Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сад соли таърих дар як барнома

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Таърих хотираи зиндаи ҳар як кишвару миллат аст, ки гузашта, имрӯз ва фардоро ба ҳам мепайвандад. Осорхонаи таърихӣ дар умум на танҳо нигоҳдорандаи ёдгориҳои моддӣ мебошад, балки мактаби худшиносӣ ва шинохти решаҳои миллии гузаштагон буда , робитаи маънавии наслҳоро устувор мегардонад.

Зикр бояд намуд, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки дар остонаи таъсисёбии 100- солагии қарор дорад, ки дар тӯли як аср ба яке аз марказҳои муҳими таърихиву фарҳангии кишвар табдил ёфтааст.

Ба пешвози истиқболи ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳамкориҳои худро бо тамоми шабакаҳои расонавии вилояти Суғд боз ҳам густариш додааст. Имрӯз ин муассисаи фарҳангиву таърихӣ бо рӯзномаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин бо шабакаҳои телевизонии вилояти “Суғд”,ШТР- СМ-1, 7- ситора, Азия, Диёр ва дигар воситаҳои ахбори омма робитаи зич барқарор намуда, бо истифода аз имкониятҳои расонавӣ таърихи пурғановат ва фаъолияти худро ба таври васеъ ба ҷомеа мерасонад.

Бо мақсади таҷлилу муаррифии шоистаи ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар толори намоиши осорхонаи таърихи навори нави барномаи ток- шоу “Печу тоби замон” сабт карда шуд. Дар барномаи мазкур роҳбарияти муассиса, мудирони шуъбаҳои мухталиф, роҳбаладони ботаҷриба, коршиносон , таърихшиносон ва собиқадорони меҳнат иштирок намуда,оид ба таърихи осорхона нақши он дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои он суҳбати ҷадид намуданд.

Ин суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво, ки ба бозгӯ ва таҳқиқи ҳақиқати таърихӣ бахшида шуда бо иштироки рӯзноманигори варзида Муҳаббат Муродова муҳаррир ва ровии барномаи маъруфи ток – шоу “Печутоби замон”- и телевизони ШТР СМ-1 ба навор гирифта шуд. Дар ҷараёни барнома иштирокчиён перомуни саҳифаҳои муҳими таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, нақши он дар ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва арзиши бозёфтҳои нодири таърихӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, коршиносон ва таърихшиносон вобаста ба аҳамияти омӯзиши таърих, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва саҳми осорхонаи таърихӣ дар баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа андешаҳои ҷолиб баён намуданд. Фазои гарму самимии талошҳои суҳбат ва саволу посухҳои озоду таҳлилӣ ба барнома мазмуну муҳтавои хос бахшида, барои тамошобинон ва дӯстдорони таърих имкони бештар фароҳам овард, ки бо таъриху фаъолияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз наздик шинос гарданд.

Қобили зикр аст, ки ин барномаи фарҳангию таърихи оғози як силсила барномаҳои маърифатӣ буда, ҳадафи он боло бурдани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва худогоҳии бинандагон мебошад.

Бале, имрӯз дар остонаи ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қарор дорад, ки тайи як аср ҳамчун ганҷинаи нодири мероси миллӣ фаъолият менамояд. Ин ҷашни фархунда танҳо таҷлили як сана нест, балки оғози марҳилаи нави муаррифии таърихи пурғановати миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои таърихӣ ва ҳамкориҳои густурда бо васоити ахбори омма осорхонаи таърихӣ талош дорад,ки арзишҳои миллӣ, тамаддуни бостонӣ ва нақши таърихии тоҷиконро ба наслҳои имрӯз ва фардо муаррифӣ намояд.

Чӣ тавре ки коршиносон баён намуданд, ҳамкории зичи осорхона бо расонаҳо метавонад дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши таърих нақши муассирро гузорад. Ҳамзамон, барномаи ток- шоу “Печу тоби замон” низ бо таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ саҳми худро дар ин самт мегузорад.

Аз ин рӯ метавон гуфт. ки таҷлили 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки паёме барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.Зикр намуд , ки барномаи мазкур бо тарҳи ҷолиб ва муҳтавои пурмазмун тавонист таваҷуҷуҳи бинандагонро ба аҳамияти осорхонаи таърихӣ ва нақши он дар ҳифзи хотираи таърихии миллат бештар ҷалб намояд.

Дар фарҷоми барномаи ток- шоу “Печу тоби замон”, роҳбарияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”, ба ҳайати эҷодии барнома ва шабакаи ШТР СМ-1 барои таваҷҷуҳ ва инъикоси мавзуъҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамкории зич бо воситаҳои ахбори омма дар оянда низ идома ёфта, барои муаррифии бештари таърихи пурифтихори миллати тоҷик заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Валӣ Набизод - котиби маркази

иттилоотии МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСад соли таърих дар як барнома
Scroll to Top