Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозомӯзӣ ва такмили ихтисос- қадаме ба сӯи фазои фарҳанги муосир

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз бо ташаббуси Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои Иттифоқи касабаи вилояти Суғд ва маркази бозомӯзии такмили ихтисос дар мавзӯи муҳим ва рӯзмарра барномаи таҳти “Нақши Иттифоқҳои касаба дар шаклдиҳии фазои муосири фарҳангӣ ва инноватсионӣ баргузор гардид.

Ҳадафи  асосии баргузории ин курси кӯтоҳмуддат баланд бардоштани  сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон, мутобиқ намудани фаъолияти иттифоқҳои касаба ба талаботи замони муосир, инчунин таҳкими нақши  онҳо  дар рушди фарҳанги  ташкилотӣ, тафаккури  инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни омӯзиш  шунавандагони курси бозомӯзӣ зери роҳбарии устодон ва мутахассисони ботаҷриба як қатор мавзуъҳои муҳим ва мубрами фарогирро аз худ намуданд. Аз ҷумла, ба асосҳои технологияҳои рақамӣ дар замони муосир, ташреҳи мафҳум ва моҳияти иқтисодиёти рақамӣ, саводи расонаӣ ва фазои расонаӣ, инчунин  роҳҳои истифодаи самараноки абзорҳои рақамӣ дар фаъолияти касаба таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуданд.

Дар ин курси бозомӯзии кӯтоҳмуддат аз ҷониби Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Сайфиева Шарифахон- мудири шуъбаи оммавӣ- фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, инчунин Юлдошева Умедахон- роҳбалади осорхонаи таърихӣ фаъолона иштирок намуда, донишу малака ва таҷрибаи касбии худро такмил доданд.

Қобили зикр аст, ки иштирокчиён дар рафти омӯзиш бо равандҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ, нақши расонаҳо дар ташаккули афкори ҷомеа, роҳҳои таъсири фазои фарҳангӣ ба рушди муассисаҳо ва аҳамияти инноватсия дар фаъолияти иттифоқҳои касаба ошно гардиданд. Муколамаҳои озод, машғулиятҳои амалӣ ва табодули таҷриба барои самаранок гузаштани курси мазкур мусоидат намуданд.

Дар анҷоми курси такмили ихтисос бо назардошти иштироки фаъолона,  риояи интизоми таълимӣ бо сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва аз худ намудани муваффақонаи барномаи таълимӣ, Сайфиева Шарифахон ва Юлдошева Умедахон ба гирифтани  шаҳодатномаи бозомӯзӣ мушарраф гардиданд.

 

Баргузории чунин  курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос бори дигар собит месозад, ки иттифоқҳои касаба дар шароити  ҷаҳонишавӣ ва рақамисозӣ на танҳо ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, балки омили муҳими рушди фарҳанг, маърифат ва тафаккури инноватсионӣ дар ҷомеа мебошанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки баргузории курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар мавзӯи “Нақши Иттифоқҳои касаба дар шаклдиҳии фазои  мусоиди фарҳангӣ ва инноватсионӣ” гувоҳӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни иттифоқҳои касаба ва талаботи замони муосир мебошад.

Мусаллам аст, ки   чунин чорабиниҳо  дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ, густариши тафаккури рақамӣ ва таҳкими нақши фарҳангӣ- маърифатии иттифоқҳои касаба дар ҷомеа нақши муассир дошта, барои  рушди устувори соҳа ва баланд гардидани сатҳи маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБозомӯзӣ ва такмили ихтисос- қадаме ба сӯи фазои фарҳанги муосир
Scroll to Top