Дар асл, таърихи халқи тоҷик аз таърихи тамаддуни куҳани Осиёи Марказӣ сарчашма мегирад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо гузаштагони мо бо истифода аз неъматҳои табиат барои беҳтар намудани рӯзгори худ асбобу анҷоми гуногун омода мекарданд. Дар байни ҳамаи физилот маводи мис ҷойгоҳи хосае дошт. Аз қадимулайём тоҷикон мисро ҳамчун яке аз беҳтарин мавод барои сохтани зарфҳои рӯзгор, асбобҳои хоҷагӣ ва ҳатто ашёи ороишӣ истифода мебурданд. Ин интихоби онҳо танҳо аз сабаби дастрас будани мис набуд, балки хусусиятҳои нотакрори он, аз ҷумла мустаҳкамӣ, коркарди осон, нигоҳдории гармӣ ва фоидаи он барои саломатии инсон низ нақши муҳим дошт.
Имрӯз ин мероси гаронбаҳо дар осорхонаҳои таърихӣ нигоҳдорӣ мешавад. Дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” даҳҳо намунаи асбобҳои мисини рӯзгори гузаштагон ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд, ки аз фарҳанги баланди зиндагӣ ва ҳунари волои мисгарони тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Мис яке аввалин физилҳое мебошад, ки инсон онро кашф намуда, ба истифода даровардааст. Дар сарзамини Тоҷикистон низ аз замонҳои хеле қадим маъданҳои мис истихроҷ шуда, ҳунармандон аз он асбобу анҷоми гуногун месохтанд. Ҳунари мисгарӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Бухоро ва Самарқанд хеле рушд ёфта буд. Сабаби асосии истифодаи васеи мис дар он буд, ки он гармиро хуб нигоҳ медорад ба осонӣ шакл мегирад, муддати дароз хизмат мекунад ва дар сурати нигоҳбини дуруст солҳои зиёд сифати худро гум намекунад. Ҳамин хусусиятҳо боис гардиданд, ки зарфҳои мисин қариб дар ҳар як хонадони тоҷик ҷой гирифтанд. Бузургсолон ҳамеша таъкид мекарданд, ки оби дар зарфи мисин нигоҳдошташуда тоза ва хуштаъм мегардад.
Имрӯз низ олимон таъсири зиддимикробии мисро эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, истифодаи чунин зарфҳо на танҳо барои пухтупаз, балки барои нигоҳдории об низ маъмул мебошад.
Ҳамзамон, дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, намунаҳои гуногуни асбобҳои мисин нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо таърихи хоси худро доранд. Яке аз чунин ашёҳо обдаста мебошад. Обдаста дар гузашта барои гирифтани таҳорат, шустани дасту рӯй ва дигар корҳои рӯзмарра истифода мешуд. Онро устоҳои моҳир бо нақшу нигори миллӣ оро медоданд. Обдастаҳо на танҳо воситаи рӯзгор, балки намунаи ҳунари волои кандакорӣ ва наққошии рӯйи мис ба ҳисоб мерафтанд.
Аз ҷумлаи дигар ашёи муҳим деги мисин мебошад. Деги мисин барои пухтани оши палав, шӯрбо ва дигар таомҳои миллӣ, инчунин барои гарм кардани об истифода мегардид. То имрӯз ҳам бисёре аз ошпазҳои соҳибтаҷриба бар он назаранд, ки таъми ғизои дар деги мисин пухташуда аз дигар зарфҳо беҳтар аст. Қобилияти яксон паҳн намудани гармӣ имкон медиҳад, ки ғизо бо сифати баланд омода шавад.
Дар осорхона инчунин дастшӯйҳои мисин низ ба намоиш гузошта шудаанд. Онҳо дар хонаҳои қадима, масҷидҳо ва корвонсаройҳо барои шустани даст истифода мешуданд. Баъзе аз онҳо бо нақшу нигори хеле зебо оро ёфта аз маҳорати баланди устоҳои тоҷик шаҳодат медиҳанд. Дар баробари ин кӯзаҳо, лаълиҳо, табақҳо, чойникҳо, косаву кафлесҳо, кафгирҳо ва дигар зарфҳои мисин низ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳар як ашё бозгӯи тарзи зиндагӣ, сатҳи фарҳанг ва ҳунари волои гузаштагони миллати тоҷик мебошад.
Бале, мисгарӣ яке аз қадимтарин касбҳои ҳунармандии тоҷикон ба шумор меравад. Устоёни мисгар бо истифода аз болға, сангдон ва дигар асбобҳои махсус аз як варақаи мис зарфҳои гуногун омода мекарданд. Баъд аз он рӯйи онҳоро бо нақшу нигори миллӣ, навиштаҷот ва гулҳои ороишӣ зиннат медоданд. Ин ҳунар аз падар ба фарзанд гузашта садсолаҳо нигоҳ дошта шудааст. Ҳар як усто услуби махсуси худро дошт ва маҳсули дастони ӯ аз дигарон фарқ мекард. Маҳз ҳамин ҳунар боис гардид, ки маҳсулоти мисгарони тоҷик дар бозорҳои Шарқ шуҳрати зиёд пайдо намоянд. Ҳунари мисгарӣ дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хос дошта, устоҳои мисгар бо маҳорати баланд зарфҳое меофариданд, ки ҳам барои истифодаи рӯзмарра ва ҳам ҳамчун осори ҳунарӣ арзиш доштанд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд номи маҳаллаи “Мисгарон” то имрӯз ҳамчун нишонаи эҳтиром ба ҳунари қадимаи мисгарӣ боқӣ мондааст. Ин ном моро ба ёди устоҳои ҳунарманд мебарад, ки бо дастони пурҳунари худ зарфҳои зебо офарида як саҳифаи дурахшони фарҳанги миллиро ба вуҷуд оварданд.
Мо бояд мероси гаронбаҳои ниёгонро ҳифз намоем, эҳтиром ба чунин осори таърихӣ, зеро ҳар як зарфи мисин қиссаи зиндагӣ, меҳнат ва завқи эстетикии гузаштагони моро дар худ нигоҳ медорад.



Валӣ Набизод – котиби Маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”