Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хурӯсҷанг – навои кӯдакии деҳот дар оинаи як акс

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Баҳори деҳоти кишвари Тоҷикистон ҳамеша бо рангу бӯи таровати худ фазоро фарогир мекунад. Насими ҳавои фораму мулоим аз миёни киштзорҳои сабз печутоб хӯрда, атри гиёҳҳои наврустаро дар ҳаво парешон месозад. Аз канори ҷӯйборҳо садои оби равон аз шохсори дарахтон суруди парандагон ва аз кӯчаву саҳни деҳа хандаи беғаши кӯдакон гоҳ-гоҳ ба гӯш мерасад. Дар чунин рӯзҳо деҳа ранги ид мегирад, ки дар як гӯшаи деҳа наврасон ҳалқа зада нигоҳи онҳо ба ду хурусаки ҷангара нигаронида шудааст. Ҳар лаҳза ҳаяҷонро меафзояд, ки яке аз кӯдакон бо шавқ нидо мезанад, дигаре каф мезанад ва сеюмӣ аз ҳаяҷон ба пеш қадам мемонад.
Солҳои пеш чунин манзара барои ҳар як деҳаи кишвар ошно буд. Метавон гуфт, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзӣ кӯдакон ва ҷавонон на танҳо тухмҷанг, ошуқбозӣ ва ланкабозӣ мекарданд, балки “Хурӯсҷанг” низ яке аз шавқовартарин бозиҳои идона ба шумор мерафт. Барои бисёриҳо ин танҳо рақобати ду хурӯс набуд, балки баҳонаи гирди ҳам омадан, шодию бозӣ ва эҳсоси хурсандӣ буд. Имрӯз шояд чунин манзараҳо дар баъзе деҳаҳо камтар ба назар расанд, аммо онҳо аз хотири мардум ва саҳифаҳои фарҳанги миллӣ маҳв нашуданд.
Далели равшани ин аксе мебошад, ки имрӯз дар толори даромадгоҳи маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба намоиш гузошта шудааст. Дар он маҳз ҳамин лаҳзаи самимии зиндагии деҳот гирди ҳам омадани кӯдакон барои тамошои “Хурӯсҷанг” бо маҳорати баланд инъикос ёфтааст.
Муаллифи ин асар Эргашев Наимҷон, хатмкунандаи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, факултаи санъат мебошад. Ин асар соли 2013 таҳти роҳбарии омӯзгор Қобилҷон Шарипов (марҳум) офарида шудааст.. Арзиши акс танҳо дар ҷиҳати бадеии он нест, балки он порчае аз зиндагии деҳоти тоҷик, аз фарҳанги мардум ва аз хотираҳои наслҳо мебошад, ки имрӯз барои бинанда аз гузаштаи пурғановати миллат ҳикоят мекунад. Ҳар кас ба ин акс менигарад, пеш аз ҳама чеҳраҳои пуртабассуми кӯдаконро мебинад. Дар онҳо ҳавас, кунҷковӣ ва самимият эҳсос мешавад. Яке бо шавқи зиёд натиҷаи бозиро интизор аст, дигаре бо ҳайрат ба рӯйдод менигарад. Ҳамин эҳсосот ба акс руҳи зинда бахшидааст ва бинандаро ба фазои солҳои дур мебарад.
Бале, бозии “Хурӯсҷанг” дар ин акс танҳо як бозии халқӣ нест, балки он рамзи муҳити гарми деҳа, иттиҳоди бозии шодиёнаи кӯдакона ва мебошад. Ҳамин тавр, ин асар ҳамчун оинаи зиндагии деҳоти тоҷик арзиши таърихӣ ва фарҳангии худро барои солҳои зиёд нигоҳ хоҳад дошт.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesХурӯсҷанг – навои кӯдакии деҳот дар оинаи як акс
Scroll to Top