Рейтинг: 



/ 0
- Подробности
-
Создано 25.09.2026 12:13
-
Просмотров: 17
Хуҷанд шаҳри таърих, фарҳанг ва тамаддун яке аз шаҳрҳои қадимтарин ва маъруфтарини кишвари Тоҷикистон буда, дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик ҷойгоҳи хоса дорад. Ин шаҳри бостонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун маркази фарҳанг, таърих, ҳунар, тиҷорат ва тамаддун рушд намуда, имрӯз бо мероси бойи таърихиву фарҳангии худ таваҷҷуҳи сокинону мееҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Аз ии рӯ, шаҳри Хуҷанд на танҳо бо ёдгориҳои таърихии худ, балки бо фарҳанги ғанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои неки сокинонаш машҳур гардидааст. Дар тӯли асрҳо ин шаҳри қадима чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва фарҳанги тоҷиконро ба камол расонидааст.Метавон гуфт, хиёбонҳо, кӯчаҳо,боғҳои истироҳатӣ, бозорҳо, маҳаллаҳо ва ёдгориҳои таърихии Хуҷанд ҳар кадом қиссаи худро доранд. Ҳамаи ин дар маҷмуъ симои шаҳреро ба вуҷуд меоваранд, ки гузаштаву имрӯз дар он ба ҳам мепайванданд.
Имрӯз Хуҷанд ҳамчун яке аз шаҳрҳои муҳими кишвар дар ҳоли рушду созандагӣ қарор дорад. Дар баробари пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, нигоҳ доштани симои таърихии шаҳр ва эҳтиром ба ёдгориҳои фарҳангӣ аҳамияти калон дорад. Рӯзи Хуҷанд барои ҳар як сокини шаҳр танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки ин рӯзест, ки мо ба таърихи шаҳр назар меафканем аз мероси гузашта сабақ мегирем ва барои ояндаи он андеша мекунем.
Боиси ифтихор аст, ки дар маркази шаҳри бостонии Хуҷанд ёдгориҳое чун Қалъаи таърихии Хуҷанд ҳамчун макони таъриху маърифат ба мардум хизмат мекунанд.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, аҳли кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд тамоми сокинони шаҳри бостонӣ ва меҳмонони онро самимона табрик менамоянд. Ба шаҳри азизи Хуҷанди бостонӣ, ки таърихи пурифтихор ва фарҳанги ғанӣ дорад, ободиву шукуфоии ҳамешагӣ ба мардуми сарбаландаш рӯзгори осудаву саодатманд ва ба ҳар як хонадони он файзу баракат орзу менамоем.
Бигзор Хуҷанди бостонӣ бо таърихи пурғановат, фарҳанги воло ва симои зебои худ ҳамеша ҳамчун шаҳри сулҳу ваҳдат, маърифат ва созандагӣ дар дилҳои сокинону меҳмонон ҷойгир бошад.
Рӯзи шаҳри Хуҷанд муборак бод!
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Добавить комментарий