Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Даромадгоҳи қалъаи таърихӣ – қадами аввал бо шиносоии таъриху фарҳанг

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” хазинаи фурӯши чиптаҳо ҷойгир шудааст. Ҳар як меҳмон, хоҳ сокини маҳаллӣ бошад ва хоҳ сайёҳи хориҷӣ, пеш аз ворид шудан ба ҳудуди қалъа аз хазина чиптаи вурудро дастрас намуда, сипас вориди маҷмаа мегардад. Ин тартиб барои ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ва баҳисобгирии шумораи меҳмонон мусоидат мекунад.
Ҳамин гуна низом дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ амал мекунад. Меҳмонон пеш аз тамошои толорҳои намоишӣ ва осори нодири таърихӣ аз хазина чипта харидорӣ намуда, баъдан аз ашёҳои нодири толорҳои осорхона боздид мекунанд. Ин раванд барои таъмини тартибот ва фароҳам овардани шароити муносиб ба ҳар боздидкунанда аҳамияти калон дорад.
Дар шафати хазина маълумоти зарурӣ барои меҳмонон ҷойгир карда шудааст. Аз ҷумла, реҷаи кори муассиса бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шудааст, ки барои сайёҳонӣ хориҷӣ низ фаҳмо мебошад. Тибқи реҷаи муқарраршуда, маҷмаа ҳамарӯза аз соати 09:00 то 22:00 фаъолият намуда, танҳо рӯзи душанбе рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Мавҷудияти чунин маълумоти равшан ва дастрас ба се забон аз таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса ба рушди сайёҳӣ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамин тартиб имкон медиҳад, ки ҳар як боздидкунанда сафари худро ба яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии шаҳри Хуҷанд бо таассуроти нек оғоз намояд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesДаромадгоҳи қалъаи таърихӣ – қадами аввал бо шиносоии таъриху фарҳанг
Scroll to Top