Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, яке аз маконҳои зебову дӯстдоштарини шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Ин боғи фарҳангӣ на танҳо ҷойи истироҳату фароғатии сокинон аст, балки ба як маркази воқеии зебоии табиат ва ҳунари боғдорӣ табдил ёфтааст.
Бо фаро расидани фасли баҳору тобистон, тамоми майдончаҳои боғ бо гулу гулбуттаҳои рангоранги мавсимӣ ороста шудаанд. Ҳар як гӯшаи боғ бо завқи баланд ва ҳунари нотакрори боғбонон оро ёфта, фазои гуворо ва дилнишинро ба вуҷуд овардааст. Гулҳои рангоранг аз гулҳои нозук то садбаргҳои хушбӯй бо бӯйи муаттари нафис омезиш ёфта, як манзараи нотакрори табииро пешкаши сокинону меҳмонон месозанд.
Хусусияти ҷолибтарини ороиши боғ ин гулдонҳои замонавӣ ва гулчанбаракҳои эҷодкоронаи ҳунармандони маҳаллӣ мебошанд. Ин гулдонҳо бо тарҳҳои муосир ва шаклҳои гуногун дар тамоми роҳравҳо ва майдончаҳо ҷойгир карда шудаанд. Ҳар як гулдон ба мисли чун асари санъати бадеъӣ тобиш додашуда, бо интихоби дурусти ранг ва навъи гулҳои рангоранг диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Гулчанбаракҳо бошанд бо шаклҳои даврашакл ва тарҳҳои мураккаб омода гардида, ҳусни боғро боз ҳам афзун мегардонанд. Онҳо на танҳо барои зебоӣ, балки фароҳам овардани муҳити мусоид ва руҳбаландкунандаи истироҳаткунандагон хизмат мекунанд.
Зикр намуд, ки бо ташаббуси Абдусалом Қурбонзода, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, заҳмати шабонарӯзии боғбонон ба хубӣ эҳсос мешаванд. Онҳо бо меҳнати пайваста ва содиқонаи масъулияти баланди хеш ҳар як гулҳои нозукро парвариш намуда, барои нигоҳдории таровату зебоии боғи истироҳатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз ҳамин заҳмати софдилона буд, ки боғро тадриҷан аз як гӯшаи одӣ ба макони дилнишину ҷолиби истироҳат табдил дод. Кормандон ва шахсони масъул бо муҳаббат ҳар як роҳравҳо, ҷӯйборҳо ва шабонгоҳ бо таъмин намудани чароғакҳои равшанидиҳанда бод намуда, гулгаштҳоро бо рангҳои зебо оро доданд. Бо гузашти вақт, шароити истироҳат барои сокинон боз ҳам беҳтар гардид, ҷойҳои нишаст фароҳам оварда шудаанд, гӯшаҳои фароғатӣ бунёд ва фазои орому форам ҳукмфармо мебошад.
Бале, имрӯзҳо олами рангоранги гулҳо дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба як макони илҳомбахш барои дӯстдорони табиат табдил ёфта бо ҳусни нотакрораш ҳар бинандаро бо зебоӣ, тозагӣ ва муҳити дилангезаш ба худ ҷалб мекунад.




Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”