Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Наврӯзи байналмилалӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанд

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷашни бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ки яке аз қадимтарин ва дӯстдоштатарини ҷашнҳои мардумони кишвар ба шумор меравад, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Маросими идона, санаи 21 – марти соли 2026 дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии оммавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва ҳайати расмии меҳмонон ба вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд дар доираи сафари расми бо роҳбарии Кустов Данил Александрович - муовини якуми Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Русия ташриф фармуда, шахсони масъули МИҲД - и вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуда, кормандони соҳаҳои мухталиф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну ҷавонон ва садҳо нафар сокинону меҳмонони дуру наздик иштирок варзиданд. Ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма ҳузур дошта, ҷараёни чорабиниро ба таври васеъ инъикос намуданд.

Кормандони муассисаи мазкур, бахусус занон дар ҳудуди қалъаи таърихӣ бо либосҳои ягона ва миллӣ ҳамчун мизбонони меҳрубон меҳмононро бо самимият истиқбол гирифтанд. Либосҳои шинаму зебо дар тан бо нақшу нигори анъанавӣ, рангҳои ҷолиб ва услуби хоси миллӣ оро ёфта, яке аз нишонаҳои барҷастаи фарҳанги ғании тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин гуна либосҳо на танҳо барои зебоӣ, балки ҳамчун рамзи таърих, урфу одат ва ҷаҳонбинии мардум хизмат мекунанд. Ин бонувони ҷеҳракушод бо табассуми самимӣ ва, ба онҳо дар шиносоӣ бо гӯшаҳои гуногуни ҷашн, намоишгоҳҳо ва барномаҳои фарҳангӣ кӯмак мерасониданд. Ҳузури онҳо на танҳо ҳамчун хизматрасон, балки ҳамчун муаррифгари фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ арзёбӣ мешуданд.

Чорабинӣ дар муҳити пур аз анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон ҷараён гирифта, меҳмононро бо расму ойинҳои қадимаи ниёгон ошно намуд. Дар ҳудуди қалъаи таърихӣ растаҳои мардумӣ ташкил гардида буданд, ки дар онҳо ҳунармандон намунаҳои беҳтарини санъати миллиро ба намоиш гузоштанд.Аз ҷумла, атласу адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, кулолгарӣ, наққошӣ, сангтарошӣ, кордсозӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуданд.

Ҳамзамон, гӯшаҳои таомҳои миллӣ бо пешниҳоди хӯрокҳои суннатии тоҷикӣ, аз қабили оши палов, қурутоб ва дигар лаззатҳои миллӣ ба меҳмонон хизмат мерасониданд. Дар баробари ин барои кӯдакону наврасон бозиҳои шавқовар, аз ҷумла ланкабозӣ, лаклакпаронӣ, арғунчаккашӣ ва ошуқбозӣ ташкил гардида ба чорабинӣ шодиву фараҳ зам намуданд.

Дар саҳнаи бошукуҳи қалъаи таърихӣ барои тамошобинон ҷойҳои нишасти бароҳат ва мутобиқ ба фазои идона ташкил карда шуда, барномаи фарҳангии ҷашнӣ бо шукуҳу фараҳбахш баргузор гардид. Ин саҳна ба як маркази асосии ҳунарманди табдил ёфта, меҳмононро ба худ ҷалб намуд. Барномаи фарҳангӣ бо садои карнаву сурнай оғоз ёфт, ки рамзи истиқбол ва оғози ҷашни Наврӯзӣ дарак медод. Карнайнавозон бо навои пуршукуҳ фазои идонаро гармтар намуда, ҳисси ифтихору шодиро дар қалби ҳозирин бедор карданд. Баъдан, ҳунармандони санъати мардумӣ ва ҷавонони боистеъдод бо сурудҳои дилнишин ва таронаҳои халқӣ, ансамблҳои фолклорӣ ва фалакхонон баромад намуда, фазои саҳнаро боз ҳам рангин гардониданд. Ҳамчунин, раққосон бо либосҳои зебои миллӣ рақсу ҳаракатҳои мавзун иҷро карда, зебоии фарҳанги тоҷикро ба таври зинда таҷассум намуданд. Ҳар як баромад бо кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон истиқбол гирифта шуда, робитаи гарму самимии миёни ҳунармандон ва мардумро тақвият мебахшид.

Қобили зикр аст, ки чорабинии наврӯзӣ ба меҳмонони расмии Федератсияи Русия хело писанд омада, онҳо на танҳо аз фазои идона ҳаловат бурданд, балки бо таъриху фарҳанги қадимаи шаҳри Хуҷанд низ аз наздик ошно гардиданд. Ба гуфти худи меҳмонон, чунин чорабиниҳо на танҳо робитаҳои фарҳангиро таҳким мебахшанд, балки барои муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти калон доранд.Онҳо аз сатҳи баланди ташкил ва меҳмондории гарми сокинони Хуҷандро махсус таъкид намуда, изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд. Сипас, дар идомаи чорабинӣ меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ боздид намуда, бо намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин онҳо аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, ки дар ҳудуди маҷмаа таҷҷасумгари тарзи зиндагии мардуми тоҷик мебошанд, дидан карданд. Яке нуқтаҳои ҷолиби барномаи меҳмонон боздид аз чойхонаи миллии “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳисоб мерафт. Ин макон бо услуби хоси меъмории миллӣ бунёд гардида, бо нақшу нигори қадима, кандикориҳои нозук ва ороишоти рангоранг зебо оро дода шудааст. Меҳмонон ҳангоми ворид шудан ба ин чойхона гӯё ба ҷаҳони таъриху фарҳанги гузаштагони тоҷик қадам гузоштанд. Дар ин ҷо онҳо аз наздик бо ҳунари баланди ҳунармандони мардумӣ шинос шуда,ҳар як ҷузъи ороишот ва сақфҳои наққошшуда таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷараёни ҳамоиши идона, Боғи фароғативу фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ серодам ва нуқтаҳои хизматрасонӣ фаъол буда, ба сокинону истироҳаткунандагон обҳои ташнашикан, яхмосҳои болаззат ва дигар маҳсулотҳои ширинии миллӣ пешниҳод намуданд. Инчунин, фаввораҳо, шаршараҳо, обшоронҳои ҷӯйи Раззоқ ба чорабинӣ ҳусни тоза ва фазои фараҳбахш мебахшиданд. Садои нарми ҷараёни об, паридани қатраҳои фаввораҳо ва манзараи зебои табиӣ муҳити идонаро боз ҳам ҷолибтар намуда, ба дили ҳар як меҳмон оромиш ва лаззати хос ҳадя мекард. Кӯдакон бошанд бо завқу шавқи зиёд ба автомашинаҳои барқии кӯдакона савор шуда, вақтро хушу хотирмон мегузарониданд. Ҳамчунин автопоезди сайёр дар ҳудуди боғ фаъолият дошта ба сокинон хизмат мерасонид ва онҳоро ба сайри гӯшаҳои боғ мебурд. Аз тарафи дигар, тавассути радиои боғи фарҳангӣ сурудҳои ҷолибу дилнишин садо медоданд, ки ба руҳияи идона таъсири мусбат мерасониданд. Оҳангҳои миллӣ ва муосир фазоро пур аз шодӣ намуда, меҳмононро ба рақсу хушҳолӣ водор месохтанд.

Ногуфта намонад, ки таҷлили Наврӯзи хуҷастапайи имсола ба як санаи муҳим ба ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд рост омад, ки ин воқеа аҳамияти фарҳангии чорабиниро боз ҳам афзун намуд.

Дар маҷмуъ, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки  дар Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, бозгӯи равшани ғановати фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷик мебошад. Ин макони бостонӣ, ки решаҳои он ба ҳазорон солҳо пеш мерасад, дар чунин рӯзҳо ба маркази асосии эҳёи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ табдил ёфта, онҳоро ба наслҳои оянда бо ифтихор мерос мегузорад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНаврӯзи байналмилалӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top