Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёдгориҳои таърихӣ дар остонаи ҷашни 100- солагӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҷаҳони  илми таърих ва бостоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятҳои бисёр ҳамаср ва барҷаста пайдо шуданд, ки дар омӯзиши мероси таърихӣ, бахусус дар минтақаи шимоли Тоҷикистон саҳми назаррасро гузоштаанд.  Аз ҷумла , Марофиев Саид Шариф ( 1938-2016 ) яке аз муҳаққиқони асосӣ дар самти  тадқиқи фортификатсияҳо ва ёдгориҳои таърихии шимолии  мамлакат мебошанд. 

Саид Шариф Марофиев дар соли 1938 таваллуд шудааст ва то соли 2016 ба ҳаёт фаъолият сарф кардааст. Ӯ аз насли муҳаққиқонест, ки дар асри XX то аввали асри XXI фаъолият намудааст. Яке аз мутахассисони беҳтарини омӯзиши  таъриху фарҳанги Хуҷандшаҳр мебошад. Ӯ иштирокчии доимии ҳафриётҳои экспедитсияи археологии Тоҷикистон ва экспедитсияи Комплексии археологии Тоҷикистон буд. 

Инчунин ӯ чандин  қалъаҳои шимоли Тоҷикистонро, ки ба асрҳои XII- XVII  тааллуқ доранд омӯхта , оиди қалъаҳо ва фортификатсияҳои ҳарбии ин давраҳо маълумотҳои муҳим ҷамъоварӣ намудааст.  Яке  аз самтҳои муҳимтарин ва корҳои илмии Марофиев. С – омӯзиши фортификатсияҳо ва қалъаҳои қадимаи шимоли Тоҷикистон мебошад. Ин тадқиқотҳо ба фаҳмиши мо ҷиҳати сохтори низоми аҳди миёна ва қабилавии минтақа, инчунин таҳаввули стратегӣ- фортификатсионии шаҳрҳои қадимаи Суғд кӯмак мерасонанд. Бар замми ин ӯ  дар таҳқиқи  маъно ва нақши осори сарезишгоҳҳои таърихии минтақави ва нақши онҳо дар муносибатҳои минтақавӣ саҳмгузор будааст. Ҳангоми тадқиқотҳо устод, Марофиев С дастраси шарҳҳо ва ҳисоботҳои саҳроӣ низ таҳия карда, онҳо ҳамчун мундариҷаи илмӣ- амалӣ барои Осорхонаи таърихи вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳнагию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” хизмат кардаанд.

Гуфтан ба маврид аст , ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки дорои  якчанд коллексияҳои арзишманд аз соҳаҳои бостоншиносӣ ва таърих аст , ки соҳиби мероси фарҳангӣ ва марзиву маънавии минтақа мебошад. Осорхонаи таърихӣ барои нигоҳдорӣ ва тарғиби ёдгориҳои таърихӣ хизмат мекунад ва яке аз ниҳодҳои муҳими муҳофиз ва омӯзиши мероси ниёгон мебошад.

Зикр намуд, ки устод Марофиев Саид Шариф тавассути тавсияҳо, ҳисоботҳо ва дастовардҳои илмӣ ба ғанӣ намудани дӯстдорони таърих пешниҳод намудани маводҳои нодир саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Таълим , тарғиб ва рушди осорхонаи таърихӣ , ҳамчун маркази илмӣ – таълимӣ аз ҷумлаи кори иҷтимоӣ- илмии ӯ ба шумор мераванд.

Ҳамчунин, устод Марофиев Саид Шариф чун профессори бостоншиносии кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики факултаи таърих- ҳуқуқ ва ходими пешбари илмии Маркази илмӣ- тадқиқотии ЮНЕСКО-и Институти илмӣ- тадқиқотии ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Гафуров шинохта шудааст, ки ин дараҷаи илмӣ нишондиҳандаи эътирофи ҷамъиятӣ ва илмӣ мебошад. Фаъолияти  устод Марофиев . С дар таҳқиқи ёдгориҳои  таърихӣ, бахусус фортификатсияҳои шимоли Тоҷикистон, ба таҳқиқи асрҳои гузашта ва фаҳмиши беҳтар аз сохторҳои мудофиавӣ ва иҷтимоии он давраҳо кӯмак кардааст. Ҳамчунин , кори  ӯ дар рушди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба ҳифзи мероси таърихӣ ва тарғиби омӯзиши он ба аҳолӣ мусоидат кардааст.

Қобили зикр аст, ки Марофиев Саид Шариф ҳамчун муҳаққиқи бурдбор ва бостоншиноси соҳа аз ҷумла шахсиятҳое мебошад, ки соҳиби бузург дар таҳқиқи таърихи фортификатсионӣ ва рушди илмии осорхонаи таърихӣ мебошад. Фаъолияти ӯ намунаи ҳамкории илмии бостоншиносӣ ва фарҳанг мебошад, ки ба пешрафти диққати илмӣ ва иҷтимоӣ ба мероси таърихи халқи тоҷик мусоидат кардааст.

Қобили зикр аст , ки дар остонаи ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қарор дорем, бо камоли итминон метавон изҳор дошт , ки фаъолияти илмӣ ва касбии Марофиев Саид Шариф, яке аз пояҳои  устувори ташаккул ва рушди ин муассисаи фарҳагию таърихӣ ба шумор меравад. Хизматҳои ӯ на танҳо дар доираи тадқиқоти академӣ маҳдуд нашуда , балки ба  фаъолияти амалии осорхонаи таърихӣ бой гардонидани  захираҳои илмӣ ва  таҳкими нуфузи он ҳамчун маркази  муҳими илмию фарҳанию таърихӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

Хотиррасон  бояд шуд, ки устод Марофиев С. Ҳамчун бостоншинос ва таърихшинос дар омӯзиши  ёдгориҳои таърихӣ, бахусус фортификатсияҳо ва иншооти мудофиавии шимоли Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштаанд. Маҳз натиҷаҳои тадқиқотҳои  саҳроӣ, хулосаҳои илмӣ ва маводи мустанади  ӯ имкон доранд, ки бисёре аз ёдгориҳои то он замон камомӯзишёфта ба гардиши илмӣ ворид гардиданд ва дар экспозитсияҳо ва фонди осорхонаи таърихӣ мавқеи шоиста пайдо намудааст.

Хизматҳои ӯ  дар самти таҳияи тавсифҳои илмӣ, муайян намудани арзишҳои таърихию фарҳангии осор, маслиҳат ба кормандони осорхона ва саҳмгузорӣ дар сиёсати ҳифз ва муаррифии мероси моддӣ аҳамияти махсус доранд. Дар бисёр мавридҳо, маҳз тавассути дониши амиқ ва таҷрибаи касбии ӯ ашё ва ёдгориҳо аз як намунаи хомӯшии таърих ба манбаи зиндаи дониш барои ҷомеа табдил ёфтааст.

Метавон гуфт, ки устод Марофиев Саид Шариф ҳамчун намояндаи насли олимони содиқ ба илм ва фарҳангу таърих, дар тарбияи тафаккури илмӣ, эҳтиром ба мероси гузашта ва пайвастани тадқиқотҳои илмӣ ба фаъолияти осорхонаи таърихӣ нақши муҳим бозидааст. Фаъолияти ӯ ба осорхонаи таърихӣ имкон дод, ки на танҳо макони нигоҳдории осор, балки маркази тадқиқотӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ мебошад.

Аз ин рӯ, дар заминаи ҷашни 100- солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, номи неки устоди бостоншинос, таърихшинос Марофиев Саид Шариф ба ҳақ ҳамчун яке аз сутунҳои илмӣ ва маънавии осорхона, шахсияте, ки  бо заҳмат ва садоқати худ дар таҳкими пояҳои илмии он саҳм гузоштааст. Мо аҳли кормандон бо эҳтироми хосса аз ин шахсияти бузург  ёд мекунем.  Мероси ғании илмии ӯ имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надода, бароимуҳаққиқон, осоршиносон, бостоншиносон,  таърихшиносон ва тамоми дӯстдорони таърих ҳамчун сарчашмаи боэътимод ва арзишманди илмӣ хизмат мекунад. Осори  ӯ на танҳо дар омӯзиши гузаштаи халқу тамаддунҳо саҳми муҳим гузоштааст, балки барои таҳқиқоти минбаъда низ заминаи мустаҳкам  фароҳам меорад. Андешаҳо ва натиҷаҳои илмии ӯ то имрӯз роҳнамои пажӯҳишгарон буда , нақши  муосир дар рушди илми таърих ва бостоншиносӣ доранд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЁдгориҳои таърихӣ дар остонаи ҷашни 100- солагӣ
Scroll to Top