Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намунаи хирадмандиву ташабускории ҷавонон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо, нақши осорхона ҳамчун нигаҳдоранда ва муаррифгари меъроси таърихиву фарҳангии миллат беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад. Осорхона на танҳо макони нигаҳдории ёдгориҳои моддӣ, балки маркази маърифатии миллӣ, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад. Дар ин замина, фаъолияти пурмӯҳтавои роҳбарияти муассиса дорои аҳмияти вижавӣ дорад.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳамчун, яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва илмии кишвар дар тарбияи манънавии ҷомеа саҳми назаррас дорад. Роҳбари ин муассиса – Бойматов М.Т. бо фаъолияти касбӣ ва хислатҳои наҷиби инсонӣ метавонад ҳамчун намунаи ибрат барои ҷавонон арзёбӣ гардад. Бойматов М.Т ҳамчун мутахассиси соҳаи таърих ва фарҳанг бо донишҳои амиқи назариявӣ ва малакаҳои амалии идоракунӣ тавонистааст, фаъолияти осорхонаро ба сатҳу сифати нав барорад.

Фаъолияти меҳнатии ӯ баъди хатми Институти педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) соли 1983 дар МТМУ №26 ҷамоати Ҳ.Усмони ноҳияи Хуҷанд (алҳол Б.Ғафуров) оғоз гардида, дар осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Ленинобод аз соли 1984 ҳамчун мудири шӯъбаи таърихи давраи шӯравӣ оғоз гардидааст. Дар давоми фаъолияти пурмӯҳтавои худ, ӯ ҳамчун шахси кордону мутахассиси хуб як қатор корҳои назаррас, аз қабили: даровардани тағироту иловаҳо ба экспозитсияи намоишии давраи шӯравӣ, бурдани корҳои тадқиқотиву омӯзишӣ ва ғанигардонии фонди осорхона бо нигораҳои нав аз ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ба анҷом расонидааст. Ҳамчунин дар давоми ин солҳо ӯ ду маротиба: бори аввал соли 1985 дар шаҳри Душанбе ва соли 1986 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия курси такмили ихтисоси мудирони шӯъбаи давраи шӯравиро гузашта, сатҳи дониши худро баланд бардоштааст.

Аз соли 1994 ӯ самти фаъолияти худро дигар менамояд, лек меҳру муҳаббат нисбат ба касби худ ва арзишҳои ниёгон ӯро дубора ба фаъолияти осорхонавӣ бармегардонад ва аз соли 2012 ӯ алакай дар бинои тавтаъсиси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар ҳайси мудири шӯъбаи таърих ба кор шурӯъ менамояд.

Бо назардошти фаъолияти пурмӯҳтавову меҳнати фидокоронааш, бо пешниҳоди кулли кормандони осорхона аз соли 2013 ӯ ба ҳайси омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тайин мегардад. Фаъолияти роҳбарии худро Бойматов Мансур Тошматович бо як илҳому руҳияи тоза оғоз мекунад. Ӯ дар назди худ якчанд мақсад гузошта барои ноил гардидан ба он кӯшиш намуда, ба ҳадафҳои худ мерасд. Ӯ корро аз таъмири осорхона ва ифтитоҳи боз як толори намоишӣ, ки дар он намоишҳои муваққативу сайёр баргузор мегардад, сар мекунад. Ҳамчунин ба осорхона кадрҳои ҷавону мутахассисони соҳаро ҷалб намуда, ба кори осорхона навгонии куллӣ ворид мегардонад. Ҳангоми ҷойивазкунии осорхона аз бинои масҷид соли 1990 ба Қалъаи Хуҷанд ва аз Қалъаи Хуҷанд ба тарабхонаи “Панҷшанбе” корҳои назаррасро анҷом додааст, дар рафти бунёди намоишгоҳи осорхонавӣ дар бинои тарабхона саҳм гузоштааст.

Минбаъд ӯ дар пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ ва созмон додани як қатор осорхонаҳо аз қабили: Хона-осорхонаи Д.Холмато дар ноҳияи Б.Ғафуров, Осорхонаи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тоҷикистон дар масири Истиқлолият” солиҳои 2017, 2022, Хона -музейи Камоли Хуҷандии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” соли 2015, Осорхонаи МД Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” бо маводҳои 7-манотиқи Тоҷикистон соли 2017, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии “Курушкада”-и ноҳияи Спитамен соли 2019, Осорхонаи таърихии шаҳраки Истиқлол (Табашар) соли 2023, Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Б.Ғафуров соли 2023, Эҳё ва азнавсозии Қалъаи Хуҷанд, Ҷиҳозонидани толорҳои намоишӣ ва 8-ҳавлии ҳунармандон дар ин макони таърии шаҳри Хуҷанд соли 2024, пешниҳодҳо оиб ба ҷиҳозонидани ҳуҷраҳои иқоматии Қалъаи таърихию фарҳангии Балҷувон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон соли 2025, босо бузург аст. Бо таклифу пешниҳоди ӯ осорхонаи хоҷагии деҳқонии ба номи А. Самадови ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов мақоми ноҳиявӣ гирифта, фаъолияташро густариш дод.

Бояд ёдрас шуд, дар гузашта осорхона дорои “Ахборот”-маҷаллаи худ буд, ки он бори аввал соли 1964 нашр гардида, сипас он бо сабабҳои гуногун аз нашр боз монда буд ва маҳз бо кӯшишу талошҳои Бойматов М.Т. соли 2016 дар доираи ҷашнгирии 90-солагии таъсисиёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нашри ин маҷалла дубора ба ҳукми анъана дароварда шуда, ҳамасола шумораи навбаатии он бо фарогири мақолаҳои илмиву оммавии олимону кормандони илмии осорхона доир ба таъриху фарҳангу осорхонашиносӣ нашр мегардад.

Ҳамчунин дар доираи ҷашнгирии 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳз бо ташабуси Бойматов М.Т. бори аввал намоиши сайёр, ҳунарҳои миллӣ ва ретроавтомобилҳо дар шафати чапи бинои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд баргузор гардида буд, ки баъдан он ба расмият даромада ҳамасола санаи 18-май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар мавъезҳои гуногун баргузор мегардад.

Бо мақсади пешбурди кори осорхонашиносӣ ҳамасола гурӯҳи кории махсус аз ҳисоби кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти роҳбарии Бойматов М.Т ташкил карда шуда, онҳо ба осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафарбар гардида, бо фаъолияти осорхонаҳо аз наздик шинос шуда, ба онҳо ёрии методӣ мерасонанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ин шахс ин тарбияи мутасассисони соҳаи осорхонашиносӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавон мебошад, ки банда низ яке аз онҳоям. Шиносои ман бо ин шахс соли 2013 вақте, ки ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба кор шурӯъ намудам, оғоз гардид. Аз ҳамон рӯз ман ҳамчун як шогирди ин шахси бузург бисёр корҳои илмиву тадқитотӣ ва нозукии илми осорхонашиносиро аз ин шахс аз омӯхтам ва имрӯз миннатдорам. Бойматов М.Т. бо фаъолияти пурҷабҳаи худ нишон медиҳад, ки роҳбарӣ натанҳо вазифаи маъмурӣ, балки рисолати маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ин андеша барои мо ҷавонон дорои аҳамияти баланди тарбиявист.

Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омири осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов Мансур Тошматович ҳамчун шахси дорои ҷаҳонбинии илмӣ, ахлоқи баланд ва масъулияти иҷтимоӣ намунаи шоиста барои ҷавонон мебошад.

Фаъолияти ӯ дар самти рушди осорхона, густариши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбияи маънавии ҷавонон ва муаррифии арзишҳои миллӣ нишон медиҳад, ки роҳбар метавонад ҳамзамон олим, мураббӣ ва шахси ҷамъиятӣ бошад. Таҷрибаи касбӣ ва хислатҳои инсонии ӯ барои насли ҷавон мактаби ибрат буда, дар ташаккули кадрҳои ватандӯст ва соҳибмаърифат нақши муҳим мебозад.

Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи таърихи

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди

МД“МФТ "Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНамунаи хирадмандиву ташабускории ҷавонон
Scroll to Top