Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рассоми муосири тоҷик

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори 100 – солагии Осорхонаи таърихи вилояти Суғд

Рассом - эҷодкорест, ки ҷаҳонро тавассути рангҳо ва тасвирҳо дар жанрҳои портрет, манзара, натюрморт ва монументалӣ инъикос мекунад. 

Ҷаборов Абдураҳим Халилович  яке аз кормандони фахрии Осорхонаи таърихи вилояти Суғд-и МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” рассом  - монументалист Академики Академияи мусаввирони Тоҷикистон (2017), узви Иттифоқи рассомони Русия (2007) ва Федератсияи  байналхалқии рассомон (2007), барандаи Мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ (2014), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016) , Узви Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон (соли 2026),  дотсент, собиқ мудири кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии факултети санъати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров” мебошад.

Ӯ 12 - июли соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби таҳсилоти умумии № 5 шаҳри Хуҷанд соли 1982 ба Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дар шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисоси рассом – ороишгар дохил шуда, онро соли 1986 бо дипломи аъло хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба ҳайси рассом – ороишгар дар Фонди бадеии шаҳри Хуҷанд ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ҷаборов Абдураҳим соли 1986 ба хизмати ҳарбӣ  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ сафарбар шуда, соли 1988 сарбаландона адои хизмат намудааст.

Соли 2008 Ҷаборов А.Х дараҷаи бакалаври шуъбаи рассомии амалию ороишӣ ва ҳунарҳои мардумии Донишгоҳи давлатии технологӣ ва дизайни шаҳри Санкт – Петербургро бо дипломи аъло хатм намуд. Соли 2009 бошад, бо ихтисоси рассом – омӯзгор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобочон Ғафуров ро ба итмом расонд. Соли 2004 ҳамроҳи А.Бурҳонов китоби Афсонаҳои халқи тоҷик”- ро ороиш дод. Ҳамчунин муаллифи асари монументалии “Муҳорибаи Темурмалик ” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (соли 2006), ороиши маркази фарҳангии чойхонаи Хуррамшаҳри Данғара (соли 2010), ороиши толори асосии Чойхонаи милли Қасри Арбоб, асари бадеии бо симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ Ман ба шумо сулҳ меоварам” ва панно – релъефи  “, Ифтихорам Тоҷикистон”(соли 2012), ороишоти маҷмуаи ҳавзаи шиноварии шаҳри Хуҷанд (соли 2013), Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов (соли 2014), Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ, ороиши идонаи “Наврӯз аз биниши кӯдакон”(соли 2015), корҳои ороишӣ ва дизайнерӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд “Корвони Истиқлол” (соли 2016), корҳои ороишӣ ва дизайнерӣ дар Осорхонаи ноҳияи Спитамен (соли 2016) мебошад.

Дар баробари ин ҳаммуаллифи бо ҳайкалтарош Д.Раҳматзод муҷассамаи монументалии “Нишони давлатӣ”-ро дар ноҳияи Спитамен (соли 2018), ороиши даромадгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён”-ро дар шаҳри Хуҷанд (соли 2018), толорҳои Осорхонаи Саразм (соли 2020), ангораи монументалии симои Президенти Тоҷикистонро дар толори Қасри Арбоб (соли 2022) бомуваффақият анҷом додааст. 

Ҷаборов А. аз соли 1990 иштирокчии доимии намоиши асарҳои эҷодии рассомони шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ аст.

Намоишҳои ҳисоботию инфиродии ӯ соли 1999 бахшида 1100 – солагии Давлати Сомониён, соли 2001 бахшида ба 10 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арт – галерияи шаҳри Хуҷанд,  соли 2007 дар Осорхонаи таърихии шаҳри Тоснои вилояти Ленинград, дар “Манеж”-и шаҳри Санкт - Петербург, соли 2008 дар театри мазҳакаи ба номи А.Райкини ҳамин шаҳр ва соли 2017 дар толори Осорхонаи таърихи вилояти Суғд баргузор шудааст.

Ҷаборов А  иштирокчии намоишҳои байналхалқии “Аржанг” дар шаҳри Душанбе соли 2002,  “ Оби тоза” дар шаҳри Душанбе соли 2003, рассомони муосир  “Диолог-3” Манеж шаҳри Сакт - Петербург соли 2003, “Экология и мир” ЦДХ шаҳри Москва соли 2004, рассоми муосир  “Диолог-4”  “Диолог-5”  солҳои 2005, 2007, 2008 дар Манежи шаҳри Санкт-Петербург, “Дурдонаҳои Роҳи Абрешим” шаҳри Душанбе соли 2016, “Рассоми беҳтарин”шаҳри Киев, Украина соли 2018 , “Рассом ва ҷамъият” дар шаҳри Тошканд соли 2022, 2024 , Лочин 2025 шаҳри Боку мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки ӯ аз моҳи марти соли 2018 аъзои гуруҳи корӣ, аз соли 2021 аъзои Шӯрои бадеӣ ва роҳбари бадеии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” буда, дар ин ҷо зиёда аз 300 ангораҳои ороишӣ офаридааст.  

Дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш даҳҳо нафар  шогирдонро тарбия намудааст. Ҳамчунин, муаллифи зиёда аз 400 адад асарҳои бадеии рассомӣмебошад. Барои меҳнату заҳматҳои софдилона ва фаъолияти пурмаҳсул Ҷаборов Абдураҳим бо ифтихорномаҳои Раиси вилояти Суғд сарфароз гардидааст. 

Аксҳои мазкур маҳсули кори А.Ҷаборов дар толорҳои экспозитсияи осорхона.

 

Исҳоқӣ Фаридахон - сармуҳофизи фонди
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд-и
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesРассоми муосири тоҷик
Scroll to Top