Дар бораи гаҳвора борҳо шунидаем ва ҷойгоҳи он дар фарҳангу суннатҳои миллии тоҷикон аз ҷониби муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа дар мақолаҳои ҷолибу хонданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Гаҳвора барои мардуми тоҷик танҳо василаи нигоҳбини кӯдак нест, балки рамзи меҳру муҳаббати волидайн, покизагӣ, тарбияи дуруст ва идомаи насл ба шумор меравад. Бо гузашти садсолаҳо ин анъана то имрӯз ҳифз гардида, ҳамчун ҷуъи муҳими фарҳанги миллӣ аз насл ба насл мерос мондааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷойгоҳ ва аҳамияти гаҳвора дар ҳаёти мардум ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор дорад. Бо вуҷуди ин ҳар боре ки сухан аз он меравад, гӯё саҳифаи тозае садои гузашта аз гаҳвора бароямон боз мешавад.
Имрӯз, метавон бори дигар ба ин мавзуъ рӯ овард, то ки аз хотираи гузаштагон ёдрас шавем ва арзишҳои фарҳанги, ки аз насл ба насл ба мо расиданд, зинда нигоҳ дорем. Зеро дар паси ҳар як гаҳвора на танҳо сарнавишти як кӯдак, балки қиссаи як оила, муҳаббати як модар бо садои дилнавози навои аллааш ва ҷаҳонбинии як миллат нуҳуфтааст.
Ин ёдоварӣ махсусан имрӯз дар замоне ки ҷаҳони муосир босуръат тағийр меёбад, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Чунин мерос моро ба решаҳои худ мепайвандад ва водор месозад, ки аз гузашта бо эҳтиром ва ба оянда бо масъулият назар кунем.
Замоне, дар як хонаводаи дӯстам меҳмон шудам. Дар гӯшаи хона гаҳворае ба чашмам расид, ки аз намунаҳои муосир буда, бо муҳаррики барқӣ ором – оромона худ ба худ ҷунбиш мекард. Гӯё, кӯдак ба дасти модар бо оромӣ хоб рафта бошад. Ин манзара маро ба андеша бурд, чӣ қадар технологияи муосир пеш рафтааст, ки ҳатто гаҳвораро ба дастгоҳи худкор табдил доданд.
Дар ҳамин лаҳза, гӯё пардаи хотираҳо оҳиста канор рафт ва зиндагии гузаштагони модарони нуронӣ пеши назарам зинда шуд. Фаҳмидам, ки гаҳвора барои мо танҳо василаи ҷунбидан набудааст. Он ҷаҳони кӯчаке буд, ки бо дастони маҳини модар ба ҳаракат медаромад. Бо ҳар ҷунбиш, меҳри модар ба дил мерехт бо ҳар қатраи шири сафед, кӯдак дар ҳаёт қувват мегирифт. Навои алла мисли рӯшноии нарм руҳи моро навозиш медод, ки гаҳвора пур аз муҳаббат, оромӣ ва аз дуои модар буд. Садои нарму оромбахши модар, он лаҳзаҳои нозуки пайванди дилҳо ин ҳама чизест, ки ҳеҷ гуна дастгоҳ наметавонад, онро такрор кунад.
Шояд, имрӯз технологияи ҳозиразамон метавонад роҳатеро бештар намояд, вақтро сарфа кунад ва зиндагиро осон созад, аммо эҳсос, навозиш, муҳаббат ва гармии модариро иваз карда наметавонад. Гаҳвораи барқӣ метавонад ҷунбад, аммо он эҳсоси гармии амният ва муҳаббатеро, ки аз оғӯши модар бармеояд ба кӯдак дода наметавонад. Ин манзара бори дигар ба ман фаҳмонд, ки бо вуҷуди пешрафтҳои замони муосир, арзишҳои воқеии инсонӣ, мисли меҳри модар ва анъанаҳои ниёгон ҳамеша болотар ва ҷовидона мемонанд.
Дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, чанд намунаи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, таваҷҷуҳи сокинону меҳмононро ба худ ҷалб мекунад. Яке аз он ҳавлии тоҷир мебошад, ки имрӯз ҳамчун қисми мероси фарҳангию таърихӣ, ҳуҷраи махсуси занона дар он ҷой дода шудааст, ки муҳити он бо тамоми ҷузъиёти зиндагии рӯзгори он давраи пешина эҳё гардидаст,ки намунаи гаҳвораи қадима бо тамоми лавозимоти заруриаш гузошта шудааст. Ҳуҷра бо тамоми ашёи рӯзгор, аз қабили сандуқи чӯбин, кӯрпаву кӯрпачаҳои пахтагин бо болиштҳои дастбоф, сандалӣ, қолинҳои пашмин, зарфҳои сафолину мисин ва дигар маводҳои хонагӣ оро дода шудааст, ки симои ҳаёти асрҳои пешинро равшан инъикос мекунад.
Гаҳвора, ки аз чӯби маҳаллӣ бо нақшу нигори зебо сохта шуда, дар он намунаҳои олии ҳунари кандакорӣ ва бо санъати анъанаҳои қадима оро дода шудааст. Зеро гаҳвора на танҳо анъана, балки ҳамчун рамзи меҳру муҳаббати модар ба фарзанд истифода мешуданд.
Ба гуфти гузаштагон кӯдакро аз рӯзҳои аввали таваллуд дар гаҳвора мехобонанд. Одатан, тифл то синни 6- 8 моҳагӣ ва дар баъзе мавридҳо вобаста ба вазъи ҷисмонӣ ва одати кӯдак то яксолагӣ дар гаҳвора нигоҳ дошта мешуд. Ба бовари бузургсолон, гаҳвора барои хоби орому осудаи кӯдак, нигоҳдоштани гармии бадан, тозагӣ ва осонии нигоҳбини ӯ мусоидат мекард. Ба гуфти модарон, вақте ки кӯдак фаъолтар мешавад, мешинад, мехезад ё кӯшиши рост истодан мекунад, нигоҳ доштани ӯ дар гаҳвора дигар чандон мувофиқ нест. Дар ин марҳила кӯдак бояд озодтар ҳаракат кунад, то мушакҳо ва устухонҳояш дуруст инкишоф ёбанд. Гаҳвораи анъанавӣ, агар дуруст истифода шавад, ҷунбиши мулоим ба асабҳо таъсири хуб расонида, кӯдакро ором мекунад. Аммо аз ҳад зиёд сахт бастан ё маҳдуд кардани ҳаракат метавонад таъсири манфӣ дошта бошад.Мутахассисони соҳаи тиб, ки духтурони кӯдакон ба саломатӣ ва рушди кӯдакон машғул ҳастанд, онҳо ҳолати ҷисмонӣ, рушди қадду қомат, ғизо, бемориҳо ва тарбияи солими кӯдакро назорат мекунанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки рушди солими устухонҳо ва мушакҳо аз озодии ҳаракат вобастагии калон дорад. Агар кӯдак ҳамеша дар ҳолати маҳдуд бошад, метавонад ба шаклгирии қомат таъсир расонад. Барои он ки кӯдак бо тану қомати рост ба воя расад муҳим аст, ки кӯдакро дар гаҳвора хеле сахт набанданд, пойҳои кӯдак дар ҳолати табиӣ бошанд, на фишурда. Вақти хоб дар гаҳвора зиёд аз меъёр набошад, кӯдак дар вақти бедорӣ имкони ҳаракат, хазидан ва бозӣ карданро дошта бошад.
Бо вуҷуди ин, гаҳвора дар ҳар хонадон на танҳо як ашёи рӯзгор, балки рамзи муҳими фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба шумор меравад. Он мавқеи хос дошта, бо эҳтироми зиёд нигоҳдорӣ мешавад, зеро гаҳвора ба зиндагии навзодон, орзуҳои падару модар ва идомаи насл пайванди амиқ дорад. Дар бисёр оилаҳо гаҳвора аз насл ба насл мегузарад ва ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон ҳифз карда мешаванд. Чунин мероси ниёгон моро ба решаҳои худ мепайванданд ва ҳисси худшиносиву ифтихори миллиро тақвият мебахшанд. Онҳо ба мо ёдрас мекунанд, ки ҳар як расму ойин маънои амиқ дошта, таҷрибаи асрҳоро дар бар мегирад. Нигоҳ доштани гаҳвора ва эҳтиром гузоштан ба он водор месозад, ки ба гузашта бо чашми хирад назар кунем, аз он сабақ гирем ва арзишҳои неки аҷдодиро дар зиндагии имрӯза пос дорем.
Дар ҷамъбасти ин матлаб метавон гуфт, ки гаҳвора барои миллати тоҷик танҳо як василаи нигоҳбини кӯдак набуда, балки оғози роҳи зиндагӣ ва мактаби аввалини тарбияи фарзанд ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин гаҳвораҳо, зери навои суруди алла ва дуои модарон, фарзандоне ба воя расиданд, ки баъдан номи худро дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт намуданд. Гузаштагони барҷастаи мо, олимону файласуфоне, ки имрӯз онҳоро тамоми ҷаҳон мешиносанд, аз қабили Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ, Саъдии Шерозӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ ва дигарон низ, бешак аз ҳамин гаҳвораҳои ҳаёт оғози зиндагии худро гирифтанд.Онҳо бо меҳру муҳаббати дуои модар ва дар муҳити пур аз арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ба камол расиданд.
Ин нуқтаҳо ба мо як ҳақиқати хеле нозукро ёдрас мекунанд, бузургӣ якбора ба вуҷуд намеояд, он аз хурдтарин ва содатарин лаҳзаҳои зиндагӣ реша мегирад. Гаҳвора, ки мо ном мебарем, танҳо як ашёи одӣ нест, он рамзи оғози инсон, оғози муҳаббат ва оғози тарбияи руҳиву ахлоқӣ мебошад. Аз аввалин рӯзҳои ҳаёт кӯдак дар муҳити меҳр ва навозиши модар калон мешавад. Аллаи модар на танҳо як суруд, балки як мактаби аввалини эҳсосот аст, оромӣ, амният, меҳрубонӣ ва эътимод ба зиндагӣ дар ҳамин лаҳзаҳо ба қалби кӯдак ҷо мегирад ва ин ҳиссиётҳо баъдтар ба шахсияти ӯ шакли дигар мегирад.
Гаҳвораро метавон пайвандгари наслҳо номид, зеро он анъана, фарҳанг ва таҷрибаи зиндагии гузаштагонро ба насли нав интиқол медиҳад. Дар ҳар як алла, дар ҳар як нигоҳ ва дар ҳар як даст ба гаҳвора як таърихи зинда нуҳуфтааст. Ин ҷо на танҳо кӯдак, балки арзишҳои инсонӣ, эҳтиром, муҳаббат ба оила, дӯстдории модар ва эҳсосот парвариш меёбад.
Вақте кӯдак дар муҳити пурмеҳр, ором ва бо тарбия ба воя мерасад, дар дили ӯ аввалин ҳиссиётҳои мусбат, меҳрубонӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба дигарон ва дӯст доштани зиндагӣ пайдо мешавад. Чӣ тавре дар боло зикр гардид, ин ҳиссиётҳо мисли тухм дар замини нарм мешукуфанд ва оҳиста – оҳиста ба хислатҳои нек табдил меёбанд.
Шахсиятҳои бузург аксаран аз хонаҳои одӣ, вале пур аз муҳаббат баромаданд, ки на сарват, балки тарбия ва меҳри оғӯши гарми модар онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят кардааст. Маҳз ҳамин лаҳзаҳои кучак дар зиндагӣ, як сухани нек аз падару модар, як аллаи меҳрубонаи модар ё як дастгирии сода метавонанд, таъсири бузург расонида бошанд.Чунин лаҳзаҳои муборак ба кӯдак нерӯ мебахшад, ба интихоби дуруст роҳнамоӣ мекунад ва дар ташаккули сарнавишти ҳаёти зиндагии ӯ нақши муҳим мебозад.

Валӣ Набизод – котиби Маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”