Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

«Ушшоқи Раҳмонӣ» — ҷилои тозаи ҳунари шашмақом

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Шашмақом, 10 майи соли 2026 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Фестивал — озмуни байналмилалии «Ушшоқи Раҳмонӣ» бо шаҳомати хоса оғоз гардид. Маросими ифтитоҳ дар саҳни Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуда, аҳли фарҳангу ҳунар ва дӯстдорони мусиқии классикиро ба ҳам овард.

Ин ҳамоиши фарҳангӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он эҳёи суннатҳои волои мусиқии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои фарҳангии тоҷикон ва муаррифии санъати шашмақом дар сатҳи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар фестивал намояндагони соҳаи фарҳанг, муҳаққиқон, мусиқишиносон ва ҳунармандони шинохта аз кишварҳои Фаронса, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба ҷойгоҳи шашмақом ҳамчун яке аз арзишмандтарин падидаҳои фарҳанги башарӣ андешаҳои ҷолиб баён карданд.

Дар маросими расмии ифтитоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муҳаққиқи маъруфи фаронсавӣ Жан Дюринг ширкат варзида, баргузории чунин фестивалҳоро барои ҳифзу рушди мусиқии суннатӣ бисёр муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ санъати шашмақом таҳти таваҷҷуҳи махсуси давлат қарор гирифта, барои рушду густариши он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз ин санъати нодир на танҳо мероси маънавии тоҷикон, балки василаи муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ансамблҳои шашмақомхонон бо иҷрои асарҳои классикӣ ва оҳангҳои дилангез барномаи рангини ҳунариро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Маҳорати волои сарояндагону навозандагон ба маҳфил рӯҳи тоза бахшида, аз ҷониби меҳмонон бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол гардид.

Фестивал — озмуни байналмилалии «Ушшоқи Раҳмонӣ» дар муҳити саршор аз фарҳангпарварӣ, таҳкими муколамаи тамаддунҳо ва арҷгузорӣ ба арзишҳои асили миллӣ баргузор гардида, ҳамчун падидаи муҳими фарҳангии дорои аҳамияти байналмилалӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа мақоми шоиста касб намуд.

Дилрабо Яҳёева-сардори шуъбаи кадрҳои

МД «МФТ Қалъаи Хуҷанд»

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle Categories«Ушшоқи Раҳмонӣ» — ҷилои тозаи ҳунари шашмақом
Scroll to Top