дар саҳнаи қалъаи таърихӣ ҷамъ омада, барои ба ёдгор гузоштани ин лаҳзаҳои хотирмон акси дастаҷамъона гирифтанд. Ин лаҳзаи самимӣ ҳамчун хотираи неку фаромӯшнашванда аз боздиди онҳо ба ин макони таърихӣ дар хотири иштирокчиён боқӣ монд.
Ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои меҳмоннавозии гарму самимӣ, таваҷҷуҳ ва саҳми арзанда дар баргузории ин боздиди фарҳангӣ арзи сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин мулоқотҳо дар хотири иштирокчиён ҳамчун лаҳзаҳои неки дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ боқӣ хоҳад монд.
Валӣ Набизод - котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМеҳмонони Форуми дуюми сулҳи Фарғона ва Боткент дар қалби таърих
Scroll to Top