Рейтинг: 



/ 1
- Подробности
-
Создано 29.07.2026 10:57
-
Просмотров: 1
Дар ҷаҳони имрӯз китоб ҳамчун ганҷинаи дониш ва таърих аҳаммияти бузург дорад. Ҳар як китоби нодир метавонад, қисме аз фарҳанг ва хотираи мардумро нигоҳ дорад. Аз ҳамин сабаб, ҳадя кардани китобҳо ба осорхонаҳо як амали хайрхоҳона ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз дӯстдорони китоб Ҳошимова Биойзода сокини шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 18 бо нияти нигоҳ доштани мероси маънавӣ маҷмӯаи китобҳои худро ба осорхона ройгон тақдим кард.
Ӯ бовар дошт, ки китобҳо бояд танҳо дар рафи хона намонанд, балки барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва дӯстдорони таърих дастрас бошанд.
Роҳбарияти осорхона аз ин иқдом изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки чунин ҳадяҳо ба бой гардидани захираи фарҳангии муассиса мусоидат мекунанд. Китобҳои тақдимшуда ҳамчун намунаҳои арзишманд нигоҳдорӣ шуда, барои наслҳои оянда хизмат хоҳанд кард.
Ин кори нек нишон медиҳад, ки муҳаббат ба китоб ва фарҳанг метавонад миёни одамон пули дӯстӣ созад. Ҳар як шахсе, ки китоберо ба осорхона ё китобхона мебахшад, дар ҳифзи таърих ва паҳн кардани дониш саҳм мегузорад.
Даврон Исобоев – мудири шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Добавить комментарий