Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи кӯдакони имконияташон маҳдуд ба Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва шиносоӣ бо мероси фарҳангии миллат, кӯдакони имконияташон маҳдуд аз Ҷамъияти «Манбаи Меҳр» таҳти роҳбарии Шарипова Маҳфузахон ба Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварданд.

Зимни боздид иштирокчиён бо таърихи ҳавлиҳои қадимаи тоҷикон аз наздик ошно гардиданд. Ба меҳмонон дар бораи осори гаронбаҳо, мақому манзалат ва санъати волои тоҷик маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Кӯдакон аз фазои фарҳангии музей таассуроти нек гирифта, ба таъриху фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд. Чунин чорабиниҳо барои рушди маънавӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва боло бурдани завқи фарҳангии кӯдакон аҳаммияти калон доранд.

Роҳбарияти Ҷамъияти «Манбаи Меҳр» изҳори умед намуданд, ки чунин сафарҳои маърифатӣ дар оянда низ идома ёфта, барои фароҳам овардани имкониятҳои бештари рушди кӯдакони имконияташон маҳдуд мусоидат хоҳанд кард.

Дар фарҷом иштирокчиён ба масъулини Хона-музей барои истиқболи самимӣ ва пешниҳоди маълумоти судманд изҳори сипос намуданд.

Тошматова Тахмина - роҳбалади

Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesТашрифи кӯдакони имконияташон маҳдуд ба Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top