Тобистон яке аз беҳтарин фаслҳо барои саёҳат ва шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Дар вилояти Суғд имкониятҳои зиёде барои гузаронидани таътили ҷолиб ва омӯзанда мавҷуданд. Маконҳои таърихӣ ва осорхонаҳо ба меҳмонон имконият медиҳанд, ки аз гузаштаи бойи ин сарзамин огоҳ шаванд.
Тобистон — вақти истироҳат, вале ҳамзамон имконияти хуб барои шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги диёр мебошад. Барои кӯдакон ва хонандагон саёҳат ба маконҳои таърихӣ метавонад ба як дарси ҷолиб ва хотирмон табдил ёбад.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷо кӯдакон метавонанд бо осори қадима ва муҳити давраҳои гузашта шинос шаванд. Сайри илмӣ “экскурсияҳо” одатан бо забони сода ва фаҳмо гузаронида мешаванд, ки барои хонандагон хеле ҷолиб аст.
Чунин саёҳатҳо ба кӯдакон имконият медиҳанд, ки таърихро на танҳо хонанд, балки онро дар амал бубинанд ва эҳсос кунанд.
Дар нимсолаи аввали соли равон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 25375 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ ва аз инҳо 5150 нафарашонро толибилмони МТМУ ташкил медиҳанд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, рӯ овардан ба таърихи ниёгон рӯз аз рӯз зиёд шудаистодааст.
Дар баробари ин, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он ҷо коллексияҳои нодир, ашёҳои археологӣ, либосҳои миллӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва намунаҳои санъати мардумӣ нигоҳ дошта мешаванд.


Шовазир Муродҷони – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"