Имсол Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” 100- солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Ин макони фарҳангиву таърихӣ дар давоми як аср ба яке аз марказҳои муҳими ҳифзу муаррифии мероси таърихии миллати тоҷик табдил ёфта, ҳамасола ҳазорон меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ба он ташриф меоранд. Экспонатҳои нодири осорхона, ки таърихи ҳазорсолаи кишварро бозгӯ мекунанд, барои ҳар як бинанда дунёи ҷолиби гузаштаро мекушоянд.
Дар доираи таҷлили ин санаи муҳим бо ибтикори Ваҳобзода Розия Ваҳоб- директори Муассисаи таҳсилоти давлатии гимназияи № 1 ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо ҳамроҳии омӯзгори роҳбари синфи 5 “б”, Дамирдухт Заррина гуруҳи хонандагон ба осорхонаи таърихӣ ташриф оварданд.
Ҳадафи асосии ин боздид баланд бардоштани сатҳи донишҳои таърихии хонандагон, тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва ошноии бевосита бо мероси ғании ниёгон мебошад. Хонандагон зимни саёҳат аз толорҳои гуногуни осорхона шинос шуда, аз наздик бо ашёҳои қадима, бозёфтҳои бостоншиносӣ, намунаҳои санъати мардумӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ шинос гардиданд.
Роҳбаладони осорхона ба хонандагон дар бораи давраҳои гуногуни рушди кишвар аз замонҳои қадим то давраи муосир маълумоти ҷолибу муфассал пешниҳод намуданд. Инчунин ба таърихи шаҳри бостонии Хуҷанд ва нақши он дар тамаддуни минтақа диққати махсус дода шуд. Ба хонандагон тамошои ҳайкали Темурмалик, ки дар ҳудуди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қомат афрохтааст, таъсири амиқ гузошт. Роҳбаладон ба онҳо дар бораи ҷасорату қаҳрамонии ин шахсияти таърихӣ қиссаҳои ҷолиб нақл карданд. Шогирдон бо шавқу ҳаваси зиёд ба саргузашти Темурмалик гӯш дода, аз матонату далерии ӯ дар ҳифзи Ватан илҳом гирифтанд.
Боздиди мазкур барои толибилмон на танҳо як экскурсия, балки дарси зиндаи таърих гардид. Онҳо тавонистанд донишҳои назариявии худро бо мушоҳидаҳои амалӣ ғанӣ гардонида, ба арзишҳои мероси фарҳангии миллат бештар арҷ гузоранд.
Албатта, чунин иқдомҳои боздид аз маконҳои таърихӣ, бахусус Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар тарбияи маънавии насли наврас аҳамияти бузург доранд. Зеро хонандагон на танҳо аз китобу дарс, балки мустақиман аз шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ дарки амиқтар пайдо мекунанд.
Хонандагон зимни боздид аз осорхона бо таассуроти хеле нек ва хотирмон баргаштанд. Онҳо аз дидани ашёҳои қадима, бозёфтҳои нодир ва шунидани қиссаҳои ҷолиби таърихӣ руҳбаланд гардида, шавқи бештар ба омӯзиши гузашта ва фарҳанги миллӣ пайдо намуданд. Барои аксари онҳо ин нахустин таҷрибаи наздик шинос шудан бо чунин ганҷинаи таърихӣ буд, ки эҳсоси ифтихор аз миллати худ ва гузаштагон дар дилашон бедор сохт.
Ҳамзамон, чунин экскурсияҳои омӯзишӣ ба хонандагон имконият медиҳанд, ки дар оянда ҷаҳонбинии худро васеъ намуда ба арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ бештар назар кунанд.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”