Дар ҳар як муассисаю ташкилоту идораҳо таъмини шароити бехатари меҳнат яке аз самтҳои муҳимтарин ин ҳифзи меҳнат кафили фаъолияти самаранок ба ҳисоб меравад. Хусусан, дар муассисаҳои фарҳангию таърихӣ, ки ҳамарӯза кормандон ва меҳмонони зиёдро қабул мекунанд, риояи қоидаҳои ҳифзи меҳнат аҳамияти махсус дорад.
Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” масъулияти роҳандозӣ ва назорати чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ба зиммаи сардори ҳифзи меҳнат Мавҷуда Бойматова вогузор шудааст. Ӯ дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҷиҳати фароҳам овардани муҳити бехатари корӣ, пешгирии ҳодисаҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию техникии кормандон пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ӯ ташкили омӯзиш ва дастурдиҳии кормандон оид ба қоидаҳои техникаи бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва бехатарии зидди сӯхтор мебошад. Ҳамзамон, ҳолати ҷойҳои корӣ мунтазам санҷида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида тавсияҳои мушаххас пешниҳод мегарданд.
Бо ташаббуси сардори хадамоти ҳифзи меҳнат санҷишҳои дохилӣ, машқҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ баргузор гардида, кормандон ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи меҳнат ҷалб карда мешаванд. Ин тадбирҳо ба баланд гардидани сатҳи масъулиятшиносӣ ва пешгирии ҳолатҳои хавфнок мусоидат мекунанд. Мавҷуда Бойматова дар ҳамкорӣ бо роҳбарият ва сохторҳои дахлдор барои такмил додани шароити меҳнат, таъмини воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва риояи меъёрҳои санитариву техникӣ низ саҳми назаррас мегузорад. Натиҷаи чунин фаъолияти мунтазам ба беҳтар шудани муҳити меҳнат, ҳифзи саломатии кормандон ва баланд шудани самаранокии фаъолияти муассиса мусоидат менамояд. Имрӯз ҳифзи меҳнат танҳо маҷмӯи талаботи техникӣ нест, балки фарҳанги масъулият ва ғамхорӣ нисбат ба кормандон мебошад. Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ Бойматова Мавҷуда ҳамеша бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб амал намуда, барои таъмини муҳити солиму бехатари меҳнат пайваста талош меварзад. Зери роҳбарии ӯ масъалаҳои риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифодаи дурусти воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар ҳолати мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда ва иҷрои ҳатмии қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва таври мунтазам назорат карда мешаванд. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи саломатии кормандон ӯ мунтазам корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва омӯзиширо бо талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии соҳаи ҳифзи меҳнат шинос менамояд. Аз ин рӯ, ӯ дар байни кормандон ҳисси эҳтиёткорӣ, интизоми меҳнат ва риояи ҳатмии талаботи бехатариро тарғиб намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо дар ин самт саҳми арзанда мегузорад.Маҳз муносибати ҷиддӣ, таҷрибаи корӣ ва ташаббускории ӯ боис гардидааст, ки дар муассиса фазои мусоиди меҳнатӣ, риояи интизоми меҳнат ва иҷрои талаботи ҳифзи меҳнат дар сатҳи баланд таъмин гардида, кормандон бо итминон ва эҳсоси амният фаъолияти худро ба роҳ монданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти хадамоти ҳифзи меҳнат ташкили саривақтии муоинаи ҳатмии тиббии кормандон мебошад. Ҳамасола, тибқи нақшаи тасдиқгардида ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамаи кормандони муассиса ба муоинаи тиббии даврӣ фаро гирифта мешаванд. Ин тадбир бо мақсади ҳифзи саломатии кормандон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ошкорсозии барвақтии бемориҳо ва таъмини муҳити солиму бехатари меҳнат амалӣ карда мешавад. Бойматова Мавҷуда ба раванди ташкили муоинаи тиббӣ диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати пурра фаро гирифтани кормандон, омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳамоҳангсозии кор бо муассисаҳои тиббӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Дар натиҷа, ҳамаи кормандон дар муҳлатҳои муайяншуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, вазъи саломатии онҳо мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Пас аз анҷоми муоинаи тиббӣ натиҷаҳои он тибқи тартиби муқараргардидаи қонунгузорӣ ҷамъбаст гардида, ҳисоботи дахлдор саривақт ба мақомоти Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ пешниҳод карда мешавад. Ин амал на танҳо иҷрои талаботи қонунгузориро таъмин менамояд, балки аз муносибати масъулиятноки роҳбарият ва хадамоти ҳифзи меҳнат нисбат ба ҳифзи саломатии кормандон ва таъмини беҳдошти санитарии муассиса шаҳодат медиҳад. Маҳз чунин тадбирҳои пайгирона имкон медиҳанд, ки дар муассиса муҳити солими меҳнатӣ нигоҳ дошта шуда, сатҳи бехатарӣ баланд бардошта шавад ва барои фаъолияти босамари кормандон шароити мусоид фароҳам гардад.
Фаъолияти пурсамар, масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва муносибати ҷиддӣ ба иҷрои вазифаи хизматӣ боис гардидааст, ки Бойматова Мавҷуда дар байни ҳамкорон соҳиби обрӯву эҳтироми хоса бошад. Ӯ бо донишу таҷрибаи ғанӣ, ташаббускорӣ ва ҳисси баланди масъулият дар таҳкими низоми ҳифзи меҳнат, таъмини муҳити бехатар ва ҳифзи саломатии кормандон саҳми арзанда мегузорад.
Бо дарназардошти фаъолияти босамар, саҳми назаррас дар рушди соҳаи фарҳанг ва иҷрои софдилонаву содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, бахшида ба 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки 18 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Коҳи фарҳанги Суғдиён”, конфронси илмӣ бо иштироки намояндагони соҳаи фарҳанг, олимону зиёиёни кишвар баргузор гардида буд, бо унвони ифтихории “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд. Ин қадрдонӣ самараи заҳмати чандинсолаи ӯ ва нишонаи эътирофи хизматҳои арзандааш дар рушди соҳаи фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.
Мавсуф ҳамзамон узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва аъзои Иттифоқи касабаи вилояти Суғд буда, дар корҳои ҷамъиятӣ низ иштироки фаъолона дорад. Ӯ ҳамеша барои таҳкими интизоми меҳнат, тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ дар байни кормандон ва баланд бардоштани фарҳанги меҳнат талош меварзад. Меҳнати содиқона, муносибати инсонпарварона ба ҳамкорон ва садоқати бепоён ба касб аз Бойматова Мавҷуда мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсияти обрӯманд сохтааст.Боварии комил аст, ки ӯ минбаъд низ бо донишу таҷриба, ташаббус ва заҳмати созандаи худ дар пешрафти фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ ва таъмини муҳити бехатару солими меҳнат саҳми арзандаи худро идома хоҳад дод.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”