Бале, инсон аз замонҳои қадим орзу парвозҳои фикру андеша дар масири таърих мекард. Орзуҳо бо сурати тасвирҳои аҷибу рамзӣ дар бедорӣ ҳамчун ҳадафу ниятҳои равшан дар зеҳни инсон шакл мегиранд. Аммо саволе пайдо мешавад, чаро инсон орзу мекунад ва ин орзуҳо аз куҷо сарчашма мегирад?
Аз нигоҳи илмӣ, орзуҳо натиҷаи фаъолияти мағзи сар мебошанд. Вақте ки инсон мехобад, мағзи сар корро қатъ намекунад, балки хотираҳо, эҳсосот ва таҷрибаҳои рӯзонаро коркард мекунад. Дар ҳамин раванд орзуҳо ба вуҷуд меоянд. Онҳо метавонанд, инъикоси хоҳишҳои пинҳонӣ, тарсҳо ё умедҳои инсон бошанд. Аз нигоҳи фалсафӣ бошад, орзу ҷузъи ҷудонашавандаи табиати инсон аст. Бе орзу зиндагӣ маънои худро гум мекунад. Орзу инсонро ба пеш мебарад ба инсон неру мебахшад ва ӯро водор месозад, ки барои расидан ба ҳадафҳояш талош варзад.
Ҷолиб он аст, ки орзуҳо танҳо ба оянда нигаронда нашудаанд, балки бо гузаштаи ҳаёт низ пайвандӣ доранд. Маҳз тавассути ёдоварӣ ва дарки таърих инсон метавонад орзуҳои навро бунёд кунад. Дар ин замина, таҷлили ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аҳамияти махсус дорад. Ин осорхонаи таърихи на танҳо ганҷинаи таърих, балки манбаи илҳом барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Осорхона бо нигоҳдории ёдгориҳои нодир ба мо имкон медиҳад, ки роҳи тайкардаи ниёгонро бишносем ва аз он барои сохтани ояндаи беҳтарин истифода барем. Ҳар як нигора, ҳар як санад ва ҳар як бозёфт дар он қиссаҳо, орзуҳои инсон нуҳуфтааст, ки аз гузашта нақл мекунанд. Осорхонаи таърихи ба мо ёдрас мекунад, ки мо кӣ будем ва аз куҷо омадаем.? Ва маҳз ҳамин дониш ба инсон имкон медиҳад, ки бо эътимод ба оянда нигарад. Орзуҳое, ки аз чунин заминаи таърихӣ сарчашма мегиранд, на танҳо воқеӣ, балки пойдор низ мебошанд.
Имрӯз, вақте ки ҷомеа ба сӯи рушду навоварӣ қадам мегузорад, нақши орзуҳои чунин муассисаи фарҳангӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Онҳо на танҳо гузашта, балки фардоро низ месозанд, фардое, ки дар зеҳни инсон пеш аз ҳама ҳамчун орзу пайдо мешавад.
Ҳамин тавр, орзуҳои инсон танҳо як тассавурот набудааст, балки он неруест, ки инсонро ба ҳаракат медарорад, ӯро ба кашфиёт водор мекунад ва ҷомеаро ба пеш мебарад. Вақте ки ин орзуҳо бо дарки амиқи таърих ҳамоҳанг мешаванд, онҳо метавонанд ба воқеият табдил ёбанд.