Бахши таътили зимистонаи солҳои 2025- 2026, ки мактаббачаҳо аз 31 декабр то 8 январ идома дорад, барои садҳо хонандагони макотиби вилояти Суғд имконият фароҳам овард, ки на танҳо истироҳат кунанд, балки дар фазои фарҳангиву таърихӣ низ фаъолият ва омӯзиш намоянд.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, яке аз муҳимтарин маркази фарҳангӣ ва таърихӣ буда , қисмати муҳими мероси ниёгони гузаштаро ҷамъоварӣ намудааст, ки ашёву маводҳо ва экспонатҳо он аз давраҳои пеш то замони муосирро дар бар мегирад.
Гуфтан ҷоиз аст , ки хонандагон бо шавқу завқи баланд аз осорхонаи таърихӣ дидан намуданд , ки роҳбалади муассисаи мазкур , аз толорҳои намоишӣ гузар карда, аз таърихи фарҳангӣ қадимӣ, зиндагии мардуми гузашта ва рушди падидомадҳои таърих маълумотҳои фаровон пешкаш намуд.


Ҳадафи асосии ин боздид шиносоӣ намудани наврасон бо ҳуҷҷатҳо, ашёҳои бостонӣ, таърихи гузаштагони халқи тоҷик ва мероси фарҳангии ниёгон буд. Боздиди осорхонаи таърихӣ на танҳо амали кардани вақт дар таътили зимистона, балки ба тарбияви маънавии хонандагон дар оянда таъсири муассири худро хоҳад гузошт, ки аз фарҳангу таърихи тамаддуни миллати тоҷик дарак медиҳад.
Ин иқдом на танҳо фарҳангсозӣ ва таълимӣ буда , балки ҳамчун як таҷрибаи арзишманд дар ташаккул, рушди завқ ва омӯзиши як таърихи зинда буда , эҳсосоти масъулияти миллии хонандагонро баланд мебардорад.
Қобили зикр аст , ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд- ганҷинаи хотираи таърихӣ , ки соли 2026 ҷашни 100- солагии худро истиқбол мегирад.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”