Санаи 27 апрели соли 2026 дар доираи сафари расмӣ ҳайати гуруҳи дӯстии Сенати Фаронса ва Осиёи Марказӣ бо роҳбарии ҷаноби Эрве Море, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, хонума Элза Пинёл ва дигар шахсони расмӣ ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Дар доираи барномаи сафари корӣ меҳмонон аз яке маконҳои муҳими таърихӣ Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”боздид ба амал оварданд.
Дар даромадгоҳи Қалъаи таърихии Хуҷанд, меҳмононро бо самимият ва эҳтироми хоса пешвоз гирифтанд. Дар ин маросими истиқбол, муовини раиси вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар Муртазохон, директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Бойматов Мансур Тошматович ва намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанг, инчунин шахсони масъул иштирок доштанд. Онҳо бо суханони гарм ва табассум меҳмононро хайру мақдам гуфта аз аҳамияти таърихию фарҳангии ин макони таърихӣ ёдовар шуданд. Ҳамзамон, барои боз ҳам бошукуҳ гардидани фазои истиқбол, гуруҳи донишҷӯёни фаъоли бахши забонҳои шарқ саф ороста бо либосҳои миллӣ ва чеҳраҳои кушод меҳмононро истиқбол намуданд. Онҳо бо истифода аз забони фаронсавӣ, ки бо шеваи равон ва дилнишин садо медод, суханони хайрамақдам баён карданд.
Ҳайати меҳмононро дар толорҳои намоишӣ донишҷӯёни забондон ҳамроҳӣ намуда, онҳоро бо ашёҳои нодири таърихӣ, намунаҳои санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, муҷассамаҳои шоирону классикони бузург ва дастхатҳои гаронбаҳо муаррифӣ карданд. Меҳмонон ба ин ганҷинаи фарҳангӣ бо таваҷҷуҳи хоса нигариста, аз намоишгоҳ таассуроти амиқ ва хотирмон бардоштанд.
Баъдан, меҳмонон ҳангоми расидан ба даромадгоҳи ҳавлии тоҷир худро дар фазои зебо ва пурнақши санъати миллии тоҷик эҳсос карданд. Дару деворҳо бо нақшу нигорҳои анъанавӣ, кандакориҳои нозук ва рангҳои гарм оро дода шуда, ҳусни хосе ба муҳит бахшида буданд. Ҳанӯз аз қадамҳои аввал меҳмонон бо ин ҷаҳони рангоранги фарҳанг ошно шуда, ба қадри ҳунару зебоии миллӣ расиданд. Илова бар ин пешвози самимӣ ва гарм бо чеҳраҳои кушода ва меҳмоннавозии хос дар дили онҳо эҳсоси хушҳолӣ ва роҳатро ба вуҷуд овард. Ин лаҳзаҳо барои меҳмонон хотирмон гардида, таассуроти аввалини онҳо аз ин ҳавлии тоҷир хеле мусбат ва дилнишин буд.
Сониян, дар фазои оромӣ ҳавлии тоҷир, мулоқоти самимӣ бо забони фаронсавӣ байни донишҷӯён баргузор гардид. Дар ҷараёни ин нишаст меҳмонон дар фазои гарму самимӣ бо донишҷӯёни бахши забонҳои шарқ ва инчунин намояндагони маркази фарҳангии Фаронса "Алянс -Франсез" дар шаҳри Хуҷанд, гирди мизи дастархони ваҳдат ҷамъ омада, сари як пиёла чой суҳбати озоду дӯстона анҷом доданд. Дар рафти мулоқот мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла таъриху фарҳанги кишварҳо, нақши забономӯзӣ дар таҳкими равобити байналмилалӣ, имкониятҳои таҳсил ва густариши ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Фазои нишаст бо барномаи фарҳангӣ боз ҳам рангину хотирмон гардид. Санъаткорони мумтоз бо иҷрои суруду оҳангҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида гардонида, руҳияи онҳоро боло бурданд. Ҳамзамон, раққосаҳои ҳунарманд бо рақсу ҳаракатҳои зебову ҳамоҳанг, ки анъанаҳои миллӣ ва унсурҳои муосирро дар бар мегиранд, саҳнаро ҷаззобтар карданд. Ин барномаи фарҳангӣ ба нишаст шукуҳи хоса бахшида, барои меҳмонон лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ба ёдгор гузошт. Онҳо таъкид карданд, ки чунин вохӯриҳо дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, густариши бисёрзабонӣ, баробарии гендерӣ дар байни ҷавонон, забономӯзӣ ва дӯстии байни халқҳо нақши муҳим доранд, ки ҷавонон имкони муколимаи мустақим бо ҳайати меҳмононро як таҷрибаи арзишманд арзёбӣ намуда, онро ҳамчун қадами муассир дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Фаронса номиданд. Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён ба роҳбари ҳайати гуруҳи дӯстӣ ҷаноби Эрве Море ва ба сафири Фаронса дар Тоҷикистон Элза Пинёл барои таваҷҷуҳ ва дастгирии рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ изҳори сипосу минатдорӣ кардаанд. Онҳо таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо барои боло бурдани сатҳи дониш ва забономӯзӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди дӯстии байни ҷавонони кишварҳо мусоидат мекунад.
Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни ин сафарӣ корӣ Муқим Темуров, роҳбари маркази фарҳангии Фаронса “Алянс – Франсез”, дар шаҳри Хуҷанд, ҳайати меҳмононро дар тамоми марҳилаҳои барнома ҳамроҳӣ намуд. Ӯ дар раванди боздид аз Қалъаи таърихии Хуҷанд ба меҳмонон оид ба фаъолияти марказ, ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Фаронса ва нақши он дар густариши дӯстии байни ҷавонон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Ин иқдом дар сатҳи баланди баргузории чорабинӣ ва ҳамоҳангсозии мулоқотҳо барои ҳайати меҳмонон имкони бештар фароҳам овард,то ки онҳо бо муҳити фарҳангӣ ва низоми таълимии шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шаванд.












Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”