Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фазои идона дар қалби қалъаи таърих

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Имрӯзҳо тамоми кормандони муассисаи фарҳанги ва шахсони масъул бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба касби худ, саргарми талошу фаъолияти пурсамар мебошанд. Ҳар яке аз онҳо мекӯшанд, то бо ташаббусҳои нав саҳми хешро барои ғанӣ гардонидани маънивиёти ҷомеа гузоранд. Дар ин раванд, онҳо на танҳо вазифаи ҳаррӯзаи худро иҷро мекунанд, балки пайваста барои такмил додани сатҳи хизматрасонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бале, дар остонаи як қатор чорабиниҳои муҳиму таърихӣ. аз ҷумла таҷлили Рӯзи Ғалаба, баргузории симпозиуми навбатии шашмақомхонон таҳти унвони “Ушшоқи Раҳмонӣ” ва аз ҳама муҳим, истиқболи 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”, дар маркази вилоят фазои омодагиҳои ҷиддӣ ва созандагӣ ҳукмфармост.

Имрӯзҳо тамоми сохторҳои марбута ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабиниҳо талош доранд. Яке аз самтҳои муҳим ободу зебо гардонидани муҳити маконҳои таърихию фарҳангӣ мебошад. Хусусан, дар Қалъаи таърихии Хуҷанд ва гирду атрофи он корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифта истодааст.

Боғбонони ботаҷриба ва кормандони хоҷагиҳои сабзазоркунӣ бо ҳисси баланди масъулият ба фаъолият машғул ҳастанд. Онҳо бо шинонидани гулҳои рангоранг, ки рамзи зебоӣ ва эҳтиром ба меҳмонон мебошанд, майдончаҳои сарсабзро ба тартиб меоранд. Ҳар як гулгашт ва гӯшаи сабзу хуррам бо завқи баланд оро дода шуда, ба қалъаи таърихӣ ҳусни тоза мебахшад. Ин тадбирҳо на танҳо ба хотири зебоии зоҳирӣ, балки фароҳам овардани фазои мусоиди фарҳангӣ ва истиқболи гарм аз меҳмонони дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ мегарданд. Чунин омодагиҳо бозгӯи эҳтироми сокинони вилоят ба таъриху фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои меҳмондӯстии тоҷикона мебошанд.

Бешубҳа, таҷлили 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд саҳифаи муҳим дар ҳаёти фарҳангии кишвар хоҳад буд. Ин муассисаи бонуфуз дар тӯли як аср ҳамчун маркази ҳифзу муаррифии мероси таърихӣ хизмат намуда, дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши назаррас гузоштааст.

Қобили зикр аст. ки бо ҳамин омодагиҳои ҳамаҷониба ва фазои идона, муассисаи фарҳангӣ омода аст,ки меҳмононро бо ҷеҳраи кушод ва муҳити ободу зебо истиқбол намояд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФазои идона дар қалби қалъаи таърих
Scroll to Top