Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона – оинаи ҳақиқатнамост

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Таъсиси осорхонаҳо, ки дар рамзи пайванди дирӯзу имрӯзу  фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд, дар раванди ташаккули миллати мо низ ба ҳукми анъана даромадааст”.

Эмомалӣ Раҳмон.

Осорхона оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд муассисаи илмӣ- маърифатие мебошад, ки чун дигар осорхонаҳои машҳури дунё кори нигаҳдорӣ, гирдоварӣ, омӯзиш ва ташфиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори маданияти моддию маънавиро ба роҳ монда, асосан муаррифгари таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мебошад.

Бинои осорхона ба шакли иморати қадимаи анъанавии муҳофизатӣ сохта шудааст. Он аз як толори васеи болоӣ ва се толори калонҳаҷми зеризаминӣ иборат аст. 

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд муассисаи таърихиву фарҳангӣ маҳсуб ёфта, аз шаш шӯъба: шӯъбаи таърих,  таърихи давраи муосир, оммавӣ -  фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, дастхатҳо ва таъбу нашр, маъхаз- яъне фонд ва шӯъбаи сайёҳӣ иборат мебошад.

Экспозитсияҳои намоишии осорхона дар зерзербино ва толорҳои болоӣ бо фарогирии 1279,2 м/мураббаъ ва масоҳати экспозитсияи намоишӣ 152,4 м/мураббаъ созмон ёфта, инчунин дар толорҳои намоишии осорхона вобаста ба даврабандии таърихъӣ намоишгоҳҳои давраи  ҳаёти одамони асри санг, давраи фулузӣ”, толори тамаддуни ориёӣ, толори эллинистӣ, таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва давраи муосир созмон дода шуда, зиёда аз 1500 нигораҳое, ки арзиши баланди таърихӣ доранд ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд даргоҳест, ки баробари ворид шудан ба он мо аз шукӯҳу шаҳомат ва таърихи бузурги миллати қадимаи худ огоҳ мешавем ва моро руҳияи баланди ифтихор намудан аз гузаштаву имрӯз фаро мегирад. Дар руҳияи инсондустӣ, ватанпарварӣ, бунёдкорӣ, худшиносӣ, ҳифзи осори фарҳанги моддию маънавии ниёгон ва дигар унсурҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намудани намояндагони қишрҳои гуногуни ҷамъият аз ҷумла ҷавонон яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин самт саҳми Осорхонаи таърихии вилояти Суғд хеле бузург аст. 

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд макони зиёратгоҳи садҳо ҳазор тамошобинон аз ҷумла сайёҳони ватаниву хориҷӣ гардидааст. Аз осорхона агар дар соли 2012 – 19951 нафар, соли 2020  31037 нафардидан карда бошанд, дар соли 2025 – 43241 нафар дидан намуда, аз инҳо 5058 нафарро сайёҳон ташкил медиҳанд. Бояд қайд  намуд, ки ҳамаи он ёдгориҳои таърихӣ, экспонатҳои гаронарзиш ва осори нодире, ки имрӯз дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шудаанд, маҳз аз ҷониби роҳбаладони пуртаҷриба тариқи сайри илмӣ ва бо  забонҳои: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ, арабӣ гузаронида мешавад.

Тибқи нақша - чорабинӣ  кормандони Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”рисолати касбӣ ва вазифаҳои бар дӯшашон гузошташударо бо ташкил ва баргузор намудани намоиш, вохӯрӣ, конфронсҳои илмиву адабӣ чорабиниҳои сатҳашон гуногун ба сомон расонида, дар муаррифии таъриху фарҳанги пурифтихори миллати тоҷик ба аҳли ҷомеаи кишвар ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ пешсаф аст.

Имрӯз вазифаи муқаддаси  ҳар як кормандони осорхонаҳо омӯхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мамлакатамон мебошад.

Сайфиева Шарифа – мудири шӯъбаи оммави
– фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи
таърихии вилояти Суғд
и МДМФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesОсорхона – оинаи ҳақиқатнамост
Scroll to Top