Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ишораҳои роҳнамо дар қалъаи таърихӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи беҳтар намудани шароити  хизматрасонӣ ба меҳмонону сокинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ, дар ҳудуди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд,” як қатор ишораҳои роҳнамо ва иттилоотӣ насб карда шуданд.

Ин иқдом ба он равона шудааст, ки меҳмонон ҳангоми боздид аз ин макони таърихию фарҳангӣ ба осонӣ самти ҳаракати худро пайдо намоянд ва аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода баранд.

Ҳоло бошад, дар гӯшаҳои гуногуни қалъаи таърихӣ нишонаҳои равшан ва фаҳмо ҷойгир карда шуданд, ки меҳмононро ба самтҳои муҳими ҳудуд роҳнамоӣ мекунанд. Аз ҷумла, ишораҳо ба сӯи маъмурият, кӯшки ҳокимнишин, осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот, толори намоишӣ, маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ роҳнамоӣ менамояд.

Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки ишораҳои роҳнамо бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ насб карда шудаанд. Ин иқдом ба он равона шудааст, ки на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ низ тавонанд ба осонӣ истифода баранд.

Мавҷудияти навиштаҷот бо чанд забон барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонон аҳамияти махсус дорад. Инчунин истифодаи се забон дар ишораҳои роҳнамо ба муаррифии беҳтари мероси таърихӣ ва фарҳангии кишвар дар ҷомеаи байналмиллалӣ мусоидат мекунад.

Мувофиқи гуфтаи масъулон, насби чунин ишораҳо пеш аз ҳама барои осон кардани роҳёбӣ дар ҳудуди калони қалъаи таърихӣ ва баланд бардоштани  сатҳи хизматрасонӣ ба меҳмонон муҳим мебошад. Шояд, пештар баъзе меҳмонон дар пайдо кардани ҷойҳои зарурӣ каме мушкилӣ мекашиданд, аммо акнун бо шарофати нишонаҳои роҳнамо онҳо метавонанд, бидуни саргардонӣ ба макони лозима расанд.

Бояд гуфт, ки Қалъаи Хуҷанд яке аз мавзеъҳои машҳури таърихии шимоли кишвар ба ҳисоб меравад ва ҳамасола садҳо ҳазор меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ба он ташриф меоранд.

Зикр намуд, ки фароҳам овардани инфрасохтори қулай барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумла, ишораҳои роҳнамо ва дигар шароити хизматрасонӣ яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, чунин ташаббусҳо метавонанд таҷрибаи боздиди меҳмононро боз ҳам хотирмон, ҷолиб ва осон гардонанд. Татбиқи чунин навгониҳо барои сайёҳон шароити мусоид фароҳам меорад, то онҳо бе душворӣ аз ҷойҳои таърихӣ дидан карда, бо арзишҳои фарҳангӣ ва мероси ғании миллат аз наздик ошно шаванд. Ин иқдом ба ҳар як меҳмон имконият медиҳад, ки аз тамошои ёдгориҳои таърихӣ, шиносоӣ бо фарҳанг, урфу одат ва ҳунарҳои мардумӣ бо бароҳатӣ ва шавқу ҳаваси бештар баҳра барад. Ҳамин тавр, сафар барои онҳо на танҳо як боздид, балки як таҷрибаи хотирмон ва пурмазмун мегардад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesИшораҳои роҳнамо дар қалъаи таърихӣ
Scroll to Top