Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мероси муштарак - пайванди миллатҳо

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дирӯз як гурӯҳ меҳмонони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сарварии нахустин Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ ва доктори илмҳои филологӣ Акбари Эронӣ роҳбари Муассисаи пажӯҳишии “Мероси мактуб”, аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро шоири халқии Тоҷикистон Озарахш, инчунин дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд. Ин боздид дар фазои дӯстиву эҳтироми муштарак сурат гирифта, барои меҳмонон имкони шиносоии наздик бо таъриху фарҳанги пурғановати тоҷиконро фароҳам овард. Ҳайати меҳмононро зимни сайри худ аз толорҳои гуногуни намоишии қалъаи таърихӣ дидан намуда бо осори нодири таърихиву фарҳангии миллати тоҷик шинос шуданд. Дар толорҳои намоиши бо намунаҳои гуногуни санъати тасвирӣ, кандакорӣ, кундалкорӣ ва дигар ҳунарҳои суннатии мардуми тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд, ошно гардиданд. Меҳмонон таваҷҷуҳи хоса ба дастхатҳои ниёгон зоҳир намуданд, ки ин осори хаттӣ ҳамчун бахше аз мероси маънавии халқҳои форсизабон, аз ҷумла тоҷикон, дорои арзиши бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ буда, аз рушди илму адаб, ҳунари хаттотӣ ва андешаҳои фарҳангии ниёгони миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Сайри илмӣ ва шиносоии меҳмонон бо толорҳои намоишӣ таҳти роҳбалади ҷавон Абубакр Аминов сурат гирифт, ки ӯ ба меҳмонон аз осори ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои нигораҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Пас аз тамошои толорҳои намоиши меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ боздид намуданд. Дар ин ҷо онҳо бо намунаҳои ҳунарҳои суннатӣ ва тарзи зиндагии ниёгони миллати тоҷикон ошно гардиданд. Муҳити ҳавлии ҳунармандон имкон фароҳам овард, ки меҳмонон на танҳо тавассути нигораҳо, балки аз наздик бо унсурҳои фарҳанги рӯзгоргории мардумӣ шинос шаванд.
Дар фарҷоми боздид меҳмонон таассуроти неки худро аз тамошои Қалъаи таърихии Хуҷанд баён намуда, барои пазироии самимӣ, роҳнамоии хуб ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик изҳори сипос намуданд.
Шоирахон Атаева - роҳбалади
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМероси муштарак - пайванди миллатҳо
Scroll to Top