Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивал – озмуни “Беҳтарин усто ва шогирд”дар Қалъаи Хуҷанд

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5
  Санаи 06 майи соли 2026 дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, фазои ҳунарпарварӣ ҳукмфармо гардид. Дар ин макони таърихии пурифтихор Фестивал-озмуни вилоятии ҳунармандону косибон таҳти унвони “Беҳтарин усто ва шогирд” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ҳунармандони боистеъдодро аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҳам овард. Иштирокчиён, ки дар давраҳои шаҳриву ноҳиявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, дар ин марҳилаи вилоятӣ маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Ҳар як гӯшаи қалъа бо намоиши ҳунарҳои нодир, маҳсулоти дастӣ ва эҷодиёти рангоранги косибон зинат ёфта, диққати меҳмонон ва тамошобинонро ба худ ҷалб мекард.
Зикр намуд, ки Фестивал- озмун аз рӯйи чор номинатсия, беҳтарин ҳунари қаннодӣ, дӯзандагиву бофандагӣ, коркарди чӯб ва маснуоти тайёри фузулӣ баргузор гардид. Дар ҳар як бахш устоён бо шогирдони худ саҳми эҷодӣ гузошта, на танҳо маҳорати баланди касбии худро муаррифӣ намуданд, балки робитаи зичу анъанавии устоду шогирдро низ ба таври возеҳ ба намоиш гузоштанд. Ин ҳамкорӣ далели равшани идомаи анъанаҳои неки ҳунармандӣ буда, нишон медиҳад, ки таҷриба ва ҳунари ниёгон ба наслҳои ҷавон бо эҳтиром ва масъулияти баланд интиқол меёбанд. Дар растаҳои ороишӣ, ки бо завқи баланд ва санъати хоси миллӣ оро дода шуда буданд, муовини аввали раиси вилояти Суғд, Суҳайлӣ Қурбонзода аз наздик шинос гардида бо намояндагони шаҳру навоҳӣ ва дигар шахсони масъул суҳбати судманд анҷом доданд. Зимни боздид, эшон ба сатҳу сифати корҳои пешниҳодшуда баҳои баланд дода, саҳми ҳунармандонро дар рушди фарҳангӣ миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, дар чорабини муовини аввали раиси вилояти Суғд, Суҳайлӣ Қурбонзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки рушди ҳунармандӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии кишвар маҳсуб ёфта, барои эҳё ва нигоҳдории мероси ғайримоддии миллӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Ӯ саҳми ҳунармандонро дар муаррифии фарҳанги миллӣ баланд арзёбӣ намуда ба иштирокчиён барору комёбиҳои нав орзу кард.
Ҳадафи асосии баргузории фестивал – озмун тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, дастгирии устоёни ҷавон ва тақвияти мактаби устоду шогирд мебошад. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо барои кашфи истеъдодҳои нав мусоидат мекунанд, балки дар баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ низ нақши муҳим доранд.
Фестивал – озмуни мазкур дар фазои гарму самимӣ ва пур аз шодиву руҳбаландӣ баргузор гардида, дар сатҳи баланд ҷамъбаст карда шуд. Дар қисмати ҷамъбастӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол дар бахшҳои гуногун бо сипосномаҳо ва мукофотпулӣ тақдим карда шуданд.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”
Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФестивал – озмуни “Беҳтарин усто ва шогирд”дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top