Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шаст баҳори саодат ва комёбӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки бо меҳнати ҳалол,ахлоқи ҳамида ва садоқат бо оилаву ҷомеа эҳтирому эътибор пайдо мекунанд. Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо Дилором Самадова мебошад, ки бо фаъолияти софдилона ва зиндагии ибратбахши худ миёни ҳамкорон, пайвандон ва дӯстону наздикон ҷойгоҳи арзанда касб намудааст.
Дилором Самадова 8 августи соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1973 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Хуҷанд ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бо муваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми мактаб фаъолияти меҳнатии худро дар Комбинати абрешими овозадори шаҳри Хуҷанд оғоз намуда,ҳамчун ба ҳайси лаборант фаъолият намудааст. Маҳз аз ҳамин давра меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати ӯ ба касб равшан гардид.
Дар идомаи фаъолияти меҳнатии худ то соли 1987 Дилором Самадова чун корманди масъулиятшинос, меҳнатдӯст, серғайрат ва мураббии хуби таҷриба барои ҷавонон шинохта шуд. Ӯ бо муносибати ҷиддӣ ба кор, интизоми намунавӣ ва муоширати нек миёни ҳамкорон соҳиби эҳтироми ҳамагон гардид. Бо мақсади такмили донишҳои назариявӣ баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва аз худ намудани нозукиҳои соҳаи муҳосибот, соли 1994 ба курси муҳосиботи Мактаби тайёрии кадрҳои муҳосиб – муфаттиш дохил гардид. Дар давоми таҳсил ӯ барномаҳои таълимиро бо шавқу рағбати зиёд аз худ намуда, донишу малакаи заруриро дар самти баҳисобгирии муҳосибӣ ва фаъолияти назоратӣ соҳиб шуд. Дар натиҷа курсро бо муваффақияти баланд хатм намуда, дониши андӯхтаи худро минбаъд дар фаъолияти касбӣ самаранок истифода бурд. Пас аз хатми курс соҳиби ихтисоси муҳосиб- муфаттиш гардида, барои идомаи фаъолияти касбии худ заминаи устувори донишӣ фароҳам овард.
Минбаъд, Дилором Самадова фаъолияти меҳнатии худро дар Иттифоқи матлуботи “Тоҷикматлубот”-и шаҳри Хуҷанд идома дода, то соли 1998 дар вазифаи хазинадор содиқона хизмат намуд. Дар ин давра ӯ бо поквиҷдонӣ ва муносибати ҷиддӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ эътибору эҳтироми роҳбарият ва ҳамкоронро соҳиб гардид. Соли 2000 фаъолияти худро дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз намуда, дар шуъбаи савдо ҳамчун муҳосиб – муфаттиш кор намудааст. Аз соли 2002 то соли 2015 бошад дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”- и вилояти Суғд ба ҳайси мудири шуъбаи кадрҳо фаъолият намуда дар тарбияи кадрҳо, таҳкими интизоми меҳнат ва пешбурди фаъолияти корхона саҳми арзанда гузошт.
Аз соли 2015 то соли 2024 Дилором Самадова дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳайси сардори шуъбаи кадрҳо фаъолият намуда бо таҷрибаи ғанӣ ва муносибати неку созанда дар пешрафти фаъолияти муассиса саҳми арзанда гузошт. Пас, аз анҷоми фаъолияти меҳнатӣ ба нафақаи меҳнатӣ баромад, вале меҳру муҳаббаташ ба касб ӯро аз фаъолияти ҷамъиятӣ дур насохт. Имрӯз низ ӯ дар муассисаи мазкур, ҳамчун котиба – коргузор фаъолият намуда, таҷрибаи чандинсолаи худро ба нафъи муассиса ва ҳамкорон равона месозад. Дар тӯли фаъолияти меҳнати чандинсола барои меҳнати софдилона ва саҳми арзандааш бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои роҳбарияти муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилояти Суғд, Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Ҳамзамон, Дилором Самадова узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб ва тарғиби арзишҳои ватандӯстӣ, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандӣ саҳми муносиб мегузорад.
Шаст соли пурфайзи умри Дилором Самадова ҳамчун саҳифаҳои дурахшони меҳнати ҳалол, садоқат ба касби интихобкарда, эҳтироми самимӣ ба инсон ва хизмати софдилона ба ҷомеа собит сохтааст. Тамоми роҳи зиндагии ӯ намунаи ибратест, ки дар он масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ ва муносибати нек ба атрофиён мавқеи хоса доранд. Дар тӯли солҳои фаъолияти худ Дилором Самадова бо заҳмати пайваста, муносибати ҷиддӣ ба вазифа ва ҳисси баланди масъулият тавонистааст ба эътимоду эҳтироми ҳамкорон сазовор гардад. Ӯ ҳамеша кӯшиш намудааст, ки вазифаи худро бо виҷдон ва садоқат иҷро намуда, дар пешрафти соҳа ва рушди ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Зиндагиномаи ӯ бори дигар собит месозад, ки инсон бо меҳнати пок, ахлоқи ҳамида, муносибати нек ва садоқат ба масъулиятҳои худ метавонад ба қуллаҳои баланди эътирофу эҳтироми мардум бирасад.
Бале, зиндагии Дилором Самадова гувоҳи равшани он аст, ки инсон бо меҳнати ҳалол, виҷдони пок, хоксорӣ ва муҳаббат ба касбу кор метавонад дар қалби мардум ҷойгоҳи арзанда пайдо намояд. Ӯ дар тӯли шаш даҳсолаи умри пурбаракати худ ҳамеша рисолати инсониву касбии хешро бо садоқат анҷом дода, ҳамчун модари меҳрубон, ҳамсари вафодор, ҳамкори масъулиятшинос ва шахсияти обрӯманд соҳиби эҳтироми ҳамагон гардидааст.
Имрӯз, ки Дилором Самадова ба остонаи ҷашни мубораки 60- солагии умри бобаракти худ қадам мегузорад, ин санаи фараҳбахш барои ӯ ва тамоми пайвандон, дӯстону ҳамкорон як лаҳзаи муҳим ва хотирмон ба шумор меравад. Зеро дар тӯли ин солҳо ӯ роҳи пуршарафи зиндагиро тай намуда, бо меҳнати созанда, заҳмати пайваста ва садоқат ба вазифаи хеш номи нек ва эҳтироми мардумро ба даст овардааст. Ҳар як дастоварди зиндагӣ ва фаъолияти пурмаҳсули Дилором Самадова натиҷаи иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва муносибати самимӣ ба инсонҳо мебошад. Ӯ дар ҳар марҳилаи фаъолияти худ бо ҳисси баланди масъулият, поквиҷдонӣ ва ахлоқи ҳамида намунаи ибрати дигарон гардида, дар дилҳои наздикону ҳамкорон ҷойгоҳи хос пайдо кардааст.
Шаст соли умри пурбаракат барои ӯ на танҳо як рақами маъмулӣ, балки як ганҷинаи бузурги таҷриба, хотираҳои нек, комёбиҳо ва саҳми арзанда дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Имрӯз ҳар як дастоварди ӯ мояи ифтихори аҳли хонавода, пайвандон, наберагон, дӯстону ҳамкорон буда гувоҳи он аст, ки меҳнати ҳалол ва роҳи бо шараф тайшуда ҳамеша бо эҳтиром ва қадршиносӣ баҳогузорӣ мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки Дилором Самадова бо қалби пур аз меҳру муҳаббат, руҳи хастанопазир ва садоқати беназир то имрӯз ба зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ идома бахшида , барои атрофиён намунаи инсони меҳнатқарин боқӣ мондааст.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҷашни фархундаи 60 солагиро ба Дилором Самадова табрику таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дарози пурбаракат, рӯзгори осуда, бахту саодати хонадон, меҳру муҳаббати фарзандону наберагон ва файзу баракати ҳамешагиро таманно дорем. Бигзор ҳар субҳи зиндагияшон бо нуру умед оғоз ёфта, ҳар рӯзи умрашон бо комёбӣ, хушбахтӣ ва хотири ҷамъ сипарӣ гардад. Орзу дорем, ки ҳамеша сарбаланду сарфароз, тандурусту хушрӯзгор бошанд ва аз самараи меҳнати пуршарафу зиндагии пурмазмуни хеш солҳои зиёд баҳравар гарданд.
Шастсолагӣ муборак, бонуи арҷманд!
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesШаст баҳори саодат ва комёбӣ
Scroll to Top