Рейтинг: 



/ 1
- Подробности
-
Создано 16.09.2026 10:11
-
Просмотров: 18
Дар асл, санъати тасвирӣ аз ҷумлаи беҳтарин воситаҳои инъикоси фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ мебошад. Ҳар як асари ҳунарӣ метавонад на танҳо зебоӣ, балки ғояи баланди инсонпарварӣ ва аълоқиро ба бинанда расонад. Яке аз чунин офаридаҳои арзишманд дар даромадгоҳи толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба намоиш гузошта шудааст.
Ин кори дипломии Назирова Дилрабо донишҷӯи ихтисоси санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мазмуни амиқи худ меҳри модар, мақоми модаркалон ва арзиши оиларо ба таври таъсирбахш таҷассум намудааст. Дар маркази гаҳвора бо кӯдаки навзод қарор гирифтааст. Навзоде, ки модаркалон бо оромӣ рӯйи даст гирифта, дар гаҳвора хобонида истодааст, ки рамзи идомаи зиндагӣ, бақои насл ва ояндаи миллат мебошад. Дар атрофи гаҳвор модар ва духтарча бо нигоҳи пур аз меҳру муҳаббат ба навзод менигаранд. Дар чеҳраи онҳо эҳсоси муҳаббат, умед ва масъулияти бузург нисбат ба кӯдак хеле равшан инъикос ёфтааст.
Дар канори онҳо симои модаркалон ҷой гирифтааст, ки ӯ бо чеҳраи ором ва пурҳикмат гӯё баракати хонадонро нигоҳ медорад. Дар фарҳанги тоҷикон модаркалон танҳо як узви хонадон нест, балки посдори суннатҳо, дуогӯю тарбиятгари насли нав ва соҳибтаҷрибаи рӯзгор мебошад. Ҳузури ӯ дар асар баёнгари он аст, ки арзишҳои миллӣ аз насл ба насл маҳз тавассути оила ва бузургсолон интиқол меёбанд.
Гаҳвора дар фарҳанги мардуми тоҷик маънои амиқ дорад, ки он на танҳо ҷойи парвариши тифл, балки рамзи оромӣ, амният, меҳру муҳаббат ва оғози роҳи зиндагии инсон аст. Аз ин рӯ, гирди гаҳвора ҷамъ омадани аҳли оила рамзи ваҳдат ва муҳаббати бепоёни хонаводагӣ мебошад. Донишҷӯи бомаҳорат ин асарро бо истифодаи рангҳои гарм, таркиби муназзами композитсионӣ ва ифодаи табиии чеҳраҳо фазои саршор аз меҳру муҳаббати оилавиро офаридааст. Ҳар як ҷузъи асар паёми худро дорад. Нигоҳи модар меҳрубонӣ ва ғамхориро таҷассум мекунад, чеҳраи духтарча аз шавқу муҳаббат ба кӯдаки навзод дарак медиҳад ва симои модаркалон аз хирад, таҷриба ва пайванди наслҳо ҳикоят мекунад.
Асари мазкур танҳо як кори дипломӣ нест, балки он тарғибгари арзишҳои волои миллӣ, эҳтиром ба модар, бузургдошти мақоми модаркалон ва арҷгузорӣ ба кӯдак ҳамчун ояндаи миллат мебошад. Чунин офаридаҳои ҳунарӣ дар замоне, ки ҷомеа ба таҳкими арзишҳои маънавӣ ниёз дорад, аҳамияти хоса касб мекунанд. Намоиш додани ин асар дар муҳити таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” низ рамзӣ мебошад. Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки худ таҷассумгари таъриху тамаддуни тоҷикон аст, имрӯз ба маконе табдил ёфтааст, ки дар он мероси гузашта бо эҷодиёти насли ҷавон пайванди дорад.
Бале, асари дипломии донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров намунаи равшани он аст, ки санъати тасвирӣ метавонад , бо забони рангҳо аз бузургтарин арзишҳои инсонӣ муҳаббати модар,эҳтиром ба кӯдак ва ваҳдати оила сухан гӯяд. Ин офарида бинандаро ба андеша водор месозад, ки пояи ҷомеаи солим аз оилаи солим оғоз меёбад ва маҳз меҳру муҳаббат дар гирди гаҳвора нахустин дарси зиндагии инсонро ташкил медиҳад.
Валӣ Набизод – котиби
Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Добавить комментарий