Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зебоӣ аз дасти боғбон оғоз меёбад

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Фасли тирамоҳ бо тағйири ранги табиат ва ҳавои форами худ ба шаҳри Хуҷанд ҳусни тоза мебахшад. Дар ин фасл, ки баргҳои дарахтон тадриҷан зарду сурх мешаванд, гулҳои ороишӣ ба гулзорҳои шаҳр рангу таровати дигар мебахшанд. Дар паси ин зебоӣ бошад, меҳнати шабонарӯзии боғбонони муассисаи фарҳангӣ меистад, ки бо масъулияту муҳаббат барои ободӣ талош меварзанд.
Яке аз мавзеъҳое, ки ҳусни гулҳои ороишӣ ба чашм мерасад, ин даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “қалъаи Хуҷанд” мебошад. Дар ин ҷо чандин гулдонҳои ороишӣ ҷойгир буда бо фарорасии тирамоҳ корҳои шинонидан ва нигоҳбини гулҳо идома доранд. Ин гулдонҳо пеш аз ҳама барои зебоии муҳити атроф аҳамияти калон дорад. Зеро даромадгоҳи осорхонаи таърихӣ барои меҳмонон нахустин манзараест, ки ҳангоми ворид шудан ба ин макони фарҳангӣ ба назар мерасад. Боғбонҳо бо эҳтиёткорӣ гулҳои ороиширо дар гулдонҳои омодашуда мешинонанд. Пас аз шинонидан бошад, нигоҳубини мунтазам зарур аст, то гулҳо хуб реша гиранд ва дар муҳити нав ба таври дуруст нашъунамо кунанд. Шояд ба назар чунин корҳо одӣ менамояд, аммо дар асл ҳар як гулзори зебои ороишӣ заҳмати пайвастагиро талаб мекунад. Боғбон бояд ҳам хусусияти ҳар як навъи гулро донад ва ҳам ба обу ҳаво, ҳолати хок ва ба талаботи растаниҳо диққати махсус диҳад.
Ҳамзамон, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар атрофи мавзеъҳои фарҳангӣ, аз ҷумла дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд чунин корҳои ободонӣ аҳамияти махсус доранд. Зеро ин ҷойҳо ҳам барои истироҳати сокинон ва ҳам барои қабули меҳмонон хизмат мекунанд. Тирамоҳи заррин меояд, фаслҳо иваз мешаванд, аммо меҳнати ободкорона идома меёбад. Гулҳои навшинонида, гулзорҳои тарҳрезӣ мегарданд ва боз ҳам ҳусни табиатро зеботар мегардонанд.
Бале, зебоӣ аз дасти боғбон оғоз мегардад ва бо умед гул мешинонад, то дигарон зебогии онро ҳис кунанд ва ҳаловат бубаранд.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЗебоӣ аз дасти боғбон оғоз меёбад
Scroll to Top