Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар партави Наврӯз - шиносоии меҳмонон бо таърихи шаҳри Хуҷанд

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар партави ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2026, шаҳри Хуҷанд мизбони як гуруҳи меҳмонони хориҷӣ гардид. Ба ҳайати гуруҳи намояндагони шабакаи якуми телевизони Федератсияи Русия, таҳти роҳбарии Шевкуненко Виктория Сергеевна - намояндаи Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Русия, инчунин намояндагони соҳаи сайёҳӣ кишвари Русия ва вилояти Суғд, инчунин воситаҳои ахбори омма шомил буданд.

Меҳмонон аз макони таърихии Осорхонаи таърихии вилояти Сугд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд. Зимни ин тамошо онҳо бо таърихи қадимаи ёдгориҳои таърихӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва арзишҳои нодири тамаддуни мардуми тоҷик  ошно гардиданд.

Барои меҳмонон роҳбаладони варзида Иноятхон Мирзоева ва Умедахон Юлдошева сайри илмӣ ва маърифатӣ баргузор намуданд. Онҳо ба таври муфассал дар бораи таърихи бунёди осорхона, нақши он дар ҳифзи сарзамин, инчунин рушди фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ маълумоти ҷолиб пешниҳод намуданд. Меҳмонон аз намоишгоҳи толорҳои осорхонаи таърихӣ, ки бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёҳои рӯзгор ва намунаҳои ҳунарҳои мардумиро дар бар мегиранд, дидан намуда ба сатҳи нигоҳдорӣ ва муаррифии онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, меҳмонон аз толорҳои Қалъаи таърихии Хуҷанд дидан намуда, бо санъати нодири миллӣ аз наздик шинос гардиданд. Аз ҷумла, онҳо осори санъати тасвирӣ, намунаҳои зебои кундалкорӣ, наққошии анъанавӣ ва дастхатҳои қадимаро, ки бозгӯи  таърихи пурғановати фарҳанги миллати тоҷик мебошанд, бо завқу шавқи зиёд тамошо карданд. Ба меҳмонон шарҳ дода шуд, ки ҳар як ин навъи ҳунар дар тӯли  асрҳо ташаккул ёфта, то имрӯз арзиш ва мавқеи худро нигоҳ дошта шудааст.

Ҳамчунин, ҳайати меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ боздид ба амал оварданд, ки он бо услуби меъмории қадима бунёд гардида, муҳити анъанавии зиндагии ниёгонро таҷассум мекунад. Дар ин макон онҳо бо раванди офариниши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла корҳои дастибофии қолинбофӣ, бофандагӣ шинос шуда ба маҳорати ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Дар фарҷоми боздид, меҳмонон ба роҳбаладон ва масъулини муассисаи фарҳангӣ барои қабули гарму самимии  пешниҳоди маълумоти муфассал ва сатҳи баланди ташкили сайри илмӣ изҳори минатдорӣ намуданд. Онҳо изҳор доштанд, ки чунин сафарҳои боздид барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни ғании кишвари Тоҷикистон, дар сатҳи байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ аҳамияти муҳим доранд.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesДар партави Наврӯз - шиносоии меҳмонон бо таърихи шаҳри Хуҷанд
Scroll to Top