Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Эҳёи қалъаи таърихӣ дар замони истиқлол

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори 100 солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ,  таҷдиду азнавсозии мавзеъҳои таърихӣ ва ба макони сайру саёҳат табдил додани ин мамлакати офтобӣ аз мадди назари давлату ҳукумат дур намонда, кор дар ин самт рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд “Ёдгориҳои меъмории Хуҷанд аз санъати баланди меъмории ниёгон башорат медиҳад ва барои омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти моддиву маънавии давраҳои гуногуни таърихӣ арзишмандеро ба ихтиёри олимону муҳаққиқон мегуз маводи аранд. Аз ин лиҳоз, ободиву зебогии ин мавзеъ аз давраҳои бостон ба атрофу акнофи олам паҳн гардида, Хуҷанд бо номи “Тирози ҷаҳон”, яъне арӯси шаҳрҳо шуҳрат пайдо намудааст.”

  Яке, аз чунин ёдгориҳои таърихӣ, ин “Қалъаи Хуҷанд” мебошад. Қалъаи Хуҷанд яке, аз калонтарин қалъаҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Қисми боқимондаи он  куҳандизи Хуҷанд мебошад, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷой гирифтааст. Масоҳати ёдгории Қалъаи Хуҷанд зиёда аз 6 га буда, атрофи қалъаро деворҳои баланд, ки қисман хароб гаштаанд, иҳота мекунад. 

  Тибқи фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №185 аз 19.04.2017 “Қалъаи Хуҷанд” ба мувозинаи муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида шуда, дар ин замина қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №273 аз 28.05.2018 “Дар бораи додани иҷозат барои азнавсозӣ” ба имзо расид. Ҷиҳати татбиқи ин амал мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифт, то ҳама гуна корҳои банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, барқарорсозию мутобиқнамоӣ ва ободониро дар объекти номбурда аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва кӯмаки сармоягузорон амалӣ намояд. Пеш аз оғози корҳои лоиҳакашӣ дар самти эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо ҷалби мутахассисони Вазорати фарҳанги мамлакат, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бостоншиносону таърихнигорон ва этнографҳо дар иншоот корҳои тадқиқотӣ, илмию амалӣ гузаронида, хулосаҳои амиқу дақиқ пешниҳод карда шуд. Таҳияи лоиҳаи “Бозсозӣ ва эҳёи “Қалъаи Хуҷанд”-ро филиали ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии “САНИИОСП” ба ӯҳда гирифт. Ҳамзамон барои ба роҳ мондани корҳои ҳафриётӣ дастаи кории бостоншиносӣ аз тарафи олимон, устодон ва донишҷӯён таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро, профессори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Н.Т.Раҳимов ба ӯҳда дошта, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бостоншинос М.Д Азизов ҳамчун мушовири корҳои лоиҳакашӣ ва таҳқиқотию барқарорнамоӣ таъин гардид. Мақсади асосии ҳафриётҳо ин муайян намудан  ва омӯхтани боқимондаи иншоотҳои кӯшки ҳокимнишини Қалъаи Хуҷанд, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои барқарорсозӣ дар ёдгорӣ ба ҳисоб мерафт.   

 Дар асоси пешниҳоди олимону мутахассисон аз соли 2018 корҳои эҳё ва барқарорсозии қалъа оғоз гардида, нишонаҳои таърихии ин ёдгории қадима пурра ҳифз карда шуд. Дар корҳои сохтмонӣ зиёда аз 15 ширкатҳои сохтмонӣ, наққошон, рассомон, ҳунармандони чирадаст ширкат варзида, корҳои сохтмонӣ дар давоми 6 сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид. 

  Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”   11 апрели соли 2024 бо иштироки Асосгузори суоҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, дар расми кушодашавии он меҳмонони хориҷи дуру наздик, аҳли зиё ва ҳунармандон ширкат  доштанд. 

  Қалъаи Хуҷанд аз арку дарвозаҳо, меҳмонхона, растаҳои ҳунармандон, толорҳои намоишӣ, чойхона ва ҳаммоми миллӣ, хонаи адибон ва намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд иборат мебошад.

   Қалъа аз 5 дарвоза иборат буда, дар қисмати ҷануби он 7 растаи ҳунармандӣ ташкил гардидааст. Дар он маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди либосҳои миллии занонаю мардона, атласу адрас, маснуоти заргарӣ, қолинҳои дастию армуғонҳо  ба намоиш ва барои фурӯш гузошта шудаанд. Дар ошёнаи дуюм бошад меҳмонхона, барои 35 нафар бунёд гаштааст.

   Бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии маҷмаа дар масоҳати 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохта, аз 5 толори барҳаво ва 4 толори хурд иборат аст. Дар он санъатҳои миллии меъморӣ, аз қабили кандакорию наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии  чӯбу санг, гаҷкорӣ ва ғайраҳо ба таври моҳирона истифода шудааст. Толорҳо “Ҳавзаи илмию адабии шаҳри Хуҷанд”, “Санъати тасвирӣ”, “Асбобҳои миллии мусиқӣ”, “Кундалнигорӣ”, “Истиқлоли Тоҷикистон” ва толори бостоншиносӣ “Ёдгориҳои таърихии ҳавзаи миёнаобӣ Фарғона Сирдарё”  номгузорӣ шуда, экспозитсия ва ашёҳои таърихӣ мувофиқи мавзуъҳои толорҳо ҷо ба ҷо карда шудаанд.  

    Ибтикороти дигаре, ки дар қисми шимолу шарқии Қалъа амалӣ шуд, ин бунёди маҳаллаи Хуҷанди қадима мебошад. Хонаву ҳавлиҳо, асосан, мансуби табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳр буда, эҳё ва бунёди он имкон фароҳам меоварад, ки анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Бунёди намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд асосан бо маслиҳату тавсияи этнографҳо амалӣ шуд. Ин хонаҳо пурра бо маводи табиӣ, аз ҷумла лою гил ва чӯб сохта шуда, аз 8 ҳавлӣ иборат мебошад, ки масоҳати ҳар кадоми он   6 садяк заминро дар бар мегирад. Дар ин ҳавлиҳо ҳунармандон бо хаттотӣ, рассомӣ, наққошию кундалнигорӣ, бофандагию кулолгарӣ, дӯзандагию дуредгарӣ ва сангтарошию оҳангарӣ машғул мешаванд.

 Ҳамчунин дар ин ҷо чойхони миллӣ, ҳаммом ва меҳмонхона ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудаанд. Дар шафати чойхонаи миллӣ растаи омода намудани таомҳои миллӣ бо фарогирии чор оташдон ва танӯр сохта шудааст.

 Дар ҳудуди қалъа ду фаввораи калон ва чор суҳбаткадаи чӯбӣ, ки аз тарафи ҳунармандон ба намуди кандакории барҷаста омода гардидааст, мавҷуд мебошад, ки ба зебоии ин мавзеи таърихию фарҳангӣ шукӯҳу шаҳомати бештар мебахшад.

 Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯз шаҳри бостонии Хуҷанд ва ёдгориҳои меъмориву таърихии он, аз ҷумла Қалъаи Хуҷанд қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад ва ҳамчун нодиртарин мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.    

Дилором Саидова  корманди илмии
шуъбаи таърихи Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЭҳёи қалъаи таърихӣ дар замони истиқлол
Scroll to Top