Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Оинаи таърих дар оғӯши табиат

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар асл, Қалъаи таърихии Хуҷанд ҳамчун яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд, дар тӯли садсолаҳо бозгӯкунандаи таърихи пурғановати ин сарзамин мебошад. Имрӯзҳо ин макони таърихӣ ба яке аз мавзеъҳои ҷолибу диданӣ табдил ёфтааст. Ҳашамати меъморӣ, осори нодири бостонӣ, муҳити зебову дилрабо ва фазои хоси таърихии он диққати сокинони маҳаллӣ ва меҳмонони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Ҳар гӯшаи ин мавзеъ аз таъриху фарҳанги ниёгон дарак дода, барои дӯстдорони таърих ва фарҳанг ҳамчун як манбаи арзишманди маърифат хизмат мекунад. Дар баробари ин гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ низ ба ҳусни ин макон ҳусни дигар зам мекунанд. Дар ин ҷо меҳмонон метавонанд бо намунаҳои ҳунарҳои дастӣ, анъанаҳои миллӣ ва маҳсули эҷоди ҳунармандони мардумӣ шинос шаванд. Зебоии муҳити атроф, мероси таърихию фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардум боис гардидааст, ки шумораи сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ ба ин мавзеъ ташриф меоранд, сол ба сол афзоиш ёбад.
Бале, Қалъаи таърихи Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”мавқеи хосае дорад,ки бо ҳашамату зебоӣ, фазои нотакрор ва бозгӯ намудани саҳифаҳои пурифтихори таърихи миллати тоҷик таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Ҳар рӯз ба ин мавзеи бостонӣ сокинони шаҳр, меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ва сайёҳони дуру наздик ворид шуда, аз таъриху фарҳанг ва муҳити зебои он дидан мекунанд. Барои меҳмонон Қалъаи Хуҷанд танҳо як ёдгории таърихӣ набуда, балки маконест, ки дар он таърих бо фарҳанги мардумӣ, ҳунарҳои суннатӣ ва табиати дилнишин ба ҳам омадааст. Яке аз мавзеъҳои ҷолиби маҷмаа ҳавлии ҳунармандони мардумӣ мебошад, ки меҳмон ба ин даромадгоҳи хушманзараи ҳунармандон қадам мегузорад, фазои он эҳсоси хосеро ба вуҷуд меорад. Ҳавзи оби зулол, ки дар муҳити сабзу хуррам ҷой гирифтааст ба ҳусни маҳалла таровати бештар мебахшад. Дарахтони маҷнунбед, ки шохаҳои сабзу нозукашро ба ҳар сӯ алвонҷ дода , гӯё ба меҳмонон сар фуруд оварда ба онҳо хайрамақдам мегӯянд. Дар атрофи ҳавз катҳои чӯбин гузошта шудаанд, ки рӯйи онҳо кӯрпачаву болиштҳои анъанавӣ ороста шуда, барои меҳмонон шароити муносиб фароҳам оварда шудааст. Ин гӯша бо ороиши суннатӣ ва муҳити орому осудааш ба инсон имкон медиҳад, ки пас аз тамошои осори таърихӣ лаҳзае истироҳат карда аз зебогии табиат ва фазои мардумии ин мавзеъ баҳра барад.
Ҷолибияти ҳавлии ҳунармандони мардумӣ танҳо бо тамошои зоҳирии он маҳдуд намешавад, балки дар ин ҷо унсурҳои фарҳанги мардумӣ ва ҳунари суннатӣ низ ба таври хос муаррифӣ гардиданд. Меҳмонон метавонанд бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда аз наздик эҳсос намоянд, ки ҳунари дастӣ чӣ гуна таъриху фарҳанги мардумро дар худ таҷассум мекунад.
Ҳамзамон, яке аз ҷузъиёти ҷолиби ин гӯша ҳузури парандагони хушовоз мебошад, ки барои мухлисони табиат ва дӯстдорони парандаҳо ба монанди кабк, бедона ва тазар нигоҳбин карда мешаванд. Ин парандагон на танҳо бо хушовозӣ, балки бо намуди зоҳирӣ ва рафтори хоси худ низ диққати дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб мекунанд. Бедона бо овози ширину форами худ, кабк бо хониши хоси кӯҳистонӣ ва тазар бо зебоиву рангорангии худ аз ҷумлаи парандагони ҷолиби табиат мебошанд. Нигоҳубини онҳо ба зиммаи шахси масъул гузошта шуда, барои фароҳам овардани шароити муносиб ва ҳифзи онҳо мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Вақте меҳмон дар ин ҳавлии сабзу хуррам менишинад, садои форам ва гуногуни парандагон ба фазои осуда ҳусни дигар зам мекунанд.Савти овози кабку бедона гӯё бо садои оби ҳавз ва ҳаракати баргҳои маҷнунбед ҳамоҳанг гардида, муҳити орому хотирмонро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, меҳмонон дар ин мавзеъ на танҳо осори бостониро тамошо мекунанд, балки аз мусиқии табиат низ лаззат мебаранд. Маҳз ҳамин омезиши таърих, фарҳанг ва табиат ҳавлии ҳунармандони мардумиро ба яке аз гӯшаҳои ҷолиби қалъаи таърихӣ табдил додааст. Барои сайёҳоне, ки мехоҳанд бо фарҳанги мардумӣ аз наздик шинос шаванд, чунин муҳит имконият фароҳам меорад, ки анъанаҳои миллӣ ва тарзи зиндагии мардумро дар фазои орому самимӣ эҳсос намоянд.
Боздид аз Қалъаи Хуҷанд барои ҳар як меҳмон метавонад хотираи фаромӯшнашаванда ба вуҷуд оварад. Зеро дар ин ҷо таърих танҳо дар осорхонаи таърихӣ ва нигораҳо маҳдуд намешаванд,балки дар ҳар гӯшаи қалъа нафаси гарми гузаштаи таърихи ниёгон эҳсос мегардад. Яъне, таърих дар меъмории қалъа, дар ҳунари мардумӣ, дар осори қадима ва фарҳанги ба меросмонда зинда аст. Онро метавон дар оби мусаффои ҳавз, дар сояи дарахтони маҷнунбед ва ҳатто дар садои парандагони хушовоз инъикос кард.
Маҳз ҳамин омезиши таърих, табиат ва ҳунари мардумӣ онро ба маконе табдил медиҳад, ки гӯё табиат ва таърих дар ин ҷо ба ҳам омада, як достони ягонаи хотираи гузаштагонро нақл мекунанд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesОинаи таърих дар оғӯши табиат
Scroll to Top