Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дастхатҳо ва ганҷинаҳои нодири адабиёти классикӣ дар муассисаи фарҳангӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Таърихи тамаддуни тоҷикон аз ҳазорсолаҳо иборат буда, ҳар давраи он дар оинаи осори хаттии аҷдодӣ боқӣ мондааст. Аз миёни ин ганҷинаҳои маънавӣ дастхатҳое ҷой доранд, ки на танҳо ҳуҷҷати замон, балки оинаи давлатдорӣ, ахлоқ ва хирадмандии гузаштагонро инъикос мекунад. 

Бале, мероси хаттии адабиёти классикии форсу тоҷик яке аз сутунҳои асосии тамаддуни миллӣ буда , имрӯз нигоҳдорӣ ва муаррифии ин ганҷинаҳо на танҳо вазифаи муассисаҳои фарҳангӣ, балки қарзи маънавии ҳар як фарди  соҳибфарҳанг мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар миёни нусхаҳои нодире, ки то замони мо расидаанд,  аз ҷумла дастхатҳои аслии  “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ, девони нусхабардории “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомии Ганҷавӣ ва  “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ ва дигаре, ки дар Хона- Музейи  Хоҷа Камоли Хуҷандии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” дар зери шиша нигоҳ дошта мешавад, ки хело мақоми  хоса доранд. Ин осорҳо бо хатти зебо, ороиши нозук ва муҳтавои пурғановат навишта шудаанд, ки гувоҳи  сатҳи баланди таърихиву фарҳангӣ  ва ҳунари хаттотии гузаштагонро доранд.

Ҳамзамон, яке аз бузургтарин осори безаволи ҷаҳон “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ низ дар шакли нусхабардории қадимӣ ва нодир то имрӯз ҳифз гардида, ҳамчун рамзи худшиносӣ ва ҳувияти  миллӣ арзёбӣ мешавад. Қобили зикр аст, ки  ҳар як саҳифаи ин китоб таърихи мубориза, шараф ва  ваҳдати мардумро бозгӯ мекунад.

Дигаре бошад, яке аз чунин ёдгориҳои нодир “Захират-ул- мулук” аст, ки ба номи орифи бузург ва мутафаккури шинохтаи асриXVIМир Саид Алии Ҳамадонӣ нисбар дода мешавад. Ин китоб , ки моҳияти сиёсию ахлоқӣ дошта, барои ҳокимон ҳамчун раҳнамоӣ хизмат мекард. Имрӯз дар толори намоишии “Ҳавзаи илмии адабии Хуҷанди”, Қалъаи таърихии Хуҷанд, ин ганҷинаи хаттӣ бо эҳтиёткории махсус зери шиша баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Ин тадбир барои ҳифзи осор  аз таъсири муҳити беруна ва таъмини бақои  дарозмуддати китобҳо андешида шудаанд.

Муқаддас будани чунин китобҳои нодир на танҳо ба арзиши илмӣ, балки ба нақши муҳимаш дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пайванди таърихии наслҳо зич алоқамандӣ доранд.

Зикр намуд, ки дар тӯли садсолаҳо осори хаттии фарҳанги тоҷикӣ, чун шоҳиди зиндаи таърихи ҳаёти маънавию иҷтимоии гузаштагонро ба мо мерасонад. Ин ганҷинаҳо бояд на танҳо ҳифз, балки ба наслҳои  ҷавон муаррифӣ гарданд, то пайванди  таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ устувор боқӣ монанд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesДастхатҳо ва ганҷинаҳои нодири адабиёти классикӣ дар муассисаи фарҳангӣ
Scroll to Top