Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва анънаҳои миллӣ ҳамасола дар кишвари Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар ин заминаи рӯзҳои офтобии наврӯзӣ, дар Хона – музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, чорабинии фарҳангии суманакпазӣ бо иштироки занони фаъоли муассисаи мазкур баргузор гардид, ки фазои идонаро боз ҳам равшану рангоранг намуд. Ин рӯйдодҳои хотирмон ва пурмазмуни рӯзҳои 26 – 27 марти соли 2026 ба шумор рафта, бо ташаббуси кормандону занони фаъоли маҷмааи фарҳангӣ роҳандозӣ шуда, барои эҳё намудани рушди суннатҳои миллӣ равона гардида буданд.
Воқеан, масъулини гуруҳи занон дар ин чорабинӣ бо ҳисси баланди масъулият ва завқи эҷодӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми назарраси худро гузоштанд. Онҳо бо ташаббуси худ сабзии гандумро пазонида, раванди омодасозии суманакпазӣ, пухтупази таомҳои миллӣ бо маҳорати баланд ба роҳ монданд. Ин ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ фазои гарму дӯстонаро ба вуҷуд оварда, руҳияи иштирокчиёнро боз ҳам боло бурд. Бо сарварии Нодирахон Олимова, Шарифахон Сайфиева, Дилрабо Яҳёева, Дилором Саидова, Шодиева Мунавварахон, Сайёҳатхон Тураева, Дилором Самадова, Биомина Мирмухаммедова, Шоирахон Атаева ва дигарон, ки дорои таҷрибаи ғанӣ ва завқи баланди ташкилотчигӣ доранд, тамоми ҷараёни омодагӣ ва баргузории чорабиниро дар сатҳи баланд таъмин намуданд. Маҳз роҳнамоӣ ва ташаббусҳои онҳо имкон дод, ки ҳар як ҷузъиёти чорабинӣ бо назардошти анъанаҳои миллӣ ва талаботи суманакпазӣ ба роҳ монда шуданд. Ба гуфти Нодирахон Олимова суманак на кам аз 12 соат бо ҳаракатҳои мавзуни ором ва нияти нек чархгардон карда шавад, ки ин худ рамзи баракат, фаровонӣ ва ваҳдатро нишон медиҳад, ки дар ин раванд бояд бо сабру таҳаммул ва бо муҳаббат сурат гирад- гуфт дар зимни суҳбат.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни пухтани суманак фазои чорабинӣ боз ҳам гарму самимӣ гардида, анъанаҳои қадима бо тамоми ҷузъиёташ эҳё шуданд. Иштирокчиён ҳангоми омода намудани ин таоми рамзии баҳорӣ бо руҳбаландӣ ва эҳсоси ифтихор суруди мардумии “суманак дар ҷӯш мо кафча занем” – ро ҳамовозӣ намуда, муҳити хосаи идонаро ба вуҷуд оварданд. Занон ва дигар иштирокчиён бо навбат кафчаро ба даст гирифта, деги суманакро мечархониданд, ки ин амал на танҳо як қисмати раванди пухтупаз, балки рамзи ҳамбастагӣ, сабру таҳаммул ва орзумандиҳои нек ба ҳисоб меравад. Ҳар нафар дар ин лаҳзаҳои хотирмон орзуҳои неки худро ба забон оварда, барои фаровонӣ ва хушбахтии ҷомеа дуо мекарданд. Ин анъанаи зебо, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, аҳамияти бузурги фарҳангӣ дошта, дар замири ҳар як иштирокчӣ ҳисси эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва ваҳдати иҷтимоиро тақвият мебахшад.
Метавон гуфт, ки ин лаҳзаҳо на танҳо як амали пухтупаз, балки як маросими пурмазмуни фарҳангӣ буда, ки дар он руҳияи наврӯзӣ таҷассум мегардад. Илова бар ин дар чорабинии мазкур пухтани таомҳои миллӣ, аз ҷумла чалпак, самбӯсаҳои алафин, хӯроки миллии ҷаврӣ ва оши палов бо ширинҳои гуногун ба роҳ монда шуда, дастурхони идона ороста гардида буд.Ҳозирин ва иштирокчиёни чорабинӣ аз неъматҳои болаззату бо муҳаббат омодагардида баҳравар гардида, фазои гарму самимии идонаро бо тамоми ҳастӣ эҳсос намуданд. Таомҳои миллӣ, ки бо дастони пурмеҳри муҳаббати занони ботаҷриба омода гардида буданд, ки ба дастурхони идона ҳусну таровати хоса бахшиданд. Ҳар як хӯрок бо завқи баланд, риояи анъанаҳои қадима ва истифода аз маҳсулоти тару тоза пухта шуда, маззаи нотакрор дошт. Иштирокчиён аз ин неъматҳои лазиз бо хушнудӣ баҳравар гардида, ба маҳорати занони тоҷик баҳои баланд доданд. Ин гуна таомҳои баҳорӣ ба кас қувваи нав мебахшад, ки на танҳо серғизо ва болаззатанд, балки бозгӯи фарҳангу суннатҳои гузаштагони ниёгон мебошанд. Ҳамзамон, барномаи фарҳангӣ низ хеле ҷолиб буд, ки рақсу бозиҳои миллӣ, сурудҳои сарояндагони санъати миллӣ чорабиниро боз ҳам рангинтар гардонид. Ҳамаи ин унсурҳо боис шуданд, ки чорабинии Наврӯзӣ дар хотири иштирокчиён ҳамчун як рӯзи фаромӯшнашаванда нақш бастанд. Ин гуна чорабиниҳои идона на танҳо ба эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунанд, балки ба тамоми кормандони муассисаи мазкур энержияи тоза ва илҳоми нав мебахшад. Фазои ҳамдилӣ, ҳамкории дастаҷамъона ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ боис гардид, ки ҳозирин бо неруи бештар ба фаъолияти меҳнатӣ баргарданд. Хусусан, дар остонаи таҷлили ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, чунин иқдомҳо аҳамияти хоса пайдо намуда, ҳисси ифтихор ва масъулияти кормандонро нисбат ба ҳифз ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии миллат боз ҳам тақвият медиҳанд.
Дар маҷмуъ, чорабинии суманакпазӣ бори дигар исбот намуд, ки анъанаҳои миллӣ ҳамчун пояи устувори фарҳанги тоҷикон дар замири ҷомеа зиндаву пойдор боқӣ мемонад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки фазои идонаи Наврӯз на танҳо хотироти ҳозиринро шоду ширин ба ёдгор гузошт, балки ба аҳли ҷомеаи меҳнатӣ руҳияи тоза ва илҳоми нав бахшид. Бале, дар остонаи таҷлили ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, чунин иқдомҳои нек аҳамияти хосаро касб намуда, аз эҳтироми амиқ ба гузашта ва масъулияти баландро дар роҳи мероси фарҳангии миллат дарак медиҳад.
Боиси хушҳолӣ аст, ки бо шодиву сурури идомабахш рӯзи дигар маросими ҷамъбасти тақсимоти суманак баргузор гардида, он ба ҳар як кормандони муассисаи мазкур барои хонаводаҳояшон насибаи наврӯзӣ тақдим карда шуд. Ин иқдоми рамзӣ, ки нишонаи баракату фаровонӣ ва эҳтиром ба Наврӯзи аҷам роҳандозӣ гардида, ҳар як оила имконият ёфт, ки аз шириниҳои наврӯзӣ ва суманаки пухташуда бебаҳра намонанд.
Илова бар ин,тақсимоти суманак на танҳо фазои идонаро саршор аз шодиву гармӣ гардонид, балки ҳамчун рамзи баракату фаровонӣ ҳисси якдилӣ ва ҳамбастагиро миёни аҳли кормандон боз ҳам таҳким бахшид. Ин лаҳзаҳои пур аз меҳру муҳаббат нишон доданд, ки арзишҳои миллӣ то чӣ андоза метавонанд, мардумро ба ҳам наздик созад ва дар қалби инсон қадршиносии ҷашни табиат ва эҳёи онро боз ҳам равшантар инъикос намояд.












Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”