Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷоизасупории ғолибони фестивали “Сайри гули лола”дар шаҳри Душанбе

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 26 апрели соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими бошукуҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии фестивали “Сайри гули лола” баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли фарҳанг, масъулони соҳаи кабудизоркунӣ ва меҳмонони сершумор дар фазои идона доир шуда, аҳамияти он дар рушди фарҳанги шаҳрсозӣ ва зебоии муҳити зист таъкид гардид.

Дар ин ҳамоиш директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Абдусалом Қурбонзода низ иштирок намуда, дастовардҳои боғро дар самти парвариш ва ороиши гулҳои рангоранги мавсимӣ муаррифӣ кард. Зикр гардид, ки боғи мазкур тайи солҳои охир ба яке аз маконҳои ҷолиби истироҳати шаҳрвандон ва тамошои гулҳои рангоранг табдил ёфтааст.

Пас аз натиҷагирии ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ, ки сатҳи омодагӣ, тарҳрезӣ, нигоҳубин ва гуногунрангии гулҳоро арзёбӣ намуд, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷойи сеюм дониста шуд. Ба ин муассисаи мазкур дипломи дараҷаи сеюм дар номинатсияи “Боғи фарҳангию фароғатӣ” ва мукофоти пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ тақдим гардид, ки ин нишонаи қадршиносии заҳмати кормандон ва саҳми онҳо дар ободонии муҳити зист мебошад.

Ҷоизаро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовини раиси шаҳр Толиб Раҳимзода супорида ба ғолибон барои фаъолияти пурсамар ва ҳиссагузорӣ дар рушди фарҳанги гулпарварӣ изҳори сипос намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки чунин фестивалҳо дар баланд бардоштани завқи зебопарастӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон нақши муҳим дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки фестивали “Сайри гули лола” яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола бо мақсади тарғиби зебоӣ, рушди соҳаи кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани фарҳанги экологии сокинон баргузор мегардад. Фестивали “Сайри гули лола” бори дигар собит намуд, ки таваҷҷуҳ ба зебоӣ ва ободонӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз меафзояд. Сазовор гардидан ба ҷойи сеюм аз ҷониби боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ гувоҳи фаъолияти босамар ва саҳми арзандаи он дар ободонӣ ва муҳити зист мебошад.

Қобили зикр аст, ки ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо барои тақвияти фарҳанги зебопарастӣ ва ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Валӣ Набизод - котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҶоизасупории ғолибони фестивали “Сайри гули лола”дар шаҳри Душанбе
Scroll to Top