Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳамнафаси замон бо осорхонаи таърихӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Бахшида ба ҷашни 100 – солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд)

Як аср аст, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо таърих ҳамнафас буда, хотираҳои гузаштагони миллатро ҳифз мекунад. Ҳар нигора, ҳар ҳуҷҷат ва ҳар як бозёфт саҳифаи зиндаи гузаштаи таърих буда, заҳмати содиқонаи кормандони онро таҷассум менамояд.

Бале, имсол аз таъсисёбии яке аз маъруфтарин ва бонуфузтарин марказҳои фарҳангии кишвар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, 100 – сол пур мешавад. Дар тӯли як аср ин махзани беназири таърихиву фарҳангӣ ҳамчун ганҷинаи ҳифзкунандаи мероси ниёгон, тарғибгари арзишҳои миллӣ ва мактаби маърифату худшиносӣ хизмат намуда истодааст. Осорхона дар давраҳои гуногуни таърихӣ бо ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои нодири таърихӣ саҳми арзанда дар рушди илми таърих гузоштааст. Имрӯзҳо  дар раванди фаъолияти пурсамари кормандони осорхонаи таърихӣ, ки яке аз муҳимтарин даргоҳи илму фарҳанг ба шумор меравад, устувории фаъолияти фарҳангӣ ва илмӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, устод Абдураҳмон Ҳомидов, ки солҳои зиёд дар ин муассисаи фарҳангӣ боомӯзиш ва нигоҳдории мероси таърихӣ машғул буданд, яке аз пояҳои  асосии ин осорхона  ба ҳисоб меравад. Ҳисси масъулият ва ихлосмандии  ӯ дар тарбияи мутахассисони ҷавон ва идоракунии фонди осорхонаи таърихӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Ӯ санаи 26 – сентябри соли 1955 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1972 мактаби миёнаро бомуваффақият хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи таърих ва филолгияи Донишгоҳи давлатии омӯзгори ба номи С.М.Киров ( ҳозира ДДХ – и Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ) дохил мегардад. Соли 1976 донишгоҳро бо ихтисоси омӯзгори таърих хатм намуда, соҳиби дониши амиқи илмӣ ва ҷаҳонбинии васеъ мегардад.

Фаъолияти меҳнатии худро  баъди хатми донишгоҳи олӣ аз Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии вилояти Ленинобод ( ҳозира Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ) оғоз намуда, ҳамчун корманди илмӣ ва баъдан  мудири шуъбаи таърихи давраи шӯравӣ  идома мебахшад.  Ӯ дар ин вазифа то соли 1983 дар осорхонаи таърихӣ бо садоқат кор кардааст. Дар ин муддат ба омӯзиш, ҷамъоварӣ ва ба тартиб даровардани маводҳои таърихӣ машғул шуда, дар ғанӣ гардонидани хазинаи осорхона ва пешбурди корҳои илмӣ саҳми босазо гузоштааст. Бо ташаббус ва иштироки бевоситаи ӯ даҳҳо маводҳои арзишманди нодир ба фонди осорхона ворид гардида,  толорҳои  намоишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил ва такмил дода шуданд. Маҳорати илмӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббати самимии ӯ ба таърих боис гардид, ки фаъолияти шуъбаи мазкур мазмуну муҳтавои тозаро ба худ касб  намуд.

Ӯ бо эҳтироми хоса аз устоди нахустини худ, директори вақтиМарофиев Саидшариф - бостоншинос , проффесор ( руҳашон шод бод ) ёд мекунад. Ба гуфтаи Абдураҳмон Ҳомидов он кас  омӯзгори бисёр сахтгир, серталаб ва ҳамзамон дилсӯз буданд. Устоди гиромӣ ба ҳар як шогирд бо масъулияти баланд муносибат намуда, онҳоро ба ҷустуҷӯ, омӯзиш ва такмили доимии дониш роҳнамоӣ мекарданд. Устод ҳамеша таъкид менамуданд: “ дар як ҷо нанишинед, ҳаракат кунед, омӯзед ва дониши худ”- ро сайқал диҳед. Ин суханон барои шогирдон на танҳо панд, балки роҳнамо ба зиндагӣ буданд. Маҳз ҳамин сахтгирии созанда ва талаботи  ҷиддӣ боис гардид, ки шогирдон ба омӯзиши амиқ рӯ оварданд ва дар роҳи интихобкардаи худ устувор монданд.

Абдураҳмон Ҳомидов таъкид мекунад, ки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва интихоби роҳи касбиаш нақши устод Марофиев С. хеле бузург аст. Дарси масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҷустуҷӯи пайвастаи дониш, ки аз устод гирифтааст, дар тамоми фаъолияти минбаъдааш ҳамроҳи ӯ буданд. Ӯ ба ёд меорад, ки соли 1978 барои баланд бардоштани  сатҳи дониш ва такмили ихтисоси бозомӯзӣ ба Ҷумҳурии Украина сафарбар гардид. Дар шаҳри Полтава ӯ дар барномаи байнидавлатии омӯзишӣ иштирок намуда, таҷрибаи пешқадами осорхонаҳои он давраро аз наздик меомӯзад. Ин сафар барои ӯ мактаби воқеии касбомӯзӣ гардид, зеро дар ҷараёни машғулиятҳо бо усулҳои нави таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии осори таърихӣ шинос шуд.

Баъдан соли 1980 ӯ бори дигар барои гузаштан аз курси махсуси омӯзишӣ оид ба тарзи ташкил, тарҳрезӣ ва ҷо ба ҷо гузоштани экспонатҳои осорхонавӣ ба шаҳри Днепропетровски Ҷумҳурии Украина сафарбар мегардад. Дар ин курси омӯзишӣ нозукиҳои омода намудани толорҳои намоишӣ, тартиб додани матнҳои шарҳдиҳӣ, ҷойгиркунии мавзуъҳои нигораҳо ва таъсиси гӯшаҳои таърихӣ бо риояи талаботи илмию методӣ омӯзонида мешуданд. Ба гуфтаи ӯ чунин таҷрибаомӯзиҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии касбӣ ва такмили маҳорати ташкилотчигиаш нақши муҳим бозиданд. Донишу малакаи андӯхта баъдан ба фаъолияти ӯ дар осорхона самаранок истифода гардида, барои ғанӣ гардонидани муҳтавои толорҳои намоишӣ ва беҳтар намудани тарзи пешниҳоди маводу ашёҳои таърихӣ роҳандозӣ гардиданд.

Дар идомаи суҳбат, устод Абдураҳмон Ҳомидов ёдовар шуд, ки соли 1982 дар шаҳри Кишинёви  Ҷумҳурии Молдова конфронси байналмилалӣ ва семинар бо иштироки намояндагон ва  мудирони шуъбаҳои таърихи осорхонаҳои мухталиф баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи  баланд намояндагони осорхонаҳои собиқ кишварҳои шӯравиро гирд оварда ба мубодилаи таҷриба ва баррасии масъалаҳои муҳими фаъолияти осорхонавӣ бахшида шуда буданд.Аз кишвари Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфуз ду нафар   Абдураҳмон Ҳомидов  -  намояндаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва инчунин  Мазбут Маҳмудов - намояндаи Вазорати фарҳангӣҶумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд.

Абдураҳмон Ҳомидов дар ҷараёни конфронси мазкур бо маърӯзаи илмӣ оид ба таҷрибаи кории осорхонаи таърихӣ баромад намуд. Дар суханронии ӯ доир ба роҳҳои ҷамъоварӣ ва ҳифзи нигораҳои таърихӣ, ташкили толорҳои намоишӣ, инчунин таҷрибаи тарбиявию маърифатии осорхона андешаҳои худро баён намудааст. Иштирок дар конфронси байналмилалӣ на танҳо масъулияти бузург, балки ифтихори касбӣ низ ба шумор мерафт, зеро тавассути он таъриху фарҳанги тоҷикон дар арсаи васеъи илмӣ муаррифӣ мешуд.

Дар ҷараёни суҳбат  устод Абдураҳмон Ҳомидов намуд, ки солҳои 1978 – 1979 бо супориши Вазорати маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( ҳозира Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ) вазифаи муҳимеро бар уҳда дошт. Ӯ ба қайдгирӣ ва низомсозии фаъолияти осорхонаҳои таърихии ҷамъиятӣ, ки дар назди ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳҳо ва мактабҳо амал мекарданд, машғул гардид. Он давра дар ҳудуди вилояти Ленинобод  (ҳозира вилояти Суғд)  осорхонаҳои зиёди ҷамъиятӣ фаъолият мекарданд, вале фаъолияти онҳо ба низоми ягона ворид нашуда буданд. Бо мақсади ба танзим даровардани кори онҳо , таҳияи феҳрист, муайян намудани самти фаъолият ва вазъи нигоҳдории нигораҳо, гурӯҳимахсус таъсис дода, шахсан ҳамчун мутахассиси соҳавӣ ба ин кор ҷалб гардида буд. Ӯ шахсан ба шаҳру навоиҳои вилоят сафар намуда, вазъи воқеии осорхонаҳоро меомӯхт, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурии ба қайдгириро таҳия ва ба расмият медаровард.

Устод Абдураҳмон Ҳомидов бо хурсандии ҳақиқӣ ва эҳсоси ҳаяҷонбахш зикр намуд, ки дар тӯли фаъолияти пурманфиат ва сермашғулии худ то соли 1983 дар шуъбаи таърихи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд кор кардааст. Дар ин муддат ӯ бо ходимониилмӣ, аз ҷумла Атохӯҷаева Ибодат ва Азаматова Сангиной ҳамроҳ ва дар ҳамкорӣ қарор дошт. Ин давраи фаъолияти устод ҲомидовАбдураҳмон  ҳамкории бо ҳамкасбонаш барои таҳияи  маводҳо, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ва ашёҳои таърихӣ ва омӯхтани таҷрибаи корӣ заминаи устувори илмӣ ва фарҳангӣ фароҳам овард.

Дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш Абдураҳмон Ҳомидов якчанд шогирдонро ба касбу ихтисоси таърих омода намудааст, ки баъдан дар соҳаҳои мухталифи илмӣ ва таърихӣ фаъолият намуда, нақши арзанда мегузоранд. Аз ҷумла шогирдони ӯ  Раҳимҷон Аминҷонов – номзади илмҳои таърих, декани вақтии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Бахтиёр Саидкаримов – номзади илмҳои таърих, омӯзгори факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  буда, кору фаъолияти касбии устодро идома медиҳанд.

Ҳарчанд устод Абдураҳмон Ҳомидов соли 1983 аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд берун рафта бошад, таъсири фаъолияти меҳнатиаш дар ин муассисаи фарҳангӣ  то имрӯз эҳсос мешавад. Пас аз рафтанаш ӯ фаъолияти касбии худро дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд идома дода, ҳамчун омӯзгори фанни таърих ва ҷомеашиносӣ фаъолият намуда, насли ҷавонро ба илму фарҳанг тарбия мекунад. Бо вуҷуди тағйирёбии макон ва вазифаҳо ӯ ҳамчунон бо кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, робитаи дӯстона ва ҳамкории созанда нигоҳ медорад. Ҳамкорони собиқ ӯро ҳамчун устоди муҳтарам ва намунаи камназири таърихшиносу масъулиятшинос ва меҳнатдӯст эҳтиром менамоянд. Дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнии осорхона, ки аҳамияти илмӣ ва таърихӣ дорад, устодро ҳамчун меҳмони гиромӣ ва ба ҳайси мушовир даъват мекунанд. 

Ин робитаи доимӣ ва эҳтироми тарафайн  на танҳо собит менамояд, ки хизмат ва заҳмати ӯ барои осорхона ва рушди фарҳанг қадр мегардад, балки нақши устодро дар ташаккули мутахассисони оянда низ равшан менамояд.

Устод Абдураҳмон Ҳомидов тӯли беш аз 45 сол ба касбӣ омӯзгорӣ содиқона хизмат мекунад. Ӯ на танҳо омӯзгори таҷрибадор аст, балки муаллифи бунёди осорхонаи таърихииКоллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд буда, дар ташаккули муҳити илмию таърихӣ нақши муассир дорад. Ӯҳамзамон узви Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошад ва бо иштироки фаъолона дар таҳқиқ ва рушди муассисаи фарҳангӣ саҳми арзанда мегузорад. Ин заҳматҳои содиқона ва саҳми арзандааш дар рушди маориф ва фарҳанги кишвар ба қадри баланд расида, бо ҷоизаҳои муҳими давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ қадрдонӣ гардиданд. 

Абдураҳмон Ҳомидов бо нишонаҳои ифтихории “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии маориф ва илм”, ҳамчунин бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Ин мукофотҳо на танҳо шоҳиди эътирофи хизматҳои устод мебошад, балки таҷассумгари обрӯи ӯ ҳамчун омӯзгори содиқ, таърихшинос ва ташаббускори илмию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲамнафаси замон бо осорхонаи таърихӣ
Scroll to Top