Рейтинг: 



/ 0
- Подробности
-
Создано 18.08.2026 11:10
-
Просмотров: 28
Шаҳри бостонии Хуҷанд имрӯз на танҳо бо таърихи ҳазорсолаи худ, балки бо ободиву сарсабзии муҳити атроф низ таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Дар партави сиёсати созандагӣ ва ободкории давлат оид ба беҳдошти муҳити зист, ободонӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ ба масъалаи нигоҳубини гулгашту майдончаҳои сабз таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Яке аз чунин мавзеъҳои зебову таърихӣ ин Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошад, ки имрӯз бо намуди таровати тоза ва сарсабзии худ дилҳоро тасхир мебахшад.
Бо фаро расидани фасли тобистон тадриҷан ҳарорати ҳаво нисбатан дар марҳилаҳои аввал паст гардида, барои нигоҳбини майдончаҳои сабз шароити мусоид фароҳам омадааст. Дар ин рӯзҳо кормандони бахши кабудизоркунӣ ва боғбонони муассиса бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ корҳои ободониро вусъат бахшида истоданд. Дар майдончаҳои сабзи Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ алафзорҳо тавассути мошинҳои махсуси дарав ба тартиб дароварда мешаванд. Ин иқдом на танҳо ба тозагию озодагӣ мусоидат мекунад, балки ба ҳусну таровати мавзеъҳо ранги тоза мебахшад. Ҳар як гӯшаи маконҳои фароғатӣ баъди дарави алафҳо намуди зебову дилкаш гирифта, барои истироҳати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам меорад. Боғбонон ҳамарӯза бо заҳмати содиқона ба нигоҳбини дарахтон, гулу гулбуттаҳои мавсимӣ, обёрии майдончаҳо ва тозагии ҳудуд машғул мебошанд. Самараи ҳамин меҳнати шабонарӯзӣ аст, ки боғи истироҳати дар тамоми фаслҳои сол симои дилнишин дорад.
Меҳнати кормандони бахши кабудизоркунӣ аксаран аз назари мардум пинҳон мемонад, вале маҳз онҳо саҳар барвақт ва шомгоҳон барои нигоҳ доштани сарсабзии боғҳо фаъолият мекунанд. Истифодаи техникаи муосири дарави алаф имкон медиҳад, ки корҳои нигоҳубин босифат ва дар муҳлати кӯтоҳ анҷом дода шаванд. Ҳадафи асосии чунин тадбирҳо таъмини муҳити солиму зебо, баланд бардоштани маърифати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат барои сокинону сайёҳон мебошад. Имрӯз ҳар як меҳмоне, ки ба Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷанд ворид мегардад, пеш аз ҳама ба тозагӣ, тартибот ва сабзазорҳои дилфиреби он таваҷҷуҳ мекунад.
Имрӯз корҳои кабудизоркунӣ, дарави саривақтии алафҳо ва нигоҳубинии мунтазами майдончаҳои сабзи қалъаи таърихӣ ва боғи истироҳатӣ шаҳодати онанд, ки барои нигоҳ доштани ҳусни ин маконҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Бале, ободонӣ ва сарсабзии чунин мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ таҷассумгари маданияти воло, тамаддуни ғанӣ ва завқи зебопарастии миллати тоҷик мебошад. Зеро муҳити ободу сарсабз симои воқеиро инъикос намуда, меҳмонони дохиливу хориҷиро бо фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон ошно месозад.
Валӣ Набизод – котиби
маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”
Добавить комментарий