Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Садоқат ба таъриху фарҳанги миллати хеш

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар мақолае хонда будам: “Агар дар дунё инсонҳои нек набошанд, ҳаёт дар рӯи замин камранг мегардад. Шукуфоии ҷамъият, зиндагии осоишта ва саодати мардум аз ҳастии инсонҳои неку сарсупурда мебошад, ки аз кӯчактарин имконоти худ истифода мебаранд, то дар хизмати халқу  Ватан бошанд.”

  Ин суханон бешубҳа сазовори роҳбарият ва аҳли кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошанд.

  Шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои зебо ва таърихӣ ба шумор рафта, Муассисаи  давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” макони сайругашти сокинону сайёҳон ва муаррифгари таъриху тамаддуни миллатамон маҳсуб меёбад.

  Маро муяссар гардидааст, ки дар зиёд чорабиниҳои ин муассисаи бонуфуз ширкат намуда бошам. Чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ ва илмию адабии муассиса дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ бо ширкати олимон, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, мутахассисон, собиқадорони соҳаҳои мухталиф, васоити ахбори омма,  донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ  доир мегарданд.

  Меҳру муҳаббат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ, илмию фарҳангии гузаштагон, масъулияшиносӣ, эҳтиром ва дӯст доштани касби хеш аз роҳбарияти  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сар карда дар вуҷуди ҳар яке аз кормандони муассиса сиришта шудааст.

  Дар ин айёме, ки дурахши хуршеди оламафрӯз рӯи қабои сабзи баҳорӣ мавҷ мезанад, 100-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  ҷашн гирифта мешавад.

Бо муҳаббат ва самимияту эҳтиром мегӯям:

Ин санаи фархунда муборак, азизон!

 

Боғи сабзи зиндагонӣ бо Шумо хушранг бод,

Рӯятон чун саҳфаҳои бе хати ожанг бод.

Қимату қадри Шумо аз илму аз фарҳанг бод,

Роҳи армони Шумо бе хору хас, бе санг бод.

Бенасиб асло намонед аз вафои зиндагӣ,

Дар амони хеш бошед аз ҷафои зиндагӣ.

Хам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо,

Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷойи Шумо.

Фароғат Усмонова

 собиқадори соҳаи фарҳанг

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСадоқат ба таъриху фарҳанги миллати хеш
Scroll to Top