Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҲИСОБОТИ фаъолияти солонаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2025

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо Қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №190 аз 13.04.2015 Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуд.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Нӯмон Неъматов” ҳамчун муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ, “Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” ҳамчун муассисаи фарҳангӣ – фароғатӣ ва мавзеи таърихии хусусияти ҷумҳуриявидоштаи “Қалъаи Хуҷанд” буда, барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои сомонаи алоҳида, ки дар шабака бо суроғаи www.qalai-khujand.tj Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фаъолият менамояд.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 7 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2025, сенарияи вохӯрӣ ва конфиренсияи илмӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 7 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори умумии 359 адад ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногуни таърихӣ, ҳуҷҷатҳо, китобҳои дастхат, маводҳои замони муосир ҷамъоварӣ карда шуданд. Аз миқдори умумии ашё 78 адад ба маблағи 64995,00сомонӣ харидорӣ карда шуда, 134 адад ба фонди асосӣ, 225 адад ба фонди ёрирасонворид карда шуданд.

Ҷиҳати ҷиҳозонидани толорҳои намоишии “Қалъаи Хуҷанд” ва бо мақсади пешвози меҳмонони олимақом 50 адад экспонатҳо аз суратҳисоби махсуси муассиса харидорӣ карда шуд, ки аз ин миқдор 47 адад ба фонди асосӣ ва 3 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуд.

Миқдори умумии нигораҳои фонди осорхона 23306 адад буда, аз миқдори умумии экспонатҳо 17599 адад фонди асосӣ ва 5707 адад фонди ёрирасонро дарбар мегирад.

Аз тарафи ходимони илмии шуъбаи маъхаз нақшаи пуррагардонии фонди осорхона омода карда шуд. Экспонатҳои асосии соли 2024 қабул шуда, ба китоби воридотии асосӣ сабт гардид. Дар рафти баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар осорхона ва берун аз он аз фонди осорхона 1506 адад экспонат ба намоиш гузошта шуданд. Аксҳои фонди осорхона мунтазам ба тартиб дароварда шуда, аз рӯи хронология тақсимот карда шуда истодааст.

Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Султон Умаров – дар соҳаи илм”, “Чанд сухан оиди китобҳои чопи сангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Аз таърихӣ қолинбофии халқҳои Осиёи Миёна”, Намунаи санъати меъмории халқи тоҷик дар Қалъаи Хуҷанд”, Миниатюранигорӣ дар мероси хаттии тоҷикон” аз маводҳои фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, “Инъикоси ҳунарҳои мардуми дар ҳавлиҳои Қалъаи Хуҷанд” (Ҳавлии дӯзанда), “Маданият, илм ва адабиёти асри XI ибтидои асри XII”, “Санъати барелеф ва хусусиятҳои он”, “Зарфҳои нуқрагини давраи Суғдиён”, “Аз марҳилаҳои ҷумбишҳои сиёсии халқи тоҷик дар давраи Темур”, “Ҳифз ва нигаҳдории экспонатҳои фонди осорхона”, “Кундал – намунаи санъати миллӣ”, “Устанавление советской власти на територии Таджикистана”, “Аз таърихӣ санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”(аз толорҳои намоишии Қалъаи Хуҷанд)”, “Аз таърихи созҳои мусиқии миллати тоҷик” таҳия карда шуданд.

Ҳамасола дар Панҷекенти қадим экспедитсияи муштараки Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Осорхонаи Эрмитажи Санкт – Петербурги Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панҷакенти қадим таҳқиқоти бостоншиносӣ гузаронида мешавад, ки соли равон низ аз санаи 1 то 27 – уми август гузаронида шуд. Тибқи нақшаи кории Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои такмил додани дониши худ корманди илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Маҳмудов Нурулло ба ҳайси бостоншинос дар ҳафриёти муштараки Панҷакенти қадим иштирок намуд.

Аз ҷониби ходимони илмии осорхона оид ба ҳифзу нигаҳдории мероситаърихию фарҳангӣ ба рӯйхати мероси ҷаҳонии - 2026 ICOMOS дохил намудан ба лоиҳаи “Роҳи Абрешим: Долони Фарғона-Сирдарё” Қалъаи Хуҷанд “Кӯшки ҳокимнишин”-ро маълумоти муфассал омада ва пешниҳод намуданд.

Дар асоси накша – чорабинии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба як қатор экспонатҳои толори намоишии Қалъаи Хуҷанд QR – код аз ҷониби ходимони илмии осорхона бо се забон насб карда шуда, то ҳол насби ин QR – кодҳо идома доранд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти кормандон, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ ва сатҳи дониши кормандон, беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо аттестатсияи кормандон дар ду марҳила гузаронида шуд.

Дар ҷараёни аттестатсия фаъолияти касбии ҳар як корманд ҳамаҷониба арзёбӣ карда шуда, комиссия фаъолияти кормандонро аз рӯи нишондиҳандаҳои асосӣ, аз ҷумла иҷрои вазифаҳои хизматӣ, сатҳи масъулиятшиносӣ, малакаи касбӣ ва тавоноии эҷодиро таҳлил карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 4-маротиба конфронси илмӣ, 3-маротиба вохӯрӣ, 12-маротиба намоиш дар муассиса ташкил карда шуд.

Дар асоси шартнома донишҷӯёни курси IV факултети сиёсатшиносии ДДҲБСТ,донишҷӯёни курси IV Филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд, донишҷӯёни курси IV МД ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи шарқшиносӣ ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ факултаи забонҳои хориҷӣ таҷрибаи истеҳсолии худро дар осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида, донишҷӯён аз фаъолияти илмию фарҳангии муассиса аз наздик шинос шуда, бо тарзҳои ҳуҷҷатгузории шуъбаҳои осорхона, тарзи гузаронидани сайри илмӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ маълумотҳои кофӣ гирифтанд.

Дар ин давра теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 97548 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 23285 нафар тамошобинон аз осорхонаҳо ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 19898 нафартамошобинон 1687 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 77650 нафар буда, 10790 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”ҳайъати намояндагони вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайъати намояндагони вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эльза Пиньол, иштирокчиёни Форуми занон таҳти унвони “Наврӯз – иди занони ваҳдатсаро”, гурӯҳи меҳмонон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Руссия Минниханов Рустам Нургалиевич, ҳайъати намояндагони вилояти Витебски Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Витебск Дурнов В.В., ҳайъати намояндагони вилояти Тюмени Федератсияи Россия бо роҳбарии Раиси вилояти Тюмен Пентелеев А.В., ҳайъати намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии Директори МД Маркази рушди содирот ва пешбурди он “Кыргиз-экспорт” дар назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Такиров У.К., ҳайъати намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии Раиси вилояти Минск Кушнаренко А.И., ҳайъати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди варзиши Дзюдо, ҳайъати намояндагон ва иштирокчиёни XI Ярмаркаи байналмиллалии савдо “Суғд - 2025”, ҳайати намояндагони соҳаи сайёҳии вилояти Новосибирски Федератсияи Руссия, ҳайати гурӯҳи кории КИМ ҲХДТ бо роҳбарии Умеда Абдуллозода – муовини Раиси КИМ ҲХДТ дар Тоҷикистон, корвони сайёҳони мотоциклронони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳайати намояндагони ҶС “Уралгидромаш”и Федератсияи Русия, ҳайати намояндагон роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилояти Томски Федератсияи Руссия бо роҳбарии муовини губернатор оид ба сиёсати иҷтимоӣ Грузных Светлана Николаевна, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, сафири фавқулода ва Мухтори Шветсария Салман Бал, ҳайъати намояндагони соҳаи сайёҳии Тотористони Федератсияи Русия, сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чин Го Жигун, ҳайъати намояндагони Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати намояндагони сайёҳӣ ва Иттифоқи касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Руссия ва дигарон ташриф оварданд.

Аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо 7-ситора, ТВ “Азия”, ТВ “Синамо” доир ба фаъолияти муассиса мусоҳиба доир гардид. Ҳамчунин аз ҷониби хабарнигорони ТВ Суғд, Сафина, Синамо, СМ-1, Азия гузоришҳо аз фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” омода ва пахш гардид.

Кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ, пешбурди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, пурракунии экспозитсияҳои намоишӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, толорҳои намоиширо бо нигораҳои нав қабулшуда муҷаҳҳаз гардониданд.

Китобхонаи илмии маҷмаа фаъолияти пурсамар дошта, бо ҳамкории шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар ташкил ва баргузории вохӯриҳо ва созмон додани гӯшаҳои намоишии ҷашнвораҳо саҳм гузошта, ба сомонаи маҷмаа 298 адад ва рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ 99 адад мақола ва хабарҳои тозаи фарҳангӣ-таърихӣ ба табъ расонида шуд. Ба маъхази китобхонаи илмии маҷмаа 124 адад китобҳои илмию бадеӣ ворид гардид.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра ду нафар мудирони шуъбаҳои муассиса Мутрибахон Мамадҷонова ва Шарифахон Сайфиева ба гирифтани унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ноил гардиданд.

Дар саросари ҷумҳурӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии боғи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Сайри гули лола» гузаронида мешавад, ки баҳри сабз нигоҳ доштани боғҳои фарҳангӣ ва фароғати мусоидат мекунад. Озмун дар ду давр аз рӯи 8 номинатсия баргузор гардид.

Дар давраи вилоятии озмуни мазкур дар номинатсияи “Боғи беҳтарин” Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовори ҷои аввал гардида, бо дипломи дараҷаи I ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. Дар давраи ҷумҳуриявии озмун дар номинатсияи “Боғи беҳтарин” Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовори ҷои дуюм гашта, бо дипломи дараҷаи II ва мукофотпули қадрдонӣ карда шуд.

Дар ин давра дар мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ зиёда аз 562 480 адад гулҳои мавсимӣ аз қабилӣ виола, петуня, салвия, тагетис, катарантус, 1700 бех садбарг, 60 бех Тоҷихурӯс, 12 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 25 бех дарахти Павлония, 19 бех дарахти Каталпа, 60 бех дарахти Сафедор, 16 бех дарахти Бед, 1 бех дарахти Магнолия ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуданд. Дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуданд.

Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.


Нодира Олимова ҷонишини
омир оид ба корҳои илмии 
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲИСОБОТИ фаъолияти солонаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2025
Scroll to Top