Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фидоии илму фарҳанг

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Дар олам инсонҳое ҳастанд, ки бо амалу фаъолияташон дар хотироти ҳамагон нақш бастаанд. Инсон дар умри кӯтоҳи худ чӣ қадар пастиву баландӣ, гармиву сардӣ, хушбахтиву бадбахтиҳоро паси сар мекунад. Гоҳе аз барору нобарорӣ сарбаланд гоҳе малулу ноумед мегардад, лекин дар кадом ҳолате, ки бошад одамизод бояд инсони комил ва ба ояндагон аз худ номи нек гузорад.

Яке аз чунин шахсон собиқ омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бузуруков Аҳрорхоҷа Мадаминович (1955-2012) мебошад, ки бо амалҳои неку шоиста ва созандаи хеш дар рушди ҷомеа, пешрафти соҳаи осорхонашиносӣ саҳми бориз гузоштааст. Аҳрорхоҷа Мадаминович аз соли 1986 ба туфайли меҳнатдӯстию кордонӣ, ақлу заковат ва дониши мукаммал сарвари аввалин осорхона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии вилояти Ленинобод (Суғд) таъин гардида, то лаҳзаҳои охири ҳаёташ (соли 2012) софдилона фаъолият намудааст.

Бузуруков Аҳрорхоҷа Мадаминович 30 марти соли 1955 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №14-и ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Б.Ғафуров) таҳсилро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, соли 1977 соҳиби ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик мегардад.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ ба ҳайси наттоқ дар Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои омӯзгор, корманди ёвари калони институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идома дода, солҳои 1983-1986 дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон чун тарҷумон фаъолият намудааст.

Моҳи марти соли 1986 ба туфайли меҳнатдӯстию кордонӣ, ақлу заковат ва дониши мукаммал Бузуруков Аҳрорхоҷа Мадаминович дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии вилоят (ҳоло Осорхонаи таърихии вилояти Суғд) омири осорхона таъин гардида, то лаҳзаҳои охири ҳаёташ (с.2012) ҳамчун омири осорхона фаъолият намудааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун ташкилотчӣ, сарвари дурандеш, чашми кордон, донандаи касби худ, меҳнатқарину масъулиятшинос, ифшогари таъриху тамаддуни халқи тоҷик, ҳифозатгари мероси ниёгон, тарғибу ташвиқгари фарҳанги волои тоҷик ва бо рафтору кирдори нек маъруф гаштааст.

Дар доираи фаъолияти 28-солаи худ дар ҳайси омири осорхона дар рушду нумӯи соҳаи фарҳанг, тарғибу ташвиқ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта, дар чаҳор маротиба аз як мавзеъ ба мавзеи дигари шаҳр кӯчонида шудани осорхона барои беҳдошт ва ҳифозати нигораҳо ҳисси баланди масъулиятро нишон додааст.

Солҳои 90-уми асри гузашта барои осорхона солҳои хеле вазнин ва нобарор гардид. Азбаски осорхона дар аввали таъсис ёфтанаш дар толорҳои бинои масҷиди Шайх Маслиҳатдин ҷойгир карда шуда буд, дар натиҷаи муташаниҷ ва ноором гардидани вазъият дар ҷумҳурӣ маъмурияти масҷид, намозгузорон қатъиян талаб намуданд, ки осорхона дар муддати як ё ду рӯз ба дигар ҷой кӯчонида шуда, бинои масҷид холӣ карда шавад. Бинобар ин бозёфтҳои осорхонаро ба Ӯрдаи Хуҷанд, ки онро ҳарбиён тарк карда буданд, кӯчониданд.

Дере нагузашта тақрибан охирҳои соли 1991 бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва қабули қарори ҳукумат дар хусуси дар Ӯрдаи шаҳр ҷойгир кардани қувваҳои мусаллаҳ осорхона ба бинои тарабхонаи “Панҷшанбе” кӯчонида шуд. Маҳз бо саъю кӯшиш ва талошҳои Аҳрорхоҷа Бузуруков осорхона дар бинои тарабхонаи “Панҷшанбе” (ҳозира маркази Савдои Ҳоҷӣ Абдулазиз) баъди корҳои таъмирӣ, экспозитсионӣ соли 1996 ба ифтихори 5-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 675-солагии шоири ғазалсаро К.Хуҷандӣ, Анҷумани тоҷикону форсизабонон фаъолиятро оғоз намуд.

Бинои осорхона соли 2004 бинобар ба маркази савдо табдил додан ба тоҷирон дода шуда, бозёфтҳои осорхона то ба итмом расидани сохтмони бинои нави осорхона ба таҳхонаҳои собиқ фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳр кӯчонида шуд.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари фарҳангдӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои сохтмони бинои осорхона маблағ ҷудо гардида, соли 2003 сохтмони бинои нави осорхона ба шакли истеҳкоми қадимаи анъанавии муҳофизатӣ дар назди Қалъаи Хуҷанд оғоз гардид. Дар давраи корҳои сохтмонии бинои нави осорхона бо иштироки Раиси вақти вилояти Суғд Қосимов Қ.Р. ҳафтае як маротиба бо олимон, мутахассисони соҳаи сохтмонӣ ва осорхонашиносӣ ҷаласа гузаронида мешуд, ки дар он масъалаҳои рӯзмарра ҳаллу фасли худро меёфт.

23 августи соли 2006 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Аҳрорхоҷа Мадаминович дар ташкил ва азнавсозии Осорхонаи вилоятӣ дар бинои нав, Осорхонаи “Қасри Арбоб” (2002), Осорхонаи хоҷагии деҳқонии ба номи А.Самадови ноҳияи Ҷ.Расулов (соли 1985), Осорхонаи ҷумҳуриявии Б.Ғафуров дар ноҳияи Б.Ғафуров (1998), Осорхонаи “Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ даъвати 12-ум” дар МД “Қасри фарҳангии Арбоб”-и ноҳияи Б.Ғафуров (2012) ва Осорхонаи “Кумитаи падару модарон” дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар таҳияи нақшаи мавзӯии экспозитсионӣ фаъолона ширкат намудааст. Ҳамчунин дар гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии шаҳру вилоят саҳмгузор мебошад.

Хизматҳои Бузуруков Аҳрорхоҷа Мадаминович бо нишони фахрии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадршиносӣ гардидааст.

2 августи соли 2012 дили марди ҳалиму шариф, осорхонашинос ва ходими ҷамъиятӣ Аҳрорхоҷа Бузуруков аз задан боз монд.

Номи неку пайкори неки ин марди хоксору фурӯтан дар дилу дидагон абадӣ ҷойгир буда, ҳамкорону шогирдонаш кору фаъолияти Аҳрорхоҷа Мадаминовичро давом дода истодаанд. Чӣ хеле, ки Лоиқи бузург гуфтааст:

Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи ҳуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунӣ,
Ман баъди ҳазор сол меоям боз.


Мирзоева И.П., Бузурукова Н.А.
Кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФидоии илму фарҳанг
Scroll to Top