Таърихи пайдоиши соли нави мелодӣ аз анъанаҳои қадим ва ҷашни ҷаҳонии имрӯза, ки беш аз 2- миллиард мардум дар панҷ қитъаҳои рӯйи замин соли навро ҷашн мегиранд.
Қайд намуд, ки таърихи соли нав чанд ҳазор сол тӯлонӣ ва печутобе дорад, вақте инсоният ҳанӯз тақвими ягонаи ҷаҳониро надошт, мардумони гуногун оғози солро дар айёми мухталиф таҷлил мекарданд. Аммо шакли муосири “Соли нав” он гуна ки имрӯз соли нави 2026- ро мо мешиносем аз бисёр ислоҳот, анъанаҳо ва муборизаҳои сиёсиву динӣ гузаштааст.
Бояд гуфт, ки сароғози маҳфуми “сол” дар тамаддунҳои қадим , оғози солро аз рӯйи табиат, киштзор, ҷамъоварии ҳосил ё ба гардиши Моҳу Офтоб муайян мекарданд. Масалан, агар ба таърих назар кунем, Бобилиёни қадим тақрибан 4000 сол пеш дар фасли баҳор ҷашни “Акиту”-ро ҳамчун оғози сол баргузор мекарданд. Яъне, калимаи “Акиту” аз забони шумерӣ гирифта шуда, маънояш шукуфтан ва буридани ҷав, ки дар баҳор барои мардум рамзи оғози давраи нави табиат будааст, ки 12- рӯз давом мекард. Мардум дар он маросимҳои мазҳабӣ, намоишҳои рамзӣ, расму ойинҳо ва шодию рақсу бозиро баргузор мекарданд.
Мардуми Мисри қадим бошад, соли наверо ба обхезии дарёи Нил рабт медоданд. Инчунин Юнониён ва Румиёни қадим низ солшумории солро аз Моҳтобу Офтоб истифода мебурданд. Ҳамин гуна давраҳо асос мешуданд ва инсоният дарк мекард, ки ҷашни сол бояд як рамзи навсозӣ, ҳаёти тоза ва оғози давраи нав бошад.
Зикр намуд, ки тақвими ҷорӣ бештар аз Рими қадим сарчашма мегирад, ки солшумории қадимии румӣ аз моҳи март оғоз мешуд ва фақат 10 моҳ дошт. Баъдтар подшоҳ Нума Помпилий моҳи январ худои ибтисолу анҷомҳоро ҳамчун оғози сол эълон кард, лек то он ки санаи 1-уми январ расман оғози сол гардад, асрҳо лозим шуд.
Метавон илова намуд, ки то асри I – и эраи мо Рим аз мушкилоти тақвимӣ ранҷ мекашид, ки моҳҳо ба мавсими воқеӣ мутобиқат намекарданд ва сиёсатмадорон бо илова ё ҳарфи рӯзҳо тақвимро ба нафъи худ тағийр медоданд. Соли 46- пеш аз мелод Ҷулий Сезор бо кӯмаки астрономҳои мисрӣ тақвими “Ҷулиан”-ро ҷорӣ кард. Ӯ санаи 1-уми январро оғози сол эълон намуд, зеро ин рӯз ба номи Худои Янус бахшида шуда, дар Рими қадим маросимҳои давлатӣ аз ҳамин з оғоз мегаштанд. Ин марҳила калиди ба ҳисоб мерафт, ки аз ҳамин ҷо санаи 1-уми январ тадриҷан ба рамзи оғози сол табдил ёфт.
Қобили зикр аст, ки бо паҳн шудани масеҳият калисо солҳои тӯлонӣ ҷашни соли навро қабул намекарданд, зеро он решаи бутпарастӣ дошт. Дар асрҳои миёна бисёр кишварҳои Аврупо соли навро дар рӯзҳои дигар таҷлил мекарданд, ба монанди 1-уми март, 25-уми март ё ҳатто дар идҳои мазҳабӣ.
Хотиррасон намуд, ки танҳо соли 1582 Папаи Рум Григорий-XIII тақвими нави “Григориан”-ро ҷорӣ кард, ки то имрӯз дар тамоми ҷаҳон истифода мешавад. Дар ин тақвим санаи 1-уми январ расман ҳамчун оғози сол муайян гардид. Бо қабул шудани он садҳо сол лозим шуд, ки кишварҳои Италия, Испания, Португалия ва Полша соли 1582, Олмон ва Британия асрҳои XVII-XVIII, давлатҳои Русия соли 1918 ва Чин бошад соли 1912 расман қабул намуданд, ки то имрӯз идома дорад.
Дар асри XX бошад, рушди саноат, нақлиёт ва воситаҳои хабарӣ , соли нав аз идҳои маҳдудгашта ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар ин давра шакли пешвозгирӣ ба соати шабонаи ҳисобкунии “00:00”, нишасти оилавӣ дар атрофи дастурхони ҷашнӣ бо буридани тортҳои ширинӣ, оростани арчаҳои солинавӣ, бобои барфи бо барфак, ивазкунии туҳфаҳо ё табрикотҳои солинавӣ ва барномаҳои солинавии радиову шабакаҳои телевизонӣ табдил ёфт. Давомнокии анъана ва истиқболи ҷашни соли нави мелодии 2026 барои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар заминаи ин анъанаҳои ҳазорсола таҷлил ва идома дорад. Новобаста аз таъриху фарҳанг, забон ё мазҳаб, мардуми ҳар кишвар аз Душанбе то Амрикову Русия, аз Токио то Париж бо орзуҳою ниятҳои нек ба соли нав қадам мегузоранд. Дар ин соли ҷашни бештар ба эҳтироми фарҳангу таърихи солшуморӣ, ифодаи ҳамбастагӣ дар шароити ҷаҳони муосир, рӯ овардан ба технологияҳои нав дар таҷлили ҷашнҳо ва тарғиби сулҳу ҳамзисти роҳандозӣ мегарданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли нав танҳо як сана дар тақвим нест, балки он натиҷаи ҳазорон сол тағийр, таҷриба ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор меравад. Он рамзми оғози тозагии зиндагӣ, умед ба ояндаи равшани ҳар миллат ва муттаҳидкунандаи кишварҳо, фарҳангу таърих ва миллатҳои гуногун мебошад.
Воқеан, дар соли нави мелодии 2026 вақте мо боз қадами устувор ба ин соли нави фархундапай мегузорем, дарвоқеъ идомадиҳандаи як сайёҳати тӯлонии тамаддунҳо ҳастем, ба он ки сайёҳати мо ҳамчун сайёҳ аз Бобил то Рим аз Миср то Аврупо ва аз асрҳои дур то ҷаҳони муосир расида бошад.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”