Дар ҳудуди Хона – музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”бо фарорасии айёми фасли баҳори нозанин корҳои ободонӣ ва нигоҳбинии боғу токзорҳо вусъати тоза гирифта, муҳити фарҳангиву таърихии ин макони муқаддас бо ҳам зеботару дилрабо мегардад.
Яке аз тадбирҳои муҳими мавсимӣ ин токбурӣ ба шумор меравад. Токзорҳое, ки бо шакли қадимаи ангурпарварии хона – музейи мазкур ороста шуданд, аз ҷониби боғбонони соҳибтаҷрибаи муассисаи фарҳангӣ, бо эҳтиёткорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ қайчӣ карда шуданд. Ин амал на танҳо барои нигоҳ доштани намуди суннатии ангурзор муҳим аст, балки барои босифат пухтарасидани ангур заминаи мусоид фароҳам меорад.
Буридани навдаҳои зиёдатӣ ба рушди солимии ток мусоидат намуда, неруи растаниро ба самти навдаҳои пурқувват равона месозад. Бо ҳамин тариқ, токзор ба мавсими нашъунамои нав омода гардида, имкони ҳосили пурфайзу меваи ширин бештар мегардад.



Дар баробарӣ токбурӣ, боғбонони чирадасти муассисаи мазкур бо заҳмати дастаҷамъона майдончаҳои гулшинониро пурра ва аз ҳар гуна хасухошоку алафҳои бегона тоза карданд. Онҳо бо истифода аз асбобҳои махсус ва роҳрави боғро ба тартиб дароварда, ба ҳар як гулу растанӣ ғамхорӣ зоҳир намуданд, то ки муҳити озоди боғи истироҳатӣ барои шаҳрвандони диёр зебогиро нашънамо намояд.Нарм намудани бехи гулу гулбуттаҳо бо хоки тоза ғизо додан ва бо расидани рӯзҳои гарм муҳит бо рангҳои дилфиребаш шукуфон мегардад.
Ин тадбирҳо шаҳодати таваҷҷуҳи хоса ба нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва табии маҳал буда, барои ҷалби меҳмонон ва дӯстдорони табиат шароити мусоид фароҳам меорад. Бо чунин иқдомҳои созандагӣ, ободкории ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, на танҳо макони таърихиву фарҳангӣ, балки як гӯшаи сабзу хуррам ва дилнишини шаҳри Хуҷанд боқӣ мемонад, ки дар он анъанаи қадима ва табиати зиндаро бо ҳам мепайвандад.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”