Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шанбегии дастаҷамъона дар “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 28 – уми феврали соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шанбегии дастаҷамъона бо иштироки кормандон баргузор гардид.

Ҳадафи асосии баргузории ин иқдом беҳтар намудани вазъи санитариву экологӣ, ободонӣ ва нигоҳдории шоистаи мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Дар рафти шанбегӣ кормандон дар як фазои ҳамдиливу ҳамбастагӣ ба тоза намудани ҳудуди осорхонаи таърихӣ, роҳравҳои боғи истироҳатӣ, Қалъаи таърихии Хуҷанд ва гирду атрофи маҷмаа машғул гардиданд

Аз ҷумла, панҷараҳои иҳотавӣ, гулу гулгаштҳо аз партову ифлосиҳо тоза карда шуда, партовҳои ҷамъшуда ба қуттии махсус бароварда шуданд. Ҳамзамон чароғакҳои равшанидиҳандаи боғи фароғатӣ поккорӣ гардида, барои беҳтар намудани сифати равшанӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Курсиҳои нишасти истироҳатӣ ва фаввораҳои боғи фароғатӣ аз нав рангубор карда шуда, намуди зоҳирии онҳо зебо гардонида шуданд.

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими баҳорӣ ва дар доираи Соли - 2026, соли вусъат бахшидани ободонӣ ва созандагӣ, аз ҷониби боғбонон хоки тозаи маҳаллӣ дастрас ва ба ҳудуди майдончаҳо барои шинонидани  гулҳои ороишӣ омода карда шуданд.Ҳамзамон зиёда аз 50 - бех дарахти сафедор шинонида шуданд, ки ҷиҳати сабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити боғ роҳандозӣ гардидааст.

Чунин иқдомҳои дастаҷамъона дар таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, баланд бардоштани маърифати муҳити зист ва эҳтиром ба мероси таърихиву фарҳангӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Шанбегии мазкур низ дар фазои руҳбаландӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти баланд баргузор гардида, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст шуд. Иштирокчиён бо завқу шавқ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳми худро дар ободу зебо гардонидани муҳити атроф гузошта, корҳои тозакунӣ, кабудизоркунӣ ва тартиб додани ҳудудро бо сифати хуб ба анҷом расониданд.

Дар натиҷаи ин иқдоми нек, симои муассисаи фарҳангию таърихӣ боз ҳам зеботар гардида, барои меҳмонон ва сокинон фазои гуворо ва ҷолиб фароҳам оварда шуд. Бешубҳа, чунин ташаббусҳо дар таҳкими фарҳанги ободонӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва рушди ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозанд.

Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesШанбегии дастаҷамъона дар “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид
Scroll to Top