Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конфронси илмӣ бахшида ба 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаи 16 майи соли 2026 бахшида ба ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар толори бошукуҳи Муассисаи давлатии “Коҳи фарҳангии Суғдиён”- и шаҳри Хуҷанд, конфронси ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи осорхонаҳо дар фарҳанг ва тамаддуни миллӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар Муртазохон- муовини раиси вилояти Суғд, Бахтиёр Қосимов – сардори раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд, Ҷамшед Набизод- муовини раиси шаҳри Хуҷанд, Азиз Қурбон Қурбониён – намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафаршо Сафо Иброҳимзода - директори “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдувалӣ Шарифзода – номзади илмҳои таърих, доктори донишгоҳи Оксфорд, мудири шуъбаи таърих, илм ва техникаи институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониши АМИТ(Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), Фарзона-шоираи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон, фарҳангшиносон, таърихшиносон аҳли зиё, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони соҳаи маориф, собиқадорони меҳнат ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳамчунин, пеш аз оғози конфронси илмӣ ба ҳозирин филми мустанади таърихӣ оид ба ҷараёни барқарорсозӣ ва навсозии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиш дода шуд. Дар филм марҳилаҳои асосии таъмиру эҳё,ҳифзи мероси фарҳангӣ, ғанӣ гардонидани экспонатҳо ва саҳми мутахассисоу таърихшиносон дар барқарорнамудани симои таърихии осорхона ба таври муфассал инъикос ёфтанд.
Конфронси илмиро Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин санаи фарҳангиву таърихӣ хайра мақдам гуфт. Ӯ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар тӯли як асри фаъолият ҳамчун махзани нодири мероси таърихиву фарҳангӣ хизмат намуда, дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Зикр гардид, ки осорхона новобаста аз таҳаввулоти гуногуни таърихӣ рисолати маънавию фарҳангии худро ҳифз намуда, имрӯз ҳамчун маркази муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ фаъолият дорад.
Дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, пас аз суханронии ифтитоҳи Омири кулии муассисаи мазкур, табрикоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби Исмоилзода Зуфар Муртазохон -муовини раиси вилояти Суғд, табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Азиз Қурбон Қурбониён, табрикоти раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Ҷамшед Набизод шунида шуданд.
Сипас, директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Бойматов Мансур Тошматович бо маърӯзаи табрикотӣ таҳти унвони”Даҳ соли фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои беназир” баромад намуд. Номбурда зимни суханронии худ аз дастовардҳо ва пешрафтҳои назарраси осорхона дар даҳсолаи охир ёдовар шуда, гуфта шуд, ки муассиса дар ин давра ба яке аз марказҳои муҳими илмӣ – фарҳангӣ ва маърифатии вилоят табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки дар солҳои охир ҷиҳати ғанигардонии фонди осорхона, ҳифзу нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ, тармиму барқарорсозии нигораҳои нодир, ташкили намоишгоҳҳои мавзуӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши таърих корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҳамчунин, мавсуф аз рушди ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, иштироки кормандони осорхона дар ҳамоишҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва татбиқи усулҳои муосири осорхонадорӣ ёдовар гардид. Дар идомаи суханронӣ Бойматов Мансур Тошматович саҳми кормандони соҳаи фарҳанг ва муҳаққиқонро дар ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки осорхона ҳамчун макони худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, нақши муассир дорад. Ӯ изҳори умед намуд, ки дар оянда низ фаъолияти осорхона дар самти омӯзиш ва муаррифии таъриху тамаддуни тоҷикон боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
Дар идомаи конфронс номзади илмҳои таърих, Абдувалӣ Шарифзода бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони ”Контиуненти таърихию фарҳангии тоҷикон: Хуҷанд ва Хатлон дар партави Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва коллексияи таърихии Пешвои миллат” суханронӣ намуд.
Мавсуф зимни маърӯзаи худ ба робита ва пайванди таърихию фарҳангии минтақаҳои Хуҷанду Хатлон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун бахшҳои муҳими тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, нигораҳои таърихӣ, сиккаҳо ва осори фарҳангие, ки имрӯз дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳфузанд, далели равшани рушди давлатдорӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат ва фарҳанги ғании тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърих мебошанд. Абдувалӣ Шарифзода ҳамчун нақши коллексияи таърихии Пешвои миллатро дар эҳё ва муаррифии арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷамъоварӣ ва ҳифзи чунин мероси гаронбаҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ ва омӯзиши амиқи таърихи миллат аҳамияти бузурги илмӣ дорад. Ба гуфти ӯ осорхонаҳо на танҳо махзани нигораҳои таърихӣ, балки марказҳои муҳими илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки дар тарбияи насли огоҳу ватандӯст саҳми муассир мегузоранд.
Дар фарҷоми маърӯза зикр гардид, ки таҳқиқ ва муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанд ва Хатлон барои муаррифии тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ, Набиҷон Раҳимов – доктори илмҳои таърих, бостоншинос, профессори МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бо маърӯзаи таҳти унвони “Саҳми кормандони осорхона дар ҳафриёти бостоншиносии “Қалъаи Хуҷанд” баромад намуд. Ӯ гуфт, ки қалъаи хуҷанд яке аз ёдгориҳои муҳими таърихии шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар он чандин сол боз ҳафриётҳои бостоншиносӣ гузаронида мешаванд. Дар ин раванд на танҳо бостоншиносон, балки кормандони осорхона дар ҷамъоварӣ ва ҳифзи бозёфтҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти илмии мавод, нигоҳдорӣ ва намоиши осорҳо дар осорхонаи таърихӣ саҳми назаррас доранд.
Ҳадафи асосии конфронс баррасии нақшу мақоми осорхонаҳо дар ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди тамаддуни тоҷикон арзёбӣ гардид. Иштирокчиён зимни маърӯзаҳо оид ба таърихи ташаккули осорхонашиносӣ, усули муосири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва густариши фаъолияти маърифатии осорхонаҳо ибрози назар намуданд.
Дар ҷамъбасти конфронси илмӣ як қатор кормандони фаъоли осорхонаи таърихӣ барои саҳми арзанда дар ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ аз ҷониби намояндаи соҳаи фарҳанг бо унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сипоснома, ифтихорномаи раиси шаҳру вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Хотиррасон гардид, ки бахши навбатии чорабиниҳо бахшида ба 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, санаи 17 майи соли ҷорӣ идома меёбад. Дар доираи ин ҷашвора ифтитоҳи намоиш таҳти унвони”Сад соли ҳифзи таърих”, барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандони номдори санъати миллати тоҷик, дар Театри давлатии мусиқӣ- маҳзакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ соати 18 : 00 баргузор хоҳад гардид.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesКонфронси илмӣ бахшида ба 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top